Боҷу Хироҷ
- Панҷшанбе, 03 Сентябри 2020
АНДОЗСУПОРАНДАИ БЕМАСЪУЛИЯТ
Имрӯзҳо ба унвонии идораи рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ва Шуъбаи иттилоотии Кумитаи андоз (Маркази тамос) бо истифодаи рақами содакардашудаи телефонии “151” аз ҷониби андозсупорандаҳо ва шаҳрвандон муроҷиатҳои зиёд ворид мешаванд. Онҳо оид ба масъалаҳои марбут ба андозу андозбандӣ ва соҳибкорӣ пурсон шуда, хоҳиш мекунанд, ки барояшон ҷавобҳои мушаххас диҳем. Аз ҷумла, чанд нафар хоҳиш кардаанд, ки дар бораи андозсупорандагони бемасъулият маълумоти муфассал диҳем.
Ба хотири рӯшанӣ андохтан ба ин масъала, бо сармутахассиси Сарраёсати баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмуддин Раҷабов суҳбате доир намудем, ки онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
Муфассал ...
- Панҷшанбе, 03 Сентябри 2020
Вусъат бахшидани мониторинги андоз ба соҳибкорӣ чӣ манфиат меорад?
Ниҳоди мониторинги андоз, бешубҳа, тамоюли мусбӣ дорад, зеро он ба мусоид намудани муносибатҳои байниҳамдигарии соҳибкорӣ ва давлат нигаронида шудааст. Маҳз принсипҳои эътимоднокӣ, шаффофият ва ҳамкорӣ асоси мониторинги андозро ташкил медиҳанд.
Муфассал ...
- Панҷшанбе, 03 Сентябри 2020
ШУКРОНАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Мардуми тоҷик дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти хеш бори дигар собит намуд, ки миллати сарҷамъу соҳибтамаддун аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ чунин зикр намудаанд: «Гузашти вақт беш аз пеш собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа, рушди озодона ва сарбаландии ҳар як фарди он маҳз ба истиқлолияту озодӣ ҳамчун кафолати асосии бақои миллатҳо вобастагии мустақим дорад. Ҳамин дастоварди бузург дар тӯли таърихи башарият имкон фароҳам овардааст, ки мардумони ҷаҳон соҳиби ҳаққи табииву таърихии худ бошанд».
Муфассал ...



