Боҷу Хироҷ
- Панҷшанбе, 20 Августи 2020
МАФҲУМҲОЕ, КИ ДАР СОҲАҲОИ ИҚТИСОД ВА АНДОЗ ИСТИФОДА МЕШАВАНД
Арзиш
Ҳар як корхонае, ки ба истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ машғул аст, пайваста арзиши моли истеҳсолшаванда ва арзиши хизматрасониҳоро ҳисоб мекунад. Ин нишондиҳанда муайян менамояд, ки то кадом андоза истеҳсолот самаранок ва фоиданок аст. Арзиши маҳсулот - ин ҷамъи ҳамаи хароҷоти корхона вобаста ба истеҳсоли мол ва таҳвили минбаъдаи он мебошад.
Муфассал ...
- Панҷшанбе, 13 Августи 2020
ДАР КАДОМ СОҲАҲО ДАР РОССИЯ МАОШИ КАЛОН МЕДИҲАНД?
Дар Россия 7,2% кормандони корхонаҳои калон ва миёна дар як моҳ зиёда аз 100 ҳазор рубл маош мегиранд. Асосан мутахассисони шаш соҳаи иқтисод миқдори мазкури маошро мегиранд. Ҳангоми ташаккул додани рейтингҳо коршиносон маоши миёнаи меҳнати соҳаҳоро дар 12 моҳ (аз 1 майи соли 2019 то 1 майи соли 2020) ба ҳисоб гирифтаанд. Маълумот бо дарназардошти пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ тартиб дода шудааст.
Муфассал ...
- Панҷшанбе, 13 Августи 2020
АНДОЗ АЗ ДАРОМАД: ОН ЧӢ ГУНА МАЪМУРИКУНОНӢ МЕШАВАД?
Як гурӯҳ андозсупорандагон ба идораи рӯзнома муроҷиат карда, хоҳиш намудаанд, ки дар хусуси андоз аз даромад ва тартиби андозбандию пардохти он маълумот диҳем. Ба ин хотир, бо мутахассиси Сарраёсати маъмурикунонии андозҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Барфиев оид ба ин мавзӯъ суҳбате доир намудем, ки онро манзури хонандагон мегардонем.
Муфассал ...



