ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ҚОНУНГУЗОРИИ АНДОЗ
Рӯзҳои 27-28 августи соли 2020 дар КВД Бозори “Деҳқон”, ҶДММ Бозори “Фаровон” ва ҶДММ Бозори “Сафариён” бо иштироки муовини сардори Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе Обиди Муҳаммадсаид, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе Саъдулло Алимадов, сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе Ҷамолиддин Зокирзода, нозирони мутасаддӣ ва роҳбарону масъулон ва соҳибкорони бозорҳои мазкур семинар-машварат доир гардид.
АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА ЧӢ ГУНА АНДОЗ АСТ?
Вобаста ба ин саволи андозсупорандагон бо сардори шуъбаи Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собир Вазиров суҳбат доир намудем, ки он пешкаши хонандагон мегардад.
АНДОЗСУПОРАНДАИ БЕМАСЪУЛИЯТ
Имрӯзҳо ба унвонии идораи рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ва Шуъбаи иттилоотии Кумитаи андоз (Маркази тамос) бо истифодаи рақами содакардашудаи телефонии “151” аз ҷониби андозсупорандаҳо ва шаҳрвандон муроҷиатҳои зиёд ворид мешаванд. Онҳо оид ба масъалаҳои марбут ба андозу андозбандӣ ва соҳибкорӣ пурсон шуда, хоҳиш мекунанд, ки барояшон ҷавобҳои мушаххас диҳем. Аз ҷумла, чанд нафар хоҳиш кардаанд, ки дар бораи андозсупорандагони бемасъулият маълумоти муфассал диҳем.
Ба хотири рӯшанӣ андохтан ба ин масъала, бо сармутахассиси Сарраёсати баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмуддин Раҷабов суҳбате доир намудем, ки онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
Тоҷикистон ва Россия ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар соҳаҳои андоз, гумрук, энергетика ва рушди соҳибкориро баррасӣ намуданд
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини Сарвазири Федератсияи Россия Алексей Оверчук дар мавзӯи «Ҳамкории Чумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар соҳаҳои андоз, гумрук, энергетика ва рушди соҳибкорӣ» мизи мудаввар доир гардид.