Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
26.12.2019, шаҳри Душанбе
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад.
Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.
Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд.
Баррасии масоили идоракунии молия
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия, кафедраи молия ва Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Молия» ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз дар мавзӯи «Масоили мубрами идоракунии молияи давлатӣ: ҷанбаҳои миллӣ ва минтақавӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ ректори таълимгоҳ Шукрулло Хайрзода ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки низоми идоракунии молияи давлатӣ дар шароити соҳибистиқлолии кишвар ба як низоми устуворе табдил ёфтааст, ки дар таъмини самаранокии сиёсати молиявӣ, аз он ҷумла сиёсати фискалӣ, назорати молиявии давлат, рушди бозори коғазҳои қиматнок, суғурта, дастгириҳои молиявии соҳибкорӣ хизмат менамояд.
- Ислоҳоти низоми молиявию қарзӣ, ки дар солҳои охир дар мамлакат оғоз гардидааст, талаботро нисбат ба малакаи кадрҳои соҳаи молия ҷиддитар кардааст. Аз ин рӯ, дар назди ҳайати профессорону омӯзгорони таълимгоҳ масоили зарурати баланд бардоштани сифати таълим ва дар ин замина, омодасозии мутахассисони соҳибкасб дар мадди аввал меистад ва онҳо мекӯшанд, ки бо фаъолияти пурсамари хеш ба рушди молияи мамлакат бо тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа ва ҳалли муаммоҳои илмии молиявӣ саҳм гузоранд, - гуфт ректор.
Баъдан намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскаралӣ Баротов баромад карда, иброз дошт, ки идоракунии устувори молияи давлатӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, барои татбиқи самараноки онҳо корҳо босуръат идома доранд. Ҳангоми гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ сохтори низоми молиявии кишвар куллан тағйир ёфта, муносибатҳои нави молиявӣ, пеш аз ҳама, идоракунии устувори молияи давлатӣ, афзоиши даромади буҷет, такмили низоми андозбандӣ, шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет, нигоҳ доштани вазъи муътадили маблағгузории буҷет, ташкили бозори коғазҳои қиматнок ва ғайраҳо равиши навро дар ин низом ба миён оварданд.
Сипас, муовини сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Муқаддасзода дар мавзӯи «Шарикии давлат ва бахши хусусӣ - омили паст кардани фишор ба хароҷоти буҷети давлатӣ» маърӯза кард. Мавсуф аҳамияти тақвияти шарикии давлат ва бахши хусусиро барои рушди иқтисодиёт муҳим дониста, қайд намуд, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ барои паст кардани хароҷоти давлатӣ ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ мустаҳкам мегардад.
Дар чамъомад, ҳамчунин, мушовири раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назулло Абибуллоев дар мавзӯи «Пешбурди сиёсати монетарӣ ва низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан гуфт. Мавсуф низоми бонкии кишварро таҳлил карда, қайд намуд, ки бо мақсади боло бардоштани саводнокии молиявӣ дар байни аҳолӣ иқдоми фарогирии молиявӣ роҳандозӣ гардидааст. Он имкон медиҳад, ки аҳолӣ ба ин восита низоми молиявии оилавиашонро ба танзим дароранд ва аз хизматрасониҳои электронии бонкӣ ба таври васеъ истифода кунанд.
Дар конференсия, инчунин, масъалаҳои таъсири омилҳои беруна ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва низоми молияи мамлакат, таъминоти молиявии истифодабарии иқтидори содиротии кишвар, механизми молиявӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт, сиёсати молиявии давлатӣ ва маҳаллӣ баррасӣ гардиданд.
Машҳура АБДУЛЛОЕВА
Мусоидат ба такмили донишҳо
Беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, мақсаднок анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳию тавзеҳотӣ, аз ҷумла гузаронидани семинар-машваратҳо, вохӯрию суҳбатҳо ва таҳияи намоишҳо, тавре мушоҳида мешавад, дар баланд гардидани фарҳанги андозсупорандагон ва такмил ёфтани дониши ҳуқуқии онҳо мусоидат карда истодаанд. Кормандони мақомоти андоз ҳамарӯза кӯшиш карда истодаанд, ки робитаро бо андозсупорандагон зич намоянд.
Вобаста ба ин, мутахассисони шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андози шаҳри Душанбе бо андозсупорандагон доир ба қонунгузории андозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе ҳамарӯза семинар- машвартҳо баргузор менамоянд.
Рӯзи 6 декабри соли 2019 дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Автоколонаи 2927” бо ишитроки кормандони мақомоти андози шаҳри Душанбе ва масъулону андозсупорандагони ҷамъият семинар-машварат баргузор гардид.
Дар оғози семинар - машварат сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андози шаҳри Душанбе Илҳом Муродҳусейнов қайд кард, ки ташкили чунин вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба андозсупорандагон бо мақсади сарфа намудани вақти андозсупоранда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар ҳисобу пардохти андозҳо мебошад. Таъкид шуд, ки ҳангоми ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан аз бақайдгирии давлатӣ гузаштан ҳатмӣ мебошад. Барои бе қайди давлатӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаримаҳои маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
Инчунин, вобаста ба пешниҳоди дурустии эъломияҳо ва пардохти андозҳо зикр шуд, ки аз оғози моҳи майи соли 2018 Кумитаи андоз дар доираи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани кортҳои пардохтии бонкӣ” аз 31 декабри соли 2014 таҳти №815 хизматрасонии эквайренгиро мавриди истифода қарор дод. Бо мавриди истифода қарор додани тартиби мазкур, шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ имконият доранд, ки бо истифода аз чунин хизматрасонӣ тавассути кортҳои пардохтӣ маблағҳои андозҳоро дар шакли ғайринақдӣ ба буҷет пардохт намоянд.
Дар идомаи семинар-машварат сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андози шаҳри Душанбе Ҷамолиддин Зокирзода изҳор кард, ки аз моҳи декабри соли 2017 дар Бахши иттилоотии Кумитаи андоз Системаи мултимедияи “Контакт-сентр” – Avaya” мавриди истифода қарор гирифтааст, ки он дорои имкониятҳои бақайдгирӣ, сабт ва нигоҳдории тамоми гуфтаҳои телефонӣ ва таъмини дар навбат нигоҳ доштани занги муроҷиаткунандагон буда, барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба онҳо ва бештар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ нигаронида шудааст. Илова бар ин, ҷиҳати баланд бардоштани тафаккури андозсупорандагон дар муносибатҳои андозӣ, дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳои мақомоти андоз ба андозсупорандагон ва маҳдуд намудани омилҳои номатлуб дар рафти хизматрасониҳо, дар асоси Фармоиши Кумитаи андоз аз 12.07.2017, таҳти №316 “Стандарти ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон” (СЯХА) дар таҳрири нав қабул ва дар шакли ҷадвали тасдиқгардида 74 намуди Стандартҳои хизматрасонии мақомоти андоз муқаррар гардидааст.
Ҳамчунин, дар ҷамъомад таъкид шуд, ки мувофиқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2012 таҳти №451 дар масъалаи уҳдадориҳои бозорҳо ва марказҳои савдо ҳангоми бастани шартномаҳо бо шаҳрвандон, масъулони бозорҳо ва марказҳои калони савдо, ки бо субъектҳои соҳибкорӣ шартномаи иҷора ба имзо мерасонанд, уҳдадор мебошанд, ки ҳар семоҳа ба мақомоти андози маҳалли қайди худ оид ба чунин субъектҳо, масоҳати фаъолият бо нишондоди раста ва ҷойи фаъолият маълумотро ба таври электронӣ пешниҳод намоянд. Фармоиши Раиси Кумитаи андоз аз 24.07.2019 дар бораи ихтисор кардани гурӯҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони бо патент фаъолияткунанда низ ба иштирокчиён шарҳ дода шуд. Қайд гардид, ки мақсади фармоиши мазкур дахолат накардани кормандони мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорон, халалдор накардан дар самти пардохти маблағҳои патент мебошад. Таъкид шуд, ки барои сари вақт насупоридани андозҳо барнома фоизҳо ҳисоб менамояд ва ҳамчунин гурӯҳҳои доимоамалкунанда корҳои назоратӣ мебаранд ва дар сурати бе қайди давлатӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан нисбати соҳибкорон дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима татбиқ мегардад.
Дар охир муовини директори ҶСК “Автоколонаи 2927” аз номи кормандон ва соҳибкорони ҷамъият ба роҳбарияти мақомоти андоз барои ташкили семинар – машварат минатдории хешро баён намуд.
Неъматулло ЗОИРЗОДА
Нангу номусу ифтихори миллӣ мебояд
Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва Истиқлолияти давлатӣ расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони кишварамон бояд онҳоро сармашқи зиндагию фаъолияти худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мамлакати воқеан ободу пешрафтаро метавон бунёд кард. Эҳтиром ва гиромидошти арзишҳои милливу давлатии Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд асос ва ҷавҳари тарбияи ватандӯстиву худогоҳии ҷавононро ташкил намояд.