wrapper

Хабарҳо

Панҷшанбе, 03 Сентябри 2020 00:00

СОЗАНДАГИҲО ВУСЪАТИ ТОЗА ПАЙДО МЕКУНАНД

Муаллиф:

Дар ноҳияи Дарвоз ба пешвози ҷашни Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ авҷи тоза пайдо кардаанд. Симои шаҳраку деҳот ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳия ба шарофати ин ҷашн куллан тағйир меёбад.

     Истиқлол чист? Истиқлол, агар образнок карда гӯем, дасту бозуи дароз, майдони фарохи ҳунар, болу пари кушодаву фазои васеи парвоз, осмони софу беғубор, раҳоӣ аз ҳама гуна банду қайдҳо, роҳ ба сӯи қуллаҳои мурод, имконият барои пешравию болоравиҳост. Истиқлол озодӣ ва соҳибихтиёрист. Истиқлол – зиндагии босаодат.

Сешанбе, 24 Декабри 2019 00:00

Нангу номусу ифтихори миллӣ мебояд

Муаллиф:

Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва Истиқлолияти давлатӣ расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони кишварамон бояд онҳоро сармашқи зиндагию фаъолияти худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мамла­кати воқеан ободу пешрафтаро метавон бунёд кард. Эҳтиром ва гиромидошти арзишҳои милливу давлатии Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд асос ва ҷавҳари тарби­яи ватандӯстиву худогоҳии ҷавононро ташкил намояд.

Душанбе, 07 Январи 2019 00:00

ТЭТ ҲНИ АЗ ҶАВОНОН ЧӢ МЕХОҲАД?

Муаллиф:

   Мулоҳизаҳои сардори шуъбаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим

   Вақтҳои охир чунин ба мушоҳида мерасад, ки роҳбарону иддае аз пайравони ташкилоти террористию экстре­мистии ҲНИ аз сабаби дарки заъфи худ дар роҳи рақобатҳои сиёсӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун “умеди охи­рин” ва “минбари беминнат” суистифода мекунанд.

  1. МАЗО МО МАЗО

    «Гузашт он чи гузашт».

  Аз гузаштаи Муҳиддин Кабирӣ ҳарфи зиёде намегӯям, зеро сар­гузашташ сар надорад. Миёни як ҳизби сиёсии собиқадорро биш­каст. Даҳҳо нафар кушта ва зиндон шуданд. Садҳо нафар хонахез рӯ ба муҳоҷират оварданд. Агар Кабирӣ инсоф медошт ҳатман истеъфо медод. На он истеъфоҳои пурка­рашма ва барои худнамоӣ, ки соли гузашта дар чанд маҷлиси раёсати наҳзат аз забони ӯ садо дода буд. Ӯ дигар куҷо хоҳад ёфт ин биҳиштро? Пули бедардимиён, лаббайкза­нии тамаллуқпешагон, саногӯии косалесон, таъзими соддадилон, рағбати бонувон. Ин ҳам навъе аз гирифторӣ ва мӯътодист.

Панҷшанбе, 13 Декабри 2018 00:00

Ватанро дигар қисмат макун!

Муаллиф:

    Ватан, модар, миллат ин вожаҳо мафҳумҳое мебошанд, ки таҷассумгари меҳру муҳабат, садоқату матонат, нангу номуси нафақат шахсеро, балки дар давраҳои гуногун ифодагари хусусиятҳои хислати аҷдодӣ, тамаддуну таърих ва соҳибфарҳангии ҳар як қавму миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

   Аъзои ТТЭ ҲНИ - Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз резахӯрони дастархони Кабирӣ аст, мақолаи навбатии иғвоангезонаеро зери унвони «Миллат бояд аз чанголи тими ҳукмрони худкамбин бираҳад» нашр кардааст, ки мисли одати пешина пур аз туҳмату буҳтон мебошад.

   Албатта, мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла масъалаи пур кардани буҷа дар ҳар кишваре мавҷуд аст. Аз он ҳангома сохтану мардумро ба гумроҳӣ бурдан амали нохалафону душманон мебошад. Имрӯз вазъияти иқтисодии Тоҷикистон хуб аст, ягон сабаби воҳима кардану мардумро ба таҳлука андохтанро мо намебинем. Ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти худро дар тамоми самтҳо, аз ҷумла пур кардани буҷа пеш мебарад. М. Садриддин ва ҳаммаслакони наҳзатиаш метавонанд дар ин хусус беташвиш бошанд. Беҳтараш дар ғами худ бо­шанд, зеро дастгирии хоҷаҳои хориҷиашон доимӣ нест ва дер ё зуд дастгир мешаванд ва барои ҷиноятҳои содиркардаашон бояд ҷавоб гӯянд. Вазъиятро дурусттар дарк кардан даркор аст. Яъне миллат дар вартаи нобудӣ нест (муаллифи наҳзатӣ чунин навиштааст), ин наҳзатиҳо дар вартаи нобудӣ қарор доранд.

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF