wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Декабри 2018
Чоршанбе, 05 Декабри 2018 00:00

Бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ

   Тоҷикистон баъди соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ ба мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ шуд. Зеро кишвар ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсие, ки кишвари моро фаро гирифта буд, боиси хисороти азими иқтисодӣ ва гузашта аз ин, фалаҷ шудани иқтисодиёт ва коҳиши бесобиқаи нишондиҳандаҳои тамоми соҳаҳо гардид.

Чоршанбе, 05 Декабри 2018 00:00

Манбаъҳои нави андозбандӣ муайян шуд

Дар асоси Амрномаи сардори Нозироти андозсупорандагони калон аз 10.10.2018, №124 бо мақсади гузаронидани санҷиши амалиётии андозҳо нисбати андозсупорандагони калон Гурӯҳи корӣ ба шаҳри Ҳисор сафарбар гардид.

Тавре сардори Нозироти андозсупорандагони калон Абдулқаюм Воҳидов иброз дошт, бо вуҷуди он ки дар қонунгузории андоз як қатор имтиёзу сабукиҳо баҳри беҳтар сохтани муҳити корӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ роҳандозӣ гардидааст, вале аз ҷониби баъзе субъектҳо қонуншиканию пинҳонкориҳо ба мушоҳида мерасанд. Аз ин хотир гурӯҳҳои кории мақомоти андоз дар ин самт амалиёт мегузаронанд, ки дар натиҷа як қатор пинҳонкорию қонуншиканиҳо ошкор мешаванд.

Чоршанбе, 05 Декабри 2018 00:00

Самараи корҳои фаҳмондадиҳӣ

   Нозироти андози шаҳри Хоруғ нақшаи қисми даромади буҷаи маҳаллиро дар 10 моҳи соли равон 110 фоиз таъмин намуд. Илова бар нақша 320 ҳазор сомонӣ ба буҷа ворид шуд. Яке аз омилҳои сари вақт ва барзиёд иҷро кардани нақшаи қисми даромади буҷет ин самаранок ба роҳ мондани корҳои тавзеҳотӣ ва мулоқоти мустақим бо андозсупорандагон мебошад. Бо сардори Нозироти андоз дар шаҳри Хоруғ Фахриддин Муҳиддинов суҳбате анҷом додем, ки онро пешкаш мекунем.

Чоршанбе, 05 Декабри 2018 00:00

Фаъолият таҳти назорат

   Мувофиқи маълумот иҷрои нақшаи андоз аз арзиши иловашуда дар вилояти Суғд дар 9 моҳи соли ҷорӣ 104,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ 219,9 млн. сомонӣ ворид шуд. Нақшаи ин намуди андоз дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Исфара, Зафаробод, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов таъмин нашуд, ки аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 8 млн. сомонӣ ворид нагардид.

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF