wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Декабри 2018
Чоршанбе, 12 Декабри 2018 00:00

Нишондоди МНХ ва эъломияҳо

   22-юми ноябри соли равон дар Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе бо иштироки сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе Додхудо Абдуллозода, мутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони раёсат Заррин Баҳронбоева ва соҳибкорони ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Сино семинар-машварат баргузор гардид.

   Дар семинар-машварат ҳолати истифодабарии мошини назоратӣ-хазинавии дорои таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ (МНХ-и дорои ТИЭ) ва номутобиқатиҳои ҷойдошта байни нишондоди МНХ бо эъломияҳои андоз мавриди баррасӣ қарор гирифт.

   24 -уми ноябри соли 2018 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб роҳпаймоии идона баргузор гардид.

Чоршанбе, 12 Декабри 2018 00:00

Чорабиниҳои судманд

   Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи чархи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иштироки намояндагони вазорату кумитаҳо, мақомоти қудратӣ, ташкилоту муассисаҳо, васоити ахбори омма ва ҷалби ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён мизи мудаввар доир гардид.

Чоршанбе, 05 Декабри 2018 00:00

Даҳ моҳи пурзаҳмат

   Дар мақомоти андоз дар вилояти Хатлон натиҷаҳои фаъолияти даҳмоҳаи кормандони соҳа ҷамъбаст гардид. Иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ин давра ба андозаи 101,3% таъмин гардид. Ба ҷойи 1 миллиарду 70 миллиону 825 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет 1 миллиарду 846 миллиону 911 ҳазор сомонӣ ворид шуд. Ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 13 миллиону 866 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2017 воқеан ҷамъоваригардида ба андозаи 98 миллиону 502 ҳазор сомонӣ ё худ 10% бештар мебошад.

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF