Ватанро дигар қисмат макун!
Ватан, модар, миллат ин вожаҳо мафҳумҳое мебошанд, ки таҷассумгари меҳру муҳабат, садоқату матонат, нангу номуси нафақат шахсеро, балки дар давраҳои гуногун ифодагари хусусиятҳои хислати аҷдодӣ, тамаддуну таърих ва соҳибфарҳангии ҳар як қавму миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Мақсад - ислоҳи камбудиҳо
Мутобиқи маълумоти барномаҳои иттилоотии андоз, аз ҷумла шуъбаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ноҳияи Панҷ ба санаи 01.10.2018 6230 субъекти соҳибкорӣ (1067 соҳибкори тибқи патент амалкунанда, 95 соҳибкори дар асоси шаҳодатнома амалкунанда, 4899 хоҷагии деҳқонӣ ва 169 адад шахси ҳуқуқӣ) фаъолият менамоянд, ки на ҳамаи онҳо қонунгузории андозро риоя карда истодаанд. Аз ин рӯ, нисбати 27 нафар андозсупоранда тибқи талаботи моддаҳои 601, 614, 615, 617 ва 618 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, онҳо ба маблағи 65500 сомонӣ ҷарима шуданд.
Маблағҳои пинҳоншуда ошкор гардиданд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба соҳибкорон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои онҳо баҳри баланд бардоштани рушди соҳибкорӣ дар кишвар як қатор имтиёзҳоро фароҳам оварда шудааст.
Кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати пешгирӣ намудани қонуншиканиҳои андозӣ миёни соҳибкорон, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонанд. Аз нозироти андози ноҳия ба мо иттилоъ доданд, ки ба санаи 1-уми ноябри соли 2018 дар нозироти андози ноҳия 234 нафар соҳибкори тибқи патент фаъолияткунанда ва 105 нафар соҳибкори тибқи шаҳодатнома амалкунанда ба қайд гирифта шудаанд.
Амвол меафзояду андоз не. Чаро?
Ҳанӯз 28 апрели соли 2017 баъди ба имзо расидани Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти рақами 192 «Оиди баҳисобгирии (инвентаризатсияи) объектҳои молу мулки ғайриманқул қитъаҳои замин ва воситаҳои нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ» дар яке аз ҷаласаҳои Мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардида буд, ки муҳлати ниҳоии чорабинии мазкур то 1 январи соли 2019 муқаррар гардидааст.



