ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Раёсати андози вилояти Суғд дар мавзӯи «Пешвои миллат-наҷотбахши Тоҷикистон. Роғун-ояндаи миллат» конфронс доир гардид. Дар конфронс ҳамаи кормандони Раёсати андоз, Шуъбаҳои НАМ ва НАК дар вилояти Суғд ширкат доштанд.
Парчам рамзи садоқат
Парчами давлатии Тоҷикистон дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ, нишонаи соҳибихтиёрии давлат, рамзи Истиқлолияти давлатӣ, дӯстиву бародарии ҳамаи халқу миллатҳои кишвар ба шумор меравад. Парчам рамзи садоқату рафоқат, шаъну шараф ва таҷассусгари ифтихору ору номуси ватандорист.
Пешвои миллат - наҷотбахши Тоҷикистон
Дар марҳалае, ки фарзанди шарафманд ва бонангу номуси халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба ба ҳайси роҳбари давлат интихоб гардид, халқи тоҷик нав Истиқлолияти давлатии хешро ба даст оварда, рӯзҳои мудҳиштарини ҷанги шаҳрвандиро паси сар мекард. Ҷанги хонумонсӯз ва низои байни тоҷикон Тоҷикистонро ба талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ дучор кард.
Дар Ӯзбекистон андозҳоро паст ва маоши кормандони буҷетиро баланд мебардоранд
Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, консептсияи сиёсати андоз ва буҷет, инчунин лоиҳаи буҷети давлатиро барои соли 2019 тасдиқ намуд.
Дар ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки аз соли 2019 сар карда дар Ӯзбекистон бори нахуст фишанги банақшагирии миёнамуҳлати буҷет бо роҳи тасдиқсозии буҷети давлатӣ дар соли дарпешистода ва дурнамои буҷетӣ барои солҳои минбаъдаро амалӣ мегардонад.



