wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Августи 2020

   Бо мақсади дар амал татбиқ намудани муқаррароти моддаи 20 (2)-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2017, таҳти №533 “Дар бораи тартиби аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷии бефаъолият”, тибқи Фармоиши Раиси Кумитаи андоз аз 6 феврали соли 2020, таҳти №62 Комиссияи Кумитаи андоз барои хориҷ намудани субъектҳои бефаъолият аз Феҳристи ягонаи давлатӣ таъсис дода шудааст.

  Говорят, что российскому экспорту угрожает новый налог, который собираются ввести в европейских странах. Кто пострадает и почему?

Панҷшанбе, 06 Августи 2020 00:00

Имтиёзҳои андозӣ барои сармоягузорӣ

     Соҳибкорӣ фаъолиятест, ки дар ташаккулу пешрафти соҳаи иқтисодиёт нақши муҳим бозида, ба рушди доимии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозори истеъмолии кишвар, инчунин, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет мусоидат менамояд. Ин аст, ки ҳамасола соҳибкорони хурду миёна аз ҷониби давлату Ҳукумат дастгирӣ ёфта, зери таваҷҷуҳ қарор мегиранд.

Чоршанбе, 05 Августи 2020 00:00

Низоми пардохти ғайринақдӣ

Ҳоло дар аксар марказҳои калони савдою хизматрасонӣ POS-терминалҳои электронӣ насб шудаанд, ки шаҳрвандон ҳангоми хариди мол ё хизматрасонӣ аз ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ озодона истифода карда метавонанд. Дар робита ба ин, мақомоти андози кишвар кӯшиш намуда истодаанд, ки шумораи POS-терминалҳои электронӣ зиёд шавад, зеро истифодаи оммавии онҳо шаффофияти муомилоти молиявиро таъмин намуда, ба афзудани воридшавии андозҳо ва рушди иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад. Вобаста ба вазъи насб ва мавриди истифода қарор додани POS-терминалҳо ва зарурату афзалиятҳои он бо сардори Раёсати санҷишҳои амалиётӣ ва назорати фаврии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Давлатзода суҳбат намудем, ки фишурдаи онро пешкаш менамоем.

Page 3 of 5

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF