Корҳои фаҳмондадиҳӣ
23 ноябри соли 2018 дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Маликзода, сардори шуъбаи Раёсати ташкили андозбандӣ Собирҷон Исоев ва роҳбарону сармуҳосибони бозорҳо ва ширкатҳои мусофиркашонии шаҳри Душанбе семинар - машварат баргузор гардид.
Эъломияи андоз ва тартиби пешниҳоди он
Дар Раёсати андоз дар вилояти Хатлон дар мавзӯи «Ҳолати тартиби пешниҳоди эъломияи андоз аз арзиши иловашуда ва таҳияи дурусти навишти ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо, аз ҷумла шаклҳои содакардашуда бо тарзи электронӣ» семинар-машварати корӣ баргузор гардид.
НИГАРОНӢ
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Прокуратураи вилояти Суғд бо иштироки Раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳуқуқу тартибот доир гардид. Дар ҷаласа дар бораи ҳифз ва самараноку оқилона истифода бурдани замин, бахусус заминҳои чарогоҳ ва фонди ҷангал, инчунин асоснокии қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба ҷудо ва вобаста кардани қитъаҳои замин, масъалаҳои вобаста ба раванди иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ, риояи қонунгузории андози кишвар дар соҳаи кишоварзӣ ва андозбандӣ дар ин самт баррасӣ гардиданд.
Пешгирии воридоти маҳсулоти зераксизӣ
Пешгирии қонувайронкуниҳои андоз ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни андозсупорандагон, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти андоз ба ҳисоб меравад. Тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғаҳои аксизӣ ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ буда, дорои дараҷаи муайяни муҳофизат мебошанд. Тартиби таҳия ва муомилоти онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда, тартиби гузоштани тамғаҳои аксизӣ ба маҳсулоти зераксизӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар мегардад.



