Пешгирии қонунвайронкуниҳо
Назорати камералӣ шакли назорати андоз буда, аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси омӯзиш ва таҳлили ҳисоботи андози пешниҳоднамудаи андозсупоранда, маълумоти мақоми ваколатдор ва дигар ҳуҷҷатҳо дар маҳалли ҷойгиршавии мақомоти андоз анҷом дода мешавад.
Андозбандии воситаҳои нақлиёт
Мутобиқи муқаррароти моддаи 28 ва 263 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади назорати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва назорати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд" аз 31.08.2012, №451, инчунин санҷиши дурустии ҳисоб ва пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт, ҳолати бақайдгирӣ ва андозбандии иҷораи воситаҳои нақлиёт ва дар мӯҳлатҳои муқарраргардида аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузаштани воситаҳои нақлиёт, дар асоси Фармони муштараки Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.09.2014 Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти андози вилояти Суғд барои гузаронидани санҷиши амалиётӣ дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сафарбар карда шуданд.
ҲОЛАТИ НОСОЗ
Бақияпулиҳои қарзи андоз дар ноҳияи Қубодиён дар айни замон 6 миллиону 594 ҳазору 676 сомониро ташкил медиҳанд. Барои ба вазъи андозсупории якчанд хоҷагию корхона аз наздик ошно шудан аз онҳо дидан ба амал овардем.
Ҳамроҳи сармутахассиси бахши ситонидани қарзи андозҳои нозироти андоз Орзу Алимзода бо сардори хоҷагии деҳқонии «Бобои Сангин» Гулбаҳор Сангинова, ки қарзи андозаш 80 ҳазор сомониро ташкил медиҳад , вохӯрдем. Раиси хоҷаги баҳона пеш овард, ки ҳоло маблағ надораду ҳамин,ки имконият пайдо шавад, қарзҳояшро мепардозад.
Таъмини фаъолияти шаффоф
23 - юми ноябри соли 2018 дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода, муовини сардори Раёсати санҷиши андозҳои Кумитаи андоз Абдусалом Раҳимзода, сардори шуъбаи назорати фаврии Раёсати санҷиши андозҳо Маҳмадсаид Давлатзода ва намояндагони ҶДММ «Фароз-пардохт» ҷаласаи корӣ баргузор гардид.



