wrapper

Хабарҳо

Панҷшанбе, 03 Сентябри 2020 00:00

СОЗАНДАГИҲО ВУСЪАТИ ТОЗА ПАЙДО МЕКУНАНД

Муаллиф: 
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Дар ноҳияи Дарвоз ба пешвози ҷашни Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ авҷи тоза пайдо кардаанд. Симои шаҳраку деҳот ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳия ба шарофати ин ҷашн куллан тағйир меёбад.

Дар остонаи ҷашни 29-умин сол­гарди Истиқлолияти давлатӣ низ чун анъана даҳҳо биноҳои хуштарҳу зебои истеҳсолӣ, фарҳангию фароғатӣ, танду­рустию варзишӣ бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои мил­лат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дари худро ба рӯи сокинон боз намуданд. Бинои нави ошхона барои сарбозони Вазорати му­дофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Дашти Луч, ифтитоҳи бинои суди ноҳия, корхонаҳои истеҳсолии “Каронкласит”, “Парки инноватсионии саноатию тех­нологии ноҳияи Дарвоз”, меҳмонхонаи панҷситорадор дар деҳаи Паткуноб ва ифтитоҳи боғи истироҳатӣ-фароғатии деҳаи Умарак аз ҷумлаи ин иншоот аст, ки баъзе аз онҳо дар кишвар назири худро надоранд. Ҳамзамон, дар ҳузури Пре­зиденти кишвар санги асоси бинои нави муассисаи давлатии Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ва шабакаи обрасонии деҳаи Дашти Луч дар масофаи 12 км гузошта шуд.

Соли ҷорӣ аз тарафи соҳибкорон ду мағозаи хӯрокворӣ ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ сохта шуданд. Давоми солҳои 2018-2020 аз 55 банди нақшаи чорабиниҳои асосӣ 28 банд ба маблағи 18,5 миллион сомонӣ пурра иҷро шуда, 13 банд дар марҳалаи иҷро қарор до­ранд. Аз 24 банди нақшаи чорабиниҳои иловагӣ 10 банд ба маблағи 8,3 миллион сомонӣ иҷро гардида, дар 7 лоиҳа корҳои созандагӣ идома доранд.

Бояд иброз намуд, ки аз 10 банди дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафарҳои кориа­шон ба ноҳияи Дарвоз баён доштанд, аз ҷумла ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди тиллои пошхўрда, соли ҷорӣ ба 56 на­фар шахси воқеӣ иҷозатнома бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ аз тарафи Вазо­рати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст. Бо мақсади дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани ағбаи Хобу – Рубот 2 булдозер аз тарафи Вазорати молия ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуданд.

Айни ҳол ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бошукӯҳи 30-сола­гии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Сағирдашт ва пули мошингузари деҳаи Дашти Шери ҳамин ҷамоат, ду синфхонаи иловагии деҳаи Зев, маркази хизматрасо­нии маишӣ дар деҳаи Дуробак ва маркази савдо дар деҳаи Қалъаихумб, таъмири асосии клуби деҳаи Курговад, китобхона ва бунгоҳи тиббии деҳаи Зиғар, нуқтаи фурўши сӯзишворӣ дар деҳаи Тоғмай, ҳаммом ва меҳмонхона дар мавзеи даш­ти Сохинги деҳаи Кеврон, кошонаи ҳусн ва сартарошхона дар деҳаи Рузвай, бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии рақами 49-и деҳаи Умарак, фароғатгоҳи мавзеи Яхчи Миёна бо меҳмонхона, ошхона ва маркази қабули сайёҳон бо маром ҷараён доранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давла­тии ноҳияи Дарвоз бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-со­лагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои иловагӣ андеши­да, баҳри вусъати корҳои созандагиву ободонӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда босамар истифода карда истодааст.

Довари БОВАР,

ВМКБ

 

Хондан 2144 маротиба

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF