МАФҲУМҲОЕ, КИ ДАР СОҲАҲОИ ИҚТИСОД ВА АНДОЗ ИСТИФОДА МЕШАВАНД
Арзиш
Ҳар як корхонае, ки ба истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ машғул аст, пайваста арзиши моли истеҳсолшаванда ва арзиши хизматрасониҳоро ҳисоб мекунад. Ин нишондиҳанда муайян менамояд, ки то кадом андоза истеҳсолот самаранок ва фоиданок аст. Арзиши маҳсулот - ин ҷамъи ҳамаи хароҷоти корхона вобаста ба истеҳсоли мол ва таҳвили минбаъдаи он мебошад.
ТАТБИҚИ ИМТИЁЗҲО БА АНДОЗСУПОРАНДАГОН
Имтиёзҳои андоз гуфта, ин сабукиҳоеро меноманд, ки мутобиқи Кодекси андоз ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшудаи Тоҷикистон ба андозсупорандагон дода мешаванд. Маъмултарин намудҳои имтиёзҳои андозӣ, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, додани имконияти пардохт накардан ё дар ҳаҷми камтар ё дар муҳлати нисбатан дертар супоридани андоз мебошанд.
КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ- МУСОИДАТ БА РУШДИ СОҲИБКОРӢ
Дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳию тавзеҳотӣ, аз ҷумла гузаронидани семинар - машваратҳо, вохӯрию суҳбатҳо аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти андоз дар такмили фарҳанги андозсупорандагон ва баланд бардоштани дониши ҳуқуқии онҳо маҳсуб меёбад.
ТАЛАБОТ БА МНХ ВА ТАЪМИНИ СОҲИБКОРОН БО ОН
Мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ яке аз воситаҳои асосии муайян намудани даромади воқеии андозсупорандагон ба ҳисоб рафта, истифодаи он ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ дар вақти фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасониҳо бо пули нақд ҳатмӣ мебошад.