wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Декабри 2019
Сешанбе, 24 Декабри 2019 00:00

Баррасии масоили идоракунии молия

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия, кафедраи молия ва Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Молия» ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз дар мавзӯи «Масоили мубрами идоракунии молияи давлатӣ: ҷанбаҳои миллӣ ва минтақавӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ ректори таълимгоҳ Шукрулло Хайрзода ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки низоми идоракунии молияи давлатӣ дар шароити соҳибистиқлолии кишвар ба як низоми устуворе табдил ёфтааст, ки дар таъмини самаранокии сиёсати молиявӣ, аз он ҷумла сиёсати фискалӣ, назорати молиявии давлат, руш­ди бозори коғазҳои қиматнок, суғурта, дастгириҳои молиявии соҳибкорӣ хизмат менамояд.

- Ислоҳоти низоми моли­явию қарзӣ, ки дар солҳои охир дар мамлакат оғоз гар­дидааст, талаботро нисбат ба малакаи кадрҳои соҳаи молия ҷиддитар кардааст. Аз ин рӯ, дар назди ҳайати профессорону омӯзгорони таълимгоҳ масоили зарурати баланд бардоштани сифати таълим ва дар ин зами­на, омодасозии мутахассисони соҳибкасб дар мадди аввал меистад ва онҳо мекӯшанд, ки бо фаъолияти пурсамари хеш ба рушди молияи мамлакат бо тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа ва ҳалли муаммоҳои илмии молиявӣ саҳм гузоранд, - гуфт ректор.

Баъдан намояндаи Ва­зорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскаралӣ Баротов баромад карда, иброз дошт, ки идоракунии устувори молияи давлатӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, барои татбиқи самарано­ки онҳо корҳо босуръат идома доранд. Ҳангоми гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ сохтори низоми молиявии кишвар кул­лан тағйир ёфта, муносибатҳои нави молиявӣ, пеш аз ҳама, идоракунии устувори моли­яи давлатӣ, афзоиши даро­мади буҷет, такмили низоми андозбандӣ, шаффофият ва баланд бардоштани самара­нокии хароҷоти буҷет, нигоҳ доштани вазъи муътадили маблағгузории буҷет, ташкили бозори коғазҳои қиматнок ва ғайраҳо равиши навро дар ин низом ба миён оварданд.

Сипас, муовини сардо­ри Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Муқаддасзода дар мавзӯи «Шарикии давлат ва бахши хусусӣ - омили паст кардани фишор ба хароҷоти буҷети давлатӣ» маърӯза кард. Мавсуф аҳамияти тақвияти шарикии давлат ва бахши хусусиро ба­рои рушди иқтисодиёт муҳим дониста, қайд намуд, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ барои паст кардани хароҷоти давлатӣ ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ мустаҳкам мегардад.

Дар чамъомад, ҳамчунин, мушовири раиси Бонки мил­лии Тоҷикистон Назулло Аби­буллоев дар мавзӯи «Пеш­бурди сиёсати монетарӣ ва низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан гуфт. Мав­суф низоми бонкии кишварро таҳлил карда, қайд намуд, ки бо мақсади боло бардоштани саводнокии молиявӣ дар бай­ни аҳолӣ иқдоми фарогирии молиявӣ роҳандозӣ гардидааст. Он имкон медиҳад, ки аҳолӣ ба ин восита низоми молиявии оилавиашонро ба танзим да­роранд ва аз хизматрасониҳои электронии бонкӣ ба таври васеъ истифода кунанд.

Дар конференсия, инчунин, масъалаҳои таъсири омилҳои беруна ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва низоми молияи мам­лакат, таъминоти молиявии истифодабарии иқтидори со­диротии кишвар, механиз­ми молиявӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт, сиёсати молиявии давлатӣ ва маҳаллӣ баррасӣ гардиданд.

Машҳура АБДУЛЛОЕВА

Бо мақсади бақайдгирӣ ва назорати иҷрои талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд» ва дарёфти манбаъҳои иловагии андозбандӣ, Гурӯҳи кории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе санҷиши амалиётӣ анҷом дод.

Хотиррасон мешавем, ки мақсади асосии фаъолияти Гурӯҳи корӣ таъмини иҷрои нақшаи воридоти андозҳо аз ҳисоби соҳибкорони инфи­родии тибқи патент фаъоли­яткунанда ба ҳисоб мерафт ва аз ин рӯ, он фаъолияти худро бештар ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ирсол намудани огоҳиномаҳо ба суроғаи андозсупорандагони қарздор ва воридоти маблағи андозҳо аз ин ҳисоб равона намуда буд.

Тибқи иттилои мутахассиси шуъбаи ташкили андозбандӣ аз рӯи низомҳои махсус ва амволи Раёсати ташкили андоз­бандии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Акобир Садриддинов дар рафти фаъолият ба суроғаи зисти 1945 нафар соҳибкори бо патент фаъолияткунандаи қарздор, ба маблағи 7013,8 ҳазор сомонӣ огоҳиномаҳо ирсол ва аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 874,7 ҳазор сомонӣ бақияпулиҳои патент ворид гардидааст.

Дар натиҷаи гузарони­дани корҳои назоратию фаҳмондадиҳӣ 145 адад субъ­екте, ки бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буданд , ба қайди давлатӣ гирифта шуданд ва аз ин 22 нафар соҳибкори ин­фиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ва 123 на­фар соҳибкори инфиродии дар асоси патент амалкунанда ме­бошанд, ки маблағи моҳонаи онҳо 53,6 ҳазор сомониро таш­кил дода, пурра ба буҷет руё­нида шуд.

Дар ин давра, барои риоя на­кардани талаботи қонунгузории андоз нисбати 27 нафар соҳибкор тибқи талаботи Ко­декси ҳуқуқвайронкунии маъ­мурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 43,1 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ шуда, дар рафти фаъолияти Гурӯҳи корӣ воридоти 22,3 сомонии он ба буҷет таъмин гардид. Ғайр аз ин, дар натиҷаи гузаронидани корҳои назоратию таҳлилӣ бино бар мутобиқ набудани гурӯҳи фаъолият ва аз ҳисоби зиёд будани нуқтаи савдо нис­бати 8 нафар соҳибкори инфи­родии тибқи патент фаъолият­кунанда ба маблағи 97,4 ҳазор сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҳисоб ва пардохти 16,5 ҳазор сомонии он ба буҷет таъмин шуд.

Бо дарназардошти мутобиқ набудани гурӯҳи фаъолият ба талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 30 нафар соҳибкори дар асоси патент фаъолияткунанда ҷиҳати гузаштан ба шаҳодатномаи соҳибкорӣ огоҳиномаҳо да­страс гардида, 12 адади он аз патент ба шаҳодатномаи соҳибкорӣ гузаштанд ва кор дар ин самт идома дорад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар моҳи ноябри соли 2019 маблағи воридоти андозҳо аз ҳисоби соҳибкорони инфиро­дии тибқи патент фаъолият­кунанда дар Нозироти андози ноҳияи Фирдавсӣ 3148,9 ҳазор сомонӣ буда, новобаста аз корҳои анҷомдодаи Гурӯҳи корӣ иҷрои нақшаи пешбини­шуда дар ҳаҷми 82,0 фоиз таъ­мин шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 566,1 ҳазор сомонӣ кам мебошад

Масъалаи ташвишоваре, ки дар нозироти андози ноҳияи мазкур мушоҳида мешавад, ин давра ба давра зиёд гардидани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз аз ҷониби андозсупорандагон мебошад. Мутобиқи махзани маълумот ба ҳолати 1 дека­бри соли 2019 бақияи қарзи андозҳо аз ҳисоби соҳибкорони инфиродии тибқи патент фа­ъолияткунанда 10791,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Масалан, соҳибкори инфиродӣ Нормат Урунов ба­рои амалӣ кардани фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби бахши бақайдгирии давлатии шах­сони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии ноҳияи Фирдавсӣ бо патент таъмин шудааст. Ном­бурда ҳангоми бақайдгирии давлатӣ намуди фаъолияти худро фурӯши молҳои омехта дар нуқта ва биноҳои алоҳидаи статсионарӣ аз 15 то 20 метри мураббаъ ба қайд гирифта, ба ҳолати 14 ноябри 2019 аз ҳисоби патент дар назди буҷет ба маблағи 7197,8 сомонӣ қарздор буд. Дар рафти гузаро­нидани корҳои назоратӣ муайян шуд, ки соҳибкори мазкур дар асл ба харидуфурӯши тамғаи молии ширкати “Total”, аз ҷумла асбобҳои гуногуни барқӣ ва лавозимоти рӯзғор (дрел, арраи пармакунӣ, калидҳо ва дигар асбобҳои рӯзғор) дар би­нои статсионарӣ, ки масоҳаташ 30 метри мураббаъро ташкил менамояд, машғул гардида, дидаю дониста ба хотири иваз накардани шакли ташкилию ҳуқуқии худ маблағҳои па­тентро сари вақт ба буҷети мамлакат пардохт накарда­аст. Дар натиҷаи гузаронида­ни корҳои фаҳмондадиҳию назоратӣ соҳибкор Н. Урунов бо таъсиррасонии Гурӯҳи корӣ маблағҳои патенти худро пур­ра ба буҷет пардохт намуда, фаъолияти худро аз рӯи па­тент қатъ кард. Ҳамзамон, ба номбурда ҷиҳати гузаштан ба шаҳодатномаи соҳибкорӣ огоҳинома дастрас шуд, ки айни замон дар марҳалаи гузаштан ба шаҳодатномаи соҳибкорӣ қарор дорад.

Ба ҳамин монанд, Бобона­зари Акмал аз санаи 6 июни соли 2018 дар биноҳои статси­онарии масоҳаташ то 10 метри мураббаъ аз рӯи патент ба қайди давлатӣ гирифта шуда­аст. Муайян шуд, ки номбурда дар асл дар бинои статсиона­рии зиёда аз 30 метри мураб­баъ ба харидуфурӯши либосҳои занона машғул гардида, бо мақсади пинҳон намудани ман­баи аслии андоз фаъолияти ху­дро дар низоми патентӣ ба роҳ мондааст. Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ номбурда фа­ъолияти худро аз рӯи патент қатъ кард ва ӯ бо шаҳодатномаи соҳибкорӣ таъмин шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, аз ҷониби Гурӯҳи корӣ ҳолатҳое муайян шудааст, ки баъзе аз соҳибкорон аз сабукиҳои андозӣ суистифода карда, бо гирифтани як патент ё якчанд варақаи патент амалиётҳои ка­лон анҷом дода, дар мавридҳои дигар бархилофи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коргари кироя фаъолияти худро амалӣ менамоянд. Чунончи, ҳангоми азназаргузаронӣ муайян шуд, ки шаҳрванд Абдурасул Ҳамдамов дар кӯчаи Круп­ская 94 (назди даромадгоҳи якуми Бозори Корвон) дар 2 нуқтаи сартарошӣ ва як нуқтаи истеҳсол ва фурӯши таоми тезтайёрро бо ҷалби 8 нафар коргари кироя фаъолияташро ба роҳ монда, бо мақсади канораҷӯӣ аз андозбандӣ ва гузаштан ба шаҳодатномаи соҳибкорӣ ба ҳар як коргари худ патентҳои алоҳида ба расмият даровардааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи банди 15, замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451 тайёр ва фурӯши таомро бе ҷои нишаст ва ҷалби коргари кироя пешбинӣ менамояд. Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ шаҳрванд А. Ҳамдамов ҳамчун корфармо бо шаҳодатномаи соҳибкорӣ таъмин гардид. Ин­чунин, патентҳои соҳибкории 8 коргари кирояи ӯ қатъ шуда, ба сифати коргари кироя бо шартномаҳои меҳнатӣ таъ­мин ва дар нозироти андози ноҳия ба қайд гирифта шу­данд. Ҳамзамон, дар фаъолия­ти номбурда ҷамъ ба маблағи 4700 сомонӣ андозҳои иловагӣ ҳисоб ва пардохти он ба буҷет таъмин гардид.

Ба ҳамин монанд, соҳибкори инфиродӣ Зафарҷон Ҳомидов, санаи 16 декабри соли 2016 аз бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Нозироти андо­зи ноҳияи Фирдавсӣ барои фурӯши молҳои омехта дар нуқтаи статсионарӣ аз 10 – 15 метри мураббаъ патент ба даст овардааст. Ҳангоми азназаргузаронӣ дар маҳалли фаъолияти соҳибкор, воқеъ дар кӯчаи Абай – 1А муайян шуд , ки номбурда дар асл ба харидуфурӯши масолеҳи сохтмонӣ (аз ҷумла, гипсокар­тон, профил, ширеш барои тахтасанг (кафель) ва ғайра) дар бинои статсионарии зиёда аз 40 метри мураббаъ бо патент фаъо­лияти соҳибкории худро ба роҳ мондааст. Дар натиҷаи гузаро­нидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баъд аз дастрас намудани огоҳинома ҷиҳати гузаштан ба шаҳодатномаи соҳибкорӣ мавсуф фаъолияти худро аз рӯи патент қатъ карда, ба шаҳодатнома гузашт.

Дар рафти фаъолияти Гурӯҳи корӣ як қатор ҳолатҳои ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ низ ошкор гардид. Чунон­чи, дар рафти фаъолият муайян шуд, ки шаҳрванд Миҷгона Зуҳурова дар кӯчаи Абай – 1А бе қайд дар мақомоти андоз ба фурӯши молҳои қаблан дар истеъмолбуда машғул гарди­дааст. Дар натиҷа, нисбати ӯ бо дастрасии моддаи 617 Ко­декси ҳуқуқвайронкунии маъ­мурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1650 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ шуда, бо ҳуҷҷати соҳибкорӣ таъмин гардид.

Ба ҳамин монанд, шаҳрванд Амриддин Ортуқов низ бе қайд дар мақомоти андоз ба фурӯши қоғазҳо машғул гардидааст. Дар натиҷа, нисбати соҳибкор ҷаримаи маъмурӣ дар ҳаҷми 1650 сомонӣ татбиқ шуд ва ӯ бо шаҳодатномаи соҳибкорӣ таъмин гардид.

Тавре аз натиҷаи таҳлилҳо бармеояд, аз шумораи уму­мии 10667 нафар соҳибкори инфиродии бо патент фаъо­лияткунанда, 1087 нафари он соҳибкорони бефаъолияте ба ҳисоб мераванд, ки ҳуҷҷатҳои соҳибкориро қаблан ба даст оварда, аз ҳисоби мутобиқ накардани гурӯҳи фаъолият маблағи қарзи онҳо дар як моҳ ба ҳисоби миёна дар нозироти андоз 369,5 ҳазор сомонӣ аф­зоиш ёфта истодааст.

Гурӯҳи кории Кумитаи андоз дар давраи фа­ъолияти худ тавонист то андозае пеши роҳи қонуншиканиҳои бархе аз андозсупорандаҳоро бигирад. Хуб мешуд, ки шаҳрвандон бо дарки баланди масъулиятшиносӣ фаъолияти худро тибқи талаботи қонунгузории андоз ба роҳ монда, уҳдадориҳои андозии ху­дро сари вақт ва дар ҳаҷми пурра иҷро намоянд.

Тоҳир ЧИЛАЕВ

Сешанбе, 24 Декабри 2019 00:00

Мусоидат ба такмили донишҳо

Беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, мақсаднок анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳию тавзеҳотӣ, аз ҷумла гузаронидани семинар-машваратҳо, вохӯрию суҳбатҳо ва таҳияи намоишҳо, тавре мушоҳида мешавад, дар баланд гардидани фарҳанги андозсупорандагон ва такмил ёфтани дониши ҳуқуқии онҳо мусоидат карда истодаанд. Кор­мандони мақомоти андоз ҳамарӯза кӯшиш карда истодаанд, ки робитаро бо андозсупорандагон зич намоянд.

Вобаста ба ин, мутахассисони шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андози шаҳри Душанбе бо андозсупорандагон доир ба қонунгузории андозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе ҳамарӯза семинар- машвартҳо баргузор менамоянд.

Рӯзи 6 декабри соли 2019 дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Автоко­лонаи 2927” бо ишитроки кормандо­ни мақомоти андози шаҳри Душанбе ва масъулону андозсупорандагони ҷамъият семинар-машварат баргу­зор гардид.

Дар оғози семинар - маш­варат сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупоран­дагони Раёсати андози шаҳри Ду­шанбе Илҳом Муродҳусейнов қайд кард, ки ташкили чунин вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба андоз­супорандагон бо мақсади сарфа намудани вақти андозсупоранда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар ҳисобу пардохти андозҳо ме­бошад. Таъкид шуд, ки ҳангоми ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан аз бақайдгирии давлатӣ гузаштан ҳатмӣ мебошад. Барои бе қайди давлатӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаримаҳои маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Инчунин, вобаста ба пешниҳоди дурустии эъломияҳо ва пардох­ти андозҳо зикр шуд, ки аз оғози моҳи майи соли 2018 Кумитаи ан­доз дар доираи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани кортҳои пардохтии бонкӣ” аз 31 декабри соли 2014 таҳти №815 хиз­матрасонии эквайренгиро мавриди истифода қарор дод. Бо мавриди истифода қарор додани тартиби маз­кур, шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ имконият доранд, ки бо истифода аз чунин хизматрасонӣ та­вассути кортҳои пардохтӣ маблағҳои андозҳоро дар шакли ғайринақдӣ ба буҷет пардохт намоянд.

Дар идомаи семинар-маш­варат сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупоранда­гони Раёсати андози шаҳри Душанбе Ҷамолиддин Зокирзода изҳор кард, ки аз моҳи декабри соли 2017 дар Бахши иттилоотии Кумитаи андоз Си­стемаи мултимедияи “Контакт-сентр” – Avaya” мавриди истифода қарор ги­рифтааст, ки он дорои имкониятҳои бақайдгирӣ, сабт ва нигоҳдории тамоми гуфтаҳои телефонӣ ва таъ­мини дар навбат нигоҳ доштани занги муроҷиаткунандагон буда, барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба онҳо ва бештар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ нигаронида шудааст. Илова бар ин, ҷиҳати баланд бардоштани тафаккури андозсупорандагон дар муносибатҳои андозӣ, дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳои мақомоти андоз ба андозсупорандагон ва маҳдуд на­мудани омилҳои номатлуб дар рафти хизматрасониҳо, дар асоси Фармо­иши Кумитаи андоз аз 12.07.2017, таҳти №316 “Стандарти ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупоранда­гон” (СЯХА) дар таҳрири нав қабул ва дар шакли ҷадвали тасдиқгардида 74 намуди Стандартҳои хизматра­сонии мақомоти андоз муқаррар гардидааст.

Ҳамчунин, дар ҷамъомад таъкид шуд, ки мувофиқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2012 таҳти №451 дар масъалаи уҳдадориҳои бозорҳо ва марказҳои савдо ҳангоми бастани шартномаҳо бо шаҳрвандон, масъулони бозорҳо ва марказҳои калони савдо, ки бо субъектҳои соҳибкорӣ шартно­маи иҷора ба имзо мерасонанд, уҳдадор мебошанд, ки ҳар семоҳа ба мақомоти андози маҳалли қайди худ оид ба чунин субъектҳо, масоҳати фаъолият бо нишондоди раста ва ҷойи фаъолият маълумотро ба тав­ри электронӣ пешниҳод намоянд. Фармоиши Раиси Кумитаи андоз аз 24.07.2019 дар бораи ихтисор кардани гурӯҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони бо патент фаъоли­яткунанда низ ба иштирокчиён шарҳ дода шуд. Қайд гардид, ки мақсади фармоиши мазкур дахолат накардани кормандони мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорон, халалдор накардан дар самти пар­дохти маблағҳои патент мебошад. Таъкид шуд, ки барои сари вақт насупоридани андозҳо барнома фоизҳо ҳисоб менамояд ва ҳамчунин гурӯҳҳои доимоамалкунанда корҳои назоратӣ мебаранд ва дар сурати бе қайди давлатӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан нисбати соҳибкорон дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима татбиқ мегардад.

Дар охир муовини директори ҶСК “Автоколонаи 2927” аз номи кор­мандон ва соҳибкорони ҷамъият ба роҳбарияти мақомоти андоз барои ташкили семинар – машварат минат­дории хешро баён намуд.

Неъматулло ЗОИРЗОДА

Сешанбе, 24 Декабри 2019 00:00

Ҳолати андозбандии субъектҳои МОИ

Чаро аз ҷониби субъектҳои МОИ шумораи коргарони кироя ва фонди музди меҳнати ба онҳо пардохтшаванда дуруст нишон дода намешавад?

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шароити мусоид барои суръат бахшидан ба рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, таъ­мини шуғли аҳолӣ, рушди бе­майлони иқтисодиёт дар асоси ҷалби техника ва технологи­яи нав, таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, муттаҳидсозӣ ва истифо­даи маҷмӯии сармояи давлатӣ, тиҷоратӣ ва хориҷӣ, санҷиши усулҳои нави хоҷагидорӣ, ки ба омезиши шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтаанд, дар иқтисодиёт ҷорӣ намудани ихтироот ва коркарди илмию техникии ватаниву хориҷӣ бо истифодаи минбаъдаи онҳо дар дигар ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ, густариши истеҳсолоти молҳои истеъмолӣ ва хизматрасониҳо, афзун намудани содиро­ти маҳсулот ва ҳалли дигар вазифаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ташкил мешаванд.

Тибқи маълумоти Вазора­ти рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1.11.2019 дар МОИ – и “Суғд” 23 адад, МОИ – и “Панҷ” 10 адад, МОИ – и “Данғара” 23 адад ва МОИ – и “Ишкошим” 3 адад ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳамчун субъекти МОИ ба қайд гирифта шудаанд.

Сармутахассиси Раёсати таш­кили андозбандии Кумитаи ан­дози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷомии Абдураҳмон мегӯяд, ки гарчанде мутобиқи талаботи қонунгузории андоз субъектҳои МОИ аз пардохти ҳама намуди андозҳо, ба истис­нои андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ озод бошанд ҳам, вале тибқи талаботи қисми 1 моддаи 326 Кодекси андоз ҳисобкунӣ, тартиб ва муҳлати пардохти андозҳои барои субъектҳои МОИ муқарраршуда, инчунин аз ҷониби онҳо пешниҳод на­мудани эъломияҳо ва ҳисоботи дигари андоз бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси ан­доз бояд амалӣ карда шавад.

Аз таҳлилҳо бармеояд , ки маблағҳои ҳисобшудаи субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар 10 моҳи соли 2019 ба 10,4 млн. сомонӣ ба­робар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4,1 млн.сомонӣ зиёд мебо­шад. Маблағҳои ҳисобшудаи андозҳои субъектҳои МОИ ҳарчанд, дар маҷмӯъ, афзоиш ёфтааст, аммо дар фаъолияти баъзе аз субъектҳо ҳолати кам­шавии он ба назар мерасад. Ма­салан, маблағҳои ҳисобшудаи ҶДММ “Азияполитекс” 8,1 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Роял корпо­рейшн” 240,6 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Ширкати сохтмонии Хуҷандсоз” 134,9 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Стар пласт” 62,8 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Оро” 110,5 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Шир­кати муҳандисию сохтмонии Ҷинокко” 93,3 ҳазор сомонӣ ва ҶДММ “Ауфен” ба маблағи 668,1 ҳазор сомонӣ кам гарди­дааст.

Тибқи иттилои манбаъ, муш­кили дигаре, ки дар фаъолияти субъектҳои МОИ дида мешавад, аз ҷониби онҳо бо мақсади канораҷӯӣ аз андозбандӣ, пурра ва дуруст нишон дода нашудани шумораи коргарони кироя ва фонди музди меҳнати ба онҳо пардохтшаванда ба ҳисоб ме­равад.

Дар ин давра шумораи кор­гарони кирояи субъектҳои МОИ, дар маҷмӯъ, 1022 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47 адад зиёд аст. Дар бароба­ри ин, бояд қайд кард, ки дар фаъолияти баъзе аз субъектҳои МОИ ҳолатҳои кам нишон до­дани шумораи коргарони кироя ба назар мерасад. Масалан, субъекти МОИ – и “Данғара” ҶДММ “Грин голд” ба фаъолия­ти коркард, воридот, содироти писта ва меваи хушк машғул мебошад. Новобаста аз он ки даромади умумии ҷамъият нисбат ба давраҳои гузашта ба таври назаррас зиёд гардидааст, аммо бо мақсади кам ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, шу­мораи коргарони кирояи худро дар соли 2018-ум 16 нафар ва дар соли 2019-ум 11 нафар ни­шон додааст, ки ин, умуман, ба воқеият рост намеояд. Ғайр аз ин, ҷамъияти мазкур музди ми­ёнаи моҳонаи коргарони кирояи худро дар ин давра ба маблағи 619,5 сомонӣ нишон додааст, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 112,5 сомонӣ кам мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз зиёд гарди­дани ҳаҷми корҳои истеҳсолӣ ва дар маҷмӯъ, афзоиш ёф­тани даромадҳои субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва сарфи назар аз ҳама имтиёзҳои андозӣ чунин ҳолати кам гар­дидани шумораи коргарони кироя нисбат ба давраҳои гу­зашта дар фаъолияти аксари субъектҳои МОИ ба назар мера­сад. Ҳамзамон, таҳлилҳои гуза­ронидашуда нишон медиҳанд, ки музди миёнаи моҳонаи кор­гарони кирояи субъектҳои МОИ ба таври лозим афзоиш наёфта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ ба маблағи 15,6 сомонӣ ё 1,1 фоиз зиёд шудааст.

Хотиррасон мешавем, ки субъектҳои МОИ дар асоси талаботи қонунгузории андоз аз иҷрои уҳдадориҳои аген­ти андоз озод нестанд. Яъне субъектҳои МОИ уҳдадор мебо­шанд, ки андоз аз суди саҳмияро ҳисоб намуда, ҳисоботи онро ба мақомоти андоз пешниҳод на­моянд. Аммо, тавре таҳлили ҳисоботи пешниҳоднамудаи субъектҳои минтақа нишон медиҳад, мутаассифона, аз ҷониби на ҳамаи онҳо андози даромад аз суди саҳмияҳо ҳисоб карда шудааст.

Тибқи махзани маълумоти Кумитаи андоз муайян шудааст, ки аз 56 адад субъекти МОИ 27 адади онҳо тавозуни муҳосибии худро барои давраи ҳисоботии соли 2018 ба мақомоти андоз пешниҳод накардаанд, ки аз ин 6 адад ба МОИ - и“Суғд”, 9 адад ба МОИ – и “Панҷ” ва 12 адад ба МОИ – и “Данғара” рост меояд.

Даромади умумии субъектҳои МОИ дар соли 2018 ба 181,1 млн. сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба соли 2017 - ум 174,0 фоизро ташкил медиҳад. Аммо фоидаи софи онҳо дар соли 2018 ҳамагӣ 8,5 млн. сомони­ро ташкил медиҳад, ки ин ба 4,7 фоизи даромади умумии субъектҳо баробар мебошад. Ҳол он ки вазни қиёсии фоидаи софи субъектҳои МОИ нисбат ба даромади умумӣ дар соли 2017 мутаносибан 5,3 фоизро ташкил медод. Сабаби асосии кам нишон додани фоидаи соф аз ҷониби субъектҳои МОИ, пеш аз ҳама, дар ҳисоботи андоз пурра нишон надодани дарома­ди умумӣ ва ба ҳисоб гирифтани хароҷоти беасос мебошад.

Тавре аз таҳлилҳои гуза­ронидашуда бармеояд , аз ҷониби баъзе ширкатҳое, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолият карда истодаанд, фои­даи соф барои давраи ҳисоботии соли 2018 ба маблағҳои ночиз нишон дода, дар баробари ин, андози даромад аз суди саҳмияҳо ҳисоб ва пардохт нашудааст. Масалан, ҶДММ “Корхонаи муштараки тоҷикӣ- туркии “Арча мебел” дар МОИ - и “Суғд” ба фаъолияти истеҳсоли мебел машғул буда, дар тавозу­ни муҳосибӣ даромади умумии худро барои давраи ҳисоботии соли 2018 ба маблағи 2,6 млн. сомонӣ ва фоидаи софи худро ба маблағи 53,9 ҳазор сомонӣ ё 2,1 фоизи даромади умумӣ ни­шон додааст, ки ба воқеият рост намеояд. Ғайр аз ин, ҷамъияти мазкур уҳдадориҳои андозии худро пурра иҷро накарда, маблағи андози даромад аз суди саҳмияҳоро барои соли 2018 ҳисоб ва ба буҷет пардохт накардааст.

Мисоли дигар. Муасси­саи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд” дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ба фаъолияти таълими техникӣ ва паркҳои технологӣ машғул мебошад. Муассисаи мазкур даромади умумии худро барои давраи соли 2018 ба маблағи 2,3 млн. сомонӣ ва фоидаи софро ба маблағи 38,6 ҳазор сомонӣ ё 1,7 фоиз аз даромади умумӣ нишон дода, ҳамзамон, аз ҷониби му­ассиса маблағи андози даромад аз суди саҳмияҳо ҳисоб ва пар­дохт нагардидааст.

Қобили зикр аст, ки чунин ҳолати канораҷӯӣ аз андозбандӣ ва ба фоидаи ночиз ҷамъбаст на­мудани фаъолияти молиявӣ дар фаъолияти дигар субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ низ ба назар мерасад

Тоҳир ЧИЛАЕВ

Page 3 of 4

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF