wrapper

Хабарҳо

   «Халқе, ки дар замираш тухми бунёдкорӣ ва созандагӣ сабз шудааст, ба ояндаи нек умед баста метавонад. Конститутсияи кишвари мо аз замири халқ рӯидааст. Онро ба ояндаи неку обод роҳнамоӣ мекунад». Ин суханон аз забони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар рӯзи қабули Конститутсияи мамлакат – 6 ноябри соли 1994 садо дода буданд.

   Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон китобест, ки танҳо ба манфиати халқ иншо шуда, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро возеҳ нишон медиҳад ва ҳифз мекунад. Он барномаи амали Ҳукумати мамлакат ва ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Шаҳрвандон таҳти мафҳуми Конститутсия, дар ҳақиқат, бахту саодат ва давлату шарафи худро мебинанд.

   Халқи тоҷик ва давлати Тоҷикистон бо қабули Конститутсияи худ ба оламиён нишон доданд, ки қодиранд сарнавишти хешро худ ҳал бикунанд ва давлати демокративу ҳуқуқбунёду дунявӣ бунёд намоянд. Воқеан, Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори панҷ Конститутсияи беҳтарини давлатҳои ҷаҳон эътироф шудааст. Ин, пеш аз ҳама, ишора ба он меъёрҳои Конститутсия мебошад, ки онҳо зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократиро гузоштаанд.

   Тағйироти дар солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия воридгарида ин меъёрҳоро боз ҳам мукаммалтар намуд ва тибқи онҳо ҷомеа ба марҳалаи навбатии инкишофи худ ворид шуд. Тағйиру иловаҳои нави ба Конститутсия воридшуда дар соли 2016 меъёрҳои ин ҳуҷҷати муҳимро боз ҳам такмил доданд ва он акнун барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат карда истодааст.

   Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ, муҳимтарин арзишҳои бунёдии ҷомеаи башариро барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ҷомеа ва давлат дар худ таҷассум намуда, хусусиятҳои давлати Тоҷикистонро ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзёбӣ кардааст.

   Ин Қонуни асосӣ манфиатҳои олии миллат ва кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистонро инъикос намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро шарти асосӣ ва бақои давлату миллат медонад. Он барои мустақилияти сиёсию иқтисодӣ, пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна, боло рафтани эътибори давлату миллат дар муносибатҳои байналмилалӣ ва таъмини суботи сиёсию иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон шароити мусоиди ташкилии ҳуқиқиро фароҳам овардааст.

   Возеҳу рӯшан аст, ки дар пурра гардидани қисми даромади буҷети давлатӣ воридоти маблағи андозҳо ҳам, алббатта, мусоидат мекунад. Андоз, ки мутобиқи Кодекси андоз хисоб карда шудааст, аз уҳдадориҳои пулӣ дар назди давлат иборат буда, бояд ба буҷети давлатӣ пардохт шавад. Дар моддаи 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳамин муқаррарот равшан оварда шудааст: «Супоридани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, ҳатмист».

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обрӯ мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунад, танҳо ҳамон давлате нуфуз пайдо мекунад, ки шаҳрвандонаш, сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон, эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузоранд».

   Бале, месазад, ки Конститутсияи мамлакатамонро ҳамеша эҳтиром ва талаботи онро риоя кунем. Мо бояд ба қадри он расем, дар ҳамин сурат иқболу давлату шарафи бузург насибамон мегардад.

   Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

«Боҷу хироҷ»

Маводҳои дигар дар ин бахш: Парчам рамзи садоқат »

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF