wrapper

Хабарҳо

Чоршанбе, 05 Августи 2020 00:00

Истиқлол: дастовардҳо ва эҳёи расму суннатҳои воло

Муаллиф: 
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

     Истиқлол чист? Истиқлол, агар образнок карда гӯем, дасту бозуи дароз, майдони фарохи ҳунар, болу пари кушодаву фазои васеи парвоз, осмони софу беғубор, раҳоӣ аз ҳама гуна банду қайдҳо, роҳ ба сӯи қуллаҳои мурод, имконият барои пешравию болоравиҳост. Истиқлол озодӣ ва соҳибихтиёрист. Истиқлол – зиндагии босаодат.

     Худованд, дар ҳақиқат, миллати моро дӯст медоштааст. Зеро ӯ сарзаминеро насиби мо гардонидааст, ки ҳарчанд аз ҷиҳати масоҳат бузург нест, вале тамоми неъматҳои табииро дорост: хоки зархез, оби мусаффои фаровон, офтоби нурпош, иқлими муосид, кӯлҳои рангин, дарёҳои хурӯшон, кӯҳҳои осмонбӯси пурсарват, боигариҳои зеризаминӣ, манзараҳои дилфиреб, табиати зебо… Тамоми анвои зироат, меваю сабзавот, гиёҳҳои шифобахш дар ин сарзамин мерӯянду нашъунамо мекунанд. Бале, Эзид ба мардуми мо ҳама чиро додааст. Фақат истиқлоли миллӣ намерасид, ки онро баъди садсолаҳо, шукр, ба мо боз баргардонид. Тоҷикон баъди ҳазор сол аз нав соҳибистиқлолу соҳибихтиёр шуданд.

     Ҳар вақте аз Истиқлоли миллӣ сухан оғоз мекунем, нахуст иншоотҳои бузургро, ки дар даврони соҳибихтиёрӣ бо маблағ, талош ва заҳматҳои зиёди Ҳукумати Тоҷикистон бунёд шудаанд , шинохту эътирофи давлатамонро аз ҷониби мамлакату созмонҳои воломақоми ҷаҳон, ҷашну ҳамоишҳои воқеан шукуҳмандро бо ифтихор ёдрас мешавем. Албатта, ба ин ҳуқуқ ҳам дорем. Воқеан, ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф шудани Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон дар як марҳалаи мушкилу тақдирсоз, сипас ба пайванди шикастурехт ва созандагӣ даст задани мардум, кандани нақбҳои бузург аз қалби кӯҳҳои сарбафалак, ки барои мо хобу хаёле буданд, бешубҳа, муъҷизаанд.

     Сохтани шоҳроҳои байналмилалӣ, силсилапулҳои азими болои рӯдҳо, ки диёрамонро аз бунбаст, халқамонро аз дастнигарӣ раҳонида, ба кишварҳои дуру наздик пайвастанд, боиси шукру сарфарозии хурду бузург мебошад. Бунёди неругоҳҳои хурд ва азим дар саросари мамлакат, даҳо корхона, муассисаҳои таълимӣ, тиббиву маишӣ, таҷлили ҷашну бузургдошти шахсиятҳои ҷаҳоншумули адабию илмӣ, сиёсию мазҳабӣ, эҳёи расму суннатҳои воло, ки барои баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, зинда ва мустаҳкам кардани хотираи таърихӣ, дарки масълияти ватандорӣ, омӯзишу ҳифзи фарҳанги бумӣ дару дарвозаҳои навро кушодаанд, дастовардҳои беназиру саҳифаҳои пурарзиши давлатдории навини тоҷикон дар айёми истиқлол маҳсуб мешаванд. Ин ҳама аз ҳадафи созанда доштани Ҳукумати Тоҷикистон, ҷоннисориву ҳидоятҳои хайрандешона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ҳамчунин, ободу зебо шудани шаҳру навоҳӣ, маркази вилоятҳо, равнақи тиҷорату фаъолияти соҳибкорӣ, ҷаҳонгардию сайёҳӣ, авҷи озодии сухану андеша ҳама меваҳои Истиқлоланд.

     Бисту нуҳ сол дар пеши таърих чизе нест, чун як нафас аст, аммо дар ин муддати кутоҳ мамлакатамон хеле тағйир ёфт, пеш рафт, ҷавонтар шуд. Миллати тоҷик аз азал ҳам аз гаҳвораҳои тамаддуни башарӣ ба шумор мерафт ва бо алломаҳои бешумори дар тӯли таърих ба олам додааш шуҳраи офоқ буд. Обрӯю эътибори ин миллат дар чанд соли охир даҳҳо маротиба афзуд. Тоҷикро имрӯз тамоми дунё мешиносад. Давлати соҳибистиқлоли моро кишварҳои ҷаҳон эътироф намуда, ҳамкорӣ мекунанд ва даҳҳо давлати дунё дар ҷумҳурии мо сафоратхонаҳои худро кушодаанд. Ин ҳама аз файзи Истиқлол аст.

     Бояд гуфт, ки бо вуҷуди мушкилиҳо, таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамон гузошта шуд, корҳои азими бунёдкорию созандагӣ оғоз гардиданд ва имрӯз идома доранд. Таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳо намудани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил ёфтанд ва ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқ пайгирона амалӣ мегардад. Ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳам аз аввал таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми киш­вар буду ҳаст.

     Тавре дар ёд дорем, солҳои аввали истиқлол барои давлати ҷавони тоҷикон давраи ниҳоят вазнин, вале сарнавиштсоз буданд ва аз роҳбарияти давлату Ҳукумат ба хотири таъмини субот, барқарор кардани низоми конститутсионӣ, ба роҳ мондани фаъолияти рукнҳои фалаҷгардидаи давлатдорӣ ва ба даст овардани ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ, ба Ватан баргардонидани фирориён ва ташкилу амалӣ намудани низоми идоракунии иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар кӯшишу заҳмати зиёди пайвастаро тақозо доштанд.

     Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар кишвар, яъне аз соли 1997 пастравии нишондиҳандаҳои иқтисоди миллӣ боздошта шуд. Минбаъд ба Ҳукумати Тоҷикистон муяссар гардид, ки сол аз сол вазъиятро ба эътидол оварда, аз соли 2000- ум ба рушди тадриҷии иқтисоди миллӣ оғоз намояд.

     Дар айёми Истиқлол Тоҷикистон ҳамчун давлати нави комилҳуқуқ ба арсаи сиёсии ҷаҳон по ниҳод. Давлате, ки ҳанӯз ҷавон аст, вале хиради ҳазорсолаи мардумашро тӯшароҳи хеш кардааст, давлате, ки эҳтироми дигаронро ба ҷо меорад ва батадриҷ, зина ба зина дигаронро низ водор мекунад, ки ӯро хубтар бишносанду эҳтиром намоянд. Дар ин солҳо давлат ормони хешро соҳиб гашт. Халқ сарвари воқеии хешро пайдо кард, ки аз байни худаш баромада, розу ниёзашро медонад ва ба гӯши замону ҷаҳон расонида метавонад. Бале, мардум ин сарварро дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дарёфт.

     Таърих собит сохтааст, ки наҷоти ҳар як давлату миллат дар лаҳзаҳои ҳассосу фоҷиабор бо зуҳури шахсияти бузурги миллӣ вобастагии зич дорад. Чунки маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи мардум шуълаи умедро ба ояндаи дурахшон барафрӯзанд. Ва чунин шахсияти шуҷоу қавиирода барои миллати бостониву бофарҳанг маҳз дар симои Эмомалӣ Раҳмон зуҳур намуд. Падид омадани чунин шахсияти барҷаставу но­такрор бахти тоҷикон буд, зеро маҳз ӯ миллатро сарҷамъ кард ва ба кишвар Истиқлоли воқеӣ ва сулҳу ваҳдат овард.

     Таҳти роҳбарии фарзанди барӯманду фарзонаи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон Давлати Тоҷикон қомат рост намуд, тавассути таҷлили ҷашни мубораки Давлати Сомониён ба гузаштаи пурифтихораш назар кард ва бо роҳи бунёдкориҳои рустамона рӯ ба фардои умед овард. Ҳамин тавр, рукнҳои муҳими давлатдорӣ барпо шуданд ва имрӯз якҷоя баҳри тақкими давлати Тоҷикистон саъю талош доранд. Кори тамоми соҳаҳо ҷоннок шуд, пешравиҳо эҳсос ва низоми муайяне ҷорӣ гардид. Иқтисодиёт такон ёфт, маҳсулот афзудан гирифт.

     Тоҷикистон дар даврони Истиқлол ислоҳоти ҷиддии сохториро дар самтҳо ва соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат: идоракунӣ, молия, бонкдорӣ, бахшҳои воқеии иқтисодиёт, инчунин, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оғоз намуда, бо қабул ва татбиқи як силсила барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва андешидани тадбирҳои судманд ба татбиқи нақшаҳои азими рушд заминаи қавӣ гузошт. Дар ин давра, дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омаданд.

     Маҳз бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ натанҳо ба ҳайси забони давлатӣ дар ҳудуди кишвар эътироф гардиду густариш ёфт, балки ӯ бо суханрониҳои худ аз минбарҳои баландтарини байналмилалӣ забони ноби тоҷикиро ба оламиён шинос намуд. Пешвои миллат бо ҳамин амали худогоҳона роҷеъ ба соҳиби тамаддун, фарҳанг, таърих ва забони ғании миллӣ будани тоҷикон ба ҷаҳониён пайваста паём медиҳад.

    Дар замони Истиқлол паҳлӯҳои гуногуни фарҳанги миллӣ таҷдид шуда, такони тоза ёфтанд. Бо шарофати ғамхориҳои доимии Ҳукумат садҳо муассисаи фарҳангӣ: театру толорҳои консертӣ, осорхонаю китобхонаҳо, ёдгориҳои нодири таърихӣ таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе бунёд гардидани Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ ҳамчун марказҳои бузурги илмию фарҳангӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими даврони Истиқлол мебошанд , ки дар хизмати шарҳрвандон қарор доранд.

    Хотирнишон бояд кард, ки маҳз бо шарофати Истиқлол Тоҷикистон дар роҳи таҷдиди назар кардани таърих, адабиёт ва фарҳанги миллӣ қадамҳои устувор гузошт. Бале, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ яке аз бузургтарин ҷашнҳои аҷдодиамон – Наврӯз, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад, аз нав зинда гардид ва ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт. Дар ин давра тамоми суннату оинҳои ин мероси ниёгон эҳё шуданд ва Наврӯз ба яке аз дӯстдоштатарин ҷашнҳои миллии мо мубаддал гардид.

    Аз рӯзҳои аввали эълон кардани Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба ҳайси субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ вориди саҳнаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд. Зимнан, дар назди давлати Тоҷикистон ҳадафҳои бузурге қарор доштанд, ки ҷиҳати расидан ба онҳо андешидани чораҳои муассир барои пешбурди сиёсати мукаммалу мутавозини хориҷӣ зарур буд. Дар тӯли 29 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон равобиту ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судмандро бо кишварҳои гуногуни дунё ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ роҳандозӣ намуда, пайгирона густариш дод.

     Имрӯз мо шукрона мекунем, ки давлати соҳибистиқлол дорем, сарҷамъ ва ором зиндагӣ мекунем. Дастовардҳои Истиқлоли давлатии худро ҳамчун гавҳари қиматбаҳо эҳтиёт мекунем, ба қадри Ватани озоду мустақил ва сулҳу оромӣ мерасем. Ваҳдати миллиро таҳким мебахшем ва дар баробари ин, насли навро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тарбия менамоем.

     Умуман, маҳз бо шарофати ин неъмати худодод, яъне Истиқлоли давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки баъди ҳазор сол асолату ҳувияти миллӣ, таърих ва забону фарҳанги миллӣ, сун­нату арзишҳои неки миллӣ, дар маҷмӯъ, ҳастии миллии худро ба хотири иҷрои рисолати пурмасъ­улият ва пурифтихори таърихӣ – эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ва зиндагии бошарафу босаодати наслҳои имрӯзу фардо эҳё намоем.

Мақсуди НЕЪМАТ

Хондан 725 маротиба

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF