wrapper

Хабарҳо

   Дар марҳалае, ки фарзанди шарафманд ва бонангу номуси халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба ба ҳайси роҳбари давлат интихоб гар­дид, халқи тоҷик нав Истиқлолияти давлатии хешро ба даст оварда, рӯзҳои мудҳиштарини ҷанги шаҳрвандиро паси сар мекард. Ҷанги хонумонсӯз ва низои байни тоҷикон Тоҷикистонро ба талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ дучор кард.

   Расидан ба сулҳ кори басо душвор ва ниҳоят мураккаб буд. Баъд аз анҷоми Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, Раиси навинти- хобшудаи Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардондани муҳоҷирон ба Ватан ва шурӯи музокирот бо мухолифини собиқ равона намуд. Иқдоми Эмомалӣ Раҳмон аз ҷиҳати методологӣ дорои аҳамияти ниҳоят бузург буд. Зеро ӯ миллатро ба ғолибу мағлуб ҷудо накард ва савганд хӯрд, ки охирин шаҳрванди фирории Тоҷикистонро ба Ватан баргардонад, миллатро сарҷамъ намуда, ҳама дар якҷоягӣ дар заминаи Ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро созанд. Бо ин изҳороти худ Сарвари давлат аз ибтидо дарҳоро барои музокира кушод ва ин заминаи бисёр муҳим барои дар оянда шурӯъ шудани музокироти байни тоҷикон гардид. Қобили зикр аст, ки дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани Эмомалӣ Раҳмон, фаросати азими мардумпарваронааш, ватанпарастӣ ва миллатдӯстиаш боиси он гардид, ки ӯ ҷони хешро ба гарав монда барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон сафарҳои пурхатар намуда сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намояд.

   Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон ин барқарор намдани сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ дар Тоҷикистон аст. Ба шарофати таъмини сулҳу ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки пойдевори мустаҳкамро бо мақсади гузаштан ба даврони барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои бунёдкорӣ гузорад. Айни ҳол соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 давлати дунё расман эътироф намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлолу дунявӣ бо мақсади ба роҳ мондан ва татбиқи сиёсати дохилаву берунаи кишвар ва ҳимояи ҳуқуқи инсон новобаста аз миллат, нажод ва мансубияти динӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, аз қабили Низомномаи СММ, Қарори хулосавии Хелсинки ва Декларатсияи Порис ва дигар санадҳои байналхалқиро эътироф кардааст. Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазоро дар баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон бо роҳи ҳалли муаммоҳои глобалӣ гузошт. Борҳо ӯ аз минбари баланди СММ баромад намуда, диққати аҳли ҷомеаи ҷаҳониро натанҳо ба муаммоҳои Тоҷикистон, балки масъалаҳои Афғонистону Сурия, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, рушди нобаробарии давлатҳои ҷаҳон, таъмини инсоният бо оби тозаи нӯшокӣ ҷалб намуда, аз ҷумла ӯ аҳли ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли мушкилоти Афғонистон даъват мекунад, зеро маҳз ана ҳамин давлат ба махзани асосии терроризму экстремизм табдил гашта истодааст.

   Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муносибати ҷиддӣ дар самти ҳалли масъалаҳои муҳим вобаста ба инсоният зоҳир намуда, маҳз бо ташаббуси ин марди некфол аз ҷониби СММ Даҳсолаи нави байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 эълон гардид. Айни ҳол аксарият чорабиниҳои минтақавию байналхалқӣ дар доираи ин ташаббус баргузор гардида истодааст ва ин амал ҳисси ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегирад.

   Тӯли 27 соли Истиқлолияти давлатӣ кишвари мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дилпурона бо роҳи бунёди давлати соҳибистиқлолу демократӣ қадам ниҳода, Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дорои муқаддасот, аз қабили Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Асъори миллӣ ва шиносномаи миллӣ мебошад. Пояи асосии давлат-Артиши миллӣ ва қӯшунҳои сарҳадӣ ташкил карда шуда, Тоҷикистон узви бисёр ташкилотҳои байналмиллалӣ гардид ва дар ин самт муносибатҳои муфиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро бо аксар давлатҳои мутамаддини ҷаҳон ба роҳ монд. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бунёди ҷомеаи навини Тоҷикистон пояи мустаҳкам гузошт ва дар кишвар ислоҳоти конститутсионӣ доир намуд. Конститутсияи нави Тоҷикистон таҳия гардида, дар ин ҷода заминаи сиёсиву ҳуқуқиро барои ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997, фароҳам оварда шуд. Ин таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон намунаи ибрат буда, дар аксар конфронсу ҳамоишҳои байналхалқӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, ки асосгузори он Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои барҳаққи миллат мебошад, имрӯзҳо вирди забони ҷомеаи байналмилалӣ гашта, ба ҷаҳониён собит намуд, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати душвор ва сарнавиштсози таърихӣ аз ин неъматҳои худододӣ истифода намуда, худро наҷот медиҳад.

   Дар марҳалаи нави бунёди давлатдории Тоҷикистон, тақдир барои халқи куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик шахсияти беназири таърихӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳадя овард, ки дар вуҷуди ин шахс кулли арзишҳои олӣ, аз қабили адолат, ҷавонмардӣ, ҷасорат, кордонӣ, хирадмандиву ғамхорӣ ва қобилияти нотакрори муттаҳиднамоии халқҳо таҷассум гаштааст. Маҳз ана ҳамин сифоти беҳтарини Эмомалӣ Раҳмон ба дили миллионҳо мардуми ҷаҳон роҳ ёфта, ӯро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун шахсияти “Сулҳофар” муаррифӣ намуд ва ҷомеаи тоҷикро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ эҳдо намуд.

Бахтиёр СУЛТОН,

сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF