АНДОЗИ ФОИДА ВА СУДИ САҲМИЯ
Тибқи иттилои Раёсати андози вилояти Суғд шумораи умумии супорандагони андоз аз фоида ба санаи 01.10.2018 дар миқёси вилоят 1263 ададро ташкил додааст, ки аз ин теъдод 1155 адад, ё ин ки 91.4 фоизи он эъломияи андоз аз фоида барои соли 2017- ро пешниҳод намудаанд. Дар ин давра иҷрои нақшаи андоз аз фоида дар вилоят дар ҳаҷми 105,8 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба нақша 18,9 млн. сомонӣ зиёд буда, афзоиши воридот нисбати ҳамин давраи соли гузашта 112,0 фоизро ташкил медиҳад. Иҷрои ин намуди андозро Нозироти андози шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Хуҷанд, Спитамен ва Б. Ғафуров таъмин накарданд, ки аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи беш аз 8,2 млн. сомонӣ ворид нагардидааст.
Жителям свердловской области простили долги по налогам
В 2018 году в рамках закона о налоговой амнистии свердловчанам списали задолженность на сумму 1 миллиард рублей. Об этом 19 октября сообщил начальник отдела урегулирования задолженности регионального Управления ФНС России Артем Балюра, передает «Уралинформбюро».
На 19 октября общая сумма задолженности по налогам на транспорт, имущество и землю составила 2,6 миллиарда рублей, при этом 1,8 миллиарда приходятся на транспортный налог. В начале 2018 года, по словам Балюры, задолженность была в два раза выше. Миллиард рублей был списан в рамках налоговой амнистии, еще полтора удалось вернуть с неплательщиков.
Прокуратура Эстонии начала расследование по жалобе браудера на Danske bank
Прокуратура начала расследование по жалобе международного финансиста и инвестора, основателя фонда Hermitage Capital Уильяма Браудера, который обвинил сотрудников эстонского отделения Danske Bank в содействии в отмывании денег, сообщила во вторник генеральный прокурор Эстонии Лавли Перлинг.
ТАДБИРҲОИ СУДМАНД
Бо супориши сардори Раёсати андоз дар ВМКБ бо мақсади ба танзим даровардани андоз аз воситаҳои нақлиёт ва таъмин кардани ронандагони мошинҳои мусофирбар бо патент дар шаҳри Хоруғ санҷиши навбатӣ доир шуд.
Воқеан, дар чанд соли охир масъалаи таъмини ронандагони мусофирбар бо патент ва ба қайд гирифтану аз қайд баровардани воситаҳои нақлиёти мусофиркаш барои кормандони нозироти андози шаҳр мушкилиҳо эҷод мекард. Кор то ба ҷое расид, ки ягон ниҳод ва ё муассисаи марбута оид ба шумораи нақлиёти гуногунтамға маълумоти дақиқ дар даст надошт. Ҳарчанд садҳо мошинҳои сабукраву боркашон дар давоми 30 соли охир аллакай ба оҳанпора табдил ёфта бошанд ҳам, вале аз қайди бозрасии давлатӣ бароварда нашуда буданд ва ҳамчун андозсупоранда ба шумор мерафтанд.
Нозироти андоз ҳангоми таҳияи нақша ин гурўҳи “андозсупорандагон”- ро низ ба инобат мегирифт, ки ин иштибоҳ боиси иҷро нашудани нақша мегардид. Моҳи сентябри соли равон ҳангоми сафари навбатии Пешвои миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мулоқот бо сокинони шаҳри Хоруғ аз фаъолияти ниҳодҳои гуногуни давлатӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба онҳо супориш дод, ки дар муддати як моҳ тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонунро дар шаҳри Хоруғ ба низом дароранд.
Камбудии ҷиддӣ дар риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз қайди давлатӣ саркашӣ намудани баъзе аз ронандагон ба мушоҳида расид. Ба мақсади аз байн бурдани ин камбудиҳо ва таҳкими волоияти қонун ситоди байниидоравӣ таъсис дода шуд, ки раёсати андози вилоят низ шомили он гардид. Дар ин муддат кормандони нозироти андози шаҳр низ дар ҳамкорӣ бо Бозрасии давлатии автомоболии Шуъбаи корҳои дохилии шаҳр дар амалиёти “Тартибот” ширкат намуда, дар давоми як моҳи охир 16 нафар ронандаи мошинҳои мусофирбарро, ки бидуни патент ба интиқоли мусофирон машғул буданд, ошкор карда, ба онҳо ҳамчун соҳибкори инфиродӣ патент дода шуд.
Тадбирҳои судманд имконият доданд, ки нозироти андози шаҳр нақшаи андоз аз воситаҳои нақлиётро дар моҳи октябр 200 фоиз таъмин кунад.
Яке аз омилҳои дигари иҷрои нақшаи ин намуди андоз корҳои фаҳмондадиҳӣ ба ҳисоб меравад. Дар айни ҳол худи шахсони воқеӣ довталабона ба бинои нозироти андоз омада, худро сабти ном мекунанд ва ё доир ба дигар масъалаҳои марбут ба пардохти андоз маслиҳат мепурсанд.
Фахриддин МУҲИДДИНОВ,
садори нозироти андоз дар шаҳри Хоруғ