Пешгирии воридоти маҳсулоти зераксизӣ
Пешгирии қонувайронкуниҳои андоз ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни андозсупорандагон, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти андоз ба ҳисоб меравад. Тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғаҳои аксизӣ ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ буда, дорои дараҷаи муайяни муҳофизат мебошанд. Тартиби таҳия ва муомилоти онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда, тартиби гузоштани тамғаҳои аксизӣ ба маҳсулоти зераксизӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар мегардад.
Фарқият дар нишондодҳо
Дар натиҷаи амалиёти Гурӯҳи корӣ, ки тибқи Амрномаи Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани санҷиши асоснокии маълумоти дар замимаҳои эъломияҳои андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) дарҷшуда ба чанд корхона сафарбар гардид, камбудиҳои аз ҳисоби фарқияти бақияи молу маҳсулоти дар анборҳо дар қиёс ба ҳисоботи андозии пешниҳоднамудаи ҷамъиятҳо бавуҷудомада бартараф шуданд.
БОҶ БАРОИ ТЕЛЕВИЗОР
Дар замони рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ ва техникаи муосир баъд аз мутолиаи чунин хабар сокинони кишварамон, албатта, ангушти ҳайрат мегазанд, зеро телевизори сиёҳу сафед кайҳо аз байн рафта, ҷойи онро дар зиндагиашон телевизорҳои наву замонавии ранга гирифтаанд. Аммо дар кишвари мутараққии Британияи Кабир истифодаи телевизори сиёҳу сафед то ҳол як ҳодисаи муқаррарӣ аст. Сабаб чист?
Баҳри дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ
Мутобиқи талаботи моддаҳои 22 ва 72 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади назорати андоз, муайян намудани фарқ дар эъломияҳои андоз, нишон додани ҳаҷми таҳвили молу маҳсулот, шумораи коргарон, музди миёнаи моҳона, асоснокии бақияи молу маҳсулоти мавҷуда ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ Гурӯҳи корӣ ба шаҳри Ҳисор сафарбар гардид.



