wrapper

Хабарҳо

   Парчами давлатии Тоҷикистон дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ, нишонаи соҳибихтиёрии давлат, рамзи Истиқлолияти давлатӣ, дӯстиву бародарии ҳамаи халқу миллатҳои кишвар ба шумор меравад. Парчам рамзи садоқату рафоқат, шаъну шараф ва таҷассусгари ифтихору ору номуси ватандорист.

   Ҳанӯз дар рӯзи нуҳуми Иҷлосияи XVI – Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар зеҳну тафаккури мардум ҳамчун иҷлосияи сарна­виштсоз устувор шудааст, яъне 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасдиқ гардид. Ҳамин тавр, ин иҷлосия, ки сароғози таҳаввулоти бунёдӣ дар зиндагии иҷтимоӣ ва низоми идории мамлакат ба ҳисоб мерафт, бо тасдиқи Парчами давлатӣ ба ҷаҳониён исбот кард, ки эҳёи давлати миллии тоҷикон аз эҳёи яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ- Парчами кишвар оғоз меёбад.

   Бояд таъкид кард, ки оини парчамдории миллати сарбаланди тоҷик таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дорад. Гузаштагони арҷманди мо ҳазорсолаҳо зери парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоят кардаанд.

   Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои гуногун, ки то мирӯз боқӣ мондаанд, аз парчамдории қадимии тоҷикон гувоҳӣ медиҳанд. Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърихи қадима дорад. Аҷдоди мо ҳанӯз дар замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлатии онҳоро ифода мекард. Аввалин Парчами тоҷикон “Дирафши Ковиён” ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул мешуд.

   Воқеан, дар бораи дирафши ковиёнӣ “Шоҳнома” –и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ҳам маълумот медиҳад. Дар ин асар омадааст, ки Коваи оҳангар вақте дар мубориза бар зидди қувваи бадӣ – Заҳҳок ғолиб меояд, пешбанди чармини худро ба ҳайси дирафш – парчам истифода карда, онро баланд мебардорад ва бо ин амал ғолиб шуданашро ба халқ нишон медиҳад. Баъдан, бо ба даст овардани давлат Фаридунро ба тахт менишонад. Фаридун, дар навбати худ, ба дирафши ковиёнӣ як ситораи дорои чор шохаи зарҳалиро, ки низ бо рангҳои сурху зарду бунафш оро ёфта буд, илова мекунад. Аз ҳамон давра мардуми ориёӣ соҳиби парчами худ гашт.

   Хушбахтона, бошарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ – таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд. Воқеан, дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиқлолият ва ваҳдати миллӣ буда, давлат тавассути он дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мешавад. Имрӯз Парчами миллӣ, ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ, таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунадаи мақсаду маром ва ормони халқи куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб меравад. Парчами мо дар замони Истиқлол василаи асосии таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳнамои халқи мамлакат ба сӯи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоламон дар арсаи ҷаҳон гардидааст. Хусусан, дар пояи баландтарин парафшон кардани Парчами давлатӣ рамзи ифтихору садоқат ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги асили куҳанбунёдамон мебошад., ки маҳз дар замони Истиқлол ба вуқӯъ пайвастааст.

   Парчами миллӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати мутамаддину бомаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллату Ватан ва ҳидоятгару роҳнамои халқ ба сӯи шукуфоӣ ва зиндагии босаодат мебошад. Он ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, мардонагию матинииродагӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст.

   Имрӯз Парчами миллӣ, ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум баҳри ободии кишвар, ҳаммароми “Дирафши Ковиён”- и аҷдодиамон бо тобиши се ранг: ранги сурх- озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз- ободиву хуррамӣ ва миёни онҳо рамзи тоҷи зарини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти та­маддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳии родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

   Мардуми мо бо ифтихор ҷилваи парчами сарбафалаки хешро рамзи ҳувияту огоҳии миллӣ дониста, ба ин рамзи муқаддас шукронаю арҷгузорӣ дорад. Муқаддас будани Парчам дар он зоҳир мешавад, ки инсоният онро барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худ дар ҳар давру замон барои мубориза баҳри ҳаёти осишта, таъмини баробарию баробарҳуқуқӣ ва барқарорсозию тантанаи адолат баланд мебардорад.

   Қадршиносӣ аз давлат ва Парчами он ва ифтихор аз гузаштаву имрӯз ва фардои халқ яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ маҳсуб мешавад. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди интихоб ё таъин гардидан ба мансабҳои ҳокимияти давлатӣ ва хизматчии давлатӣ аз Президенти кишвар то сарбози одӣ пеш аз шурӯъ ба иҷрои вазифа бо тартиби муқарраргардида савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунад. Чун қоида дар ҷои баргузории маросими қасамёдкунӣ Парчам гузошта мешавад, ки эҳсоси муҳаббату садоқат ба Парчамро бори дигар собит менамояд.

   Зикр кардан бамаврид аст, ки бо ин ҳама ифтихору имтиҳони таърихӣ мо шукр мекунем, ки Парчам имрӯз, ҳамчун рамзи озодию худогоҳӣ, ба­рои таҷассуми истиқлол ва ваҳдату бунёдкорӣ заминаи бузургеро мета­вонад эҷод намояд.

   Парчами давлатӣ, дар ҳақиқат, нишонаи бақои миллату давлат, ваҳдати миллӣ ва ҳувияти миллӣ аст. Он беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон маҳсуб мешавад.

   Дар ин иртибот, моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун, нишонаи давлатдорӣ, истиқлолияти Ватан ва чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ, ба ҷо орем. Мо, инчунин, вазифадоре, ки қадру манзалат ва нақшу эътибори Парчами миллиро ба фарзандони худ ва наврасону ҷавонон фаҳмонем ва эҳтиром ба онро талқин намоем.

   Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад”.

   Таманно дорем, ки Парчами давлатии Тоҷикистон, ҳамчун рамзи саодати миллат, ҳамеша парафшон бошад.

“Боҷу хироҷ

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF