wrapper

Хабарҳо

   Соҳибкорӣ - фаъолияти мустақилонаи аз рӯи таваккал амалишаван-даи шахсони бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташудаест, ки барои ба даст овардани фоида аз истифодаи молу мулк, истеҳсол, фурӯши мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) равона шудааст. Ба сифати субъектҳои соҳибкорӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштаанд, баромад менамоянд.

   Мувофиқи моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Дав­лат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.

   Воқеан давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, ки сарчашмаи ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолии мамлакат аст, ҷиҳати муқаррар на­мудани имтиёзҳо ба соҳибкорон тамоми чораҳои ташкиливу ама­лиро меандешанд.

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мена­моянд ва баҳри рушду инки­шофи соҳаи мазкур, ҷорӣ на­мудани имтиёзҳо ба соҳибкорон ва дастгирӣ намудани онҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ дастуру супоришҳо медиҳанд. Ва дар ин замина, Сарвари давлат дар паёмҳои ҳарсолаашон такли­фу пешниҳодҳои қонунгузорӣ дар соҳаи соҳибкорӣ манзур мена­моянд, ки онҳо воситаи муҳими такмили қонунгузории мамлакат дар самти мазкур мебошанд.

   Чунончи, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2005 тазаккур доданд, афзои­ши даромади буҷети давлатӣ набояд бо роҳи зиёд кардани гаронии андоз ба иқтисодиёт, балки аз ҳисоби вусъат додани заминаи андозбандӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хусусӣ, мах­сусан соҳибкории хурду миёна, маҳдуд намудани доираи фаъо­лияти иқтисоди пинҳонӣ, беҳтар ба роҳ мондани баҳисобгирии андозсупорандагон ва объектҳои андозбандӣ анҷом дода шавад. Дар баробари ин, дар Паём Сарва­ри давлат аз камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи соҳибкорӣ сухан карда, иброз намуданд, ки «бе пешрафти соҳибкории хурду миёна ба рушди рузафзуни иқтисодиёт, зиёд наму­дани ҷойҳои корӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ ноил шудан ғайриимкон аст. Аммо, мутаасси­фона санадҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти соҳибкории хурду миёна то ҳанӯз пурра муайян на­шудаанд». Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат зарурати таҳия ва қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастги­рии соҳибкории хурду миёна», «Дар бораи санҷиши субъектҳои хоҷагидор», «Дар бораи тан­зими техникӣ» ва «Дар бораи ташкилотҳои худидорашаванда»- ро муҳим дониста, ворид намуда­ни тағйиру иловаҳои заруриро ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давла­тии шахсони ҳуқуқӣ», «Дар бо­раи литсензиякунонии намудҳои алоҳидаи фаъолият» ва «Дар бо­раи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» таъкид намуданд.

   Паёми Президенти Ҷyмҳypии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 дар шароите пешниҳод гардид, ки саросари ҷаҳонро бӯҳрони шадиди молия­вию иқтисодӣ фаро гирифта буд. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат дар Паёми мазкур ба хотири нигоҳ до­штани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, доир ба вазъи иқтисоди кишвар, роҳҳои то ҳадди имкон кам кардани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молия­вию иқтисодӣ изҳори андеша на­муданд. Аз ҷумла, зикр карданд, ки вазъи баамаломада Ҳукумати мамлакатро водор месозад, ки масъалаи аз нав дида баромадани захираҳои моддиву молиявиро бо мақсади ба соҳаҳои афзалиятнок равона сохтани онҳо баррасӣ карда, оид ба ворид намудани тағйироти дахлдор ба Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» пешниҳодоти мушаххас манзур намояд.

    Тазаккур дода шуд, ки ба­рои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи муфлисшавӣ» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол гардиданд.

   Дар алоқамандӣ ба зарура­ти қабул намудани қонунҳои зикргардида Сарвари давлат таъкид доштанд: «қабули ин се қонун барои беҳтар гардида­ни нишондиҳандаҳои эътибо­ри байналмилалии Тоҷикистон дар самти пешбурди фаъоли­яти соҳибкорӣ таъсири мусбат расонида, ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сармоягузории хориҷӣ ва ташвиқи аҳолӣ ба соҳибкорӣ мусоидат хоҳад кард».

   Паёми навбатии Президенти Ҷyмҳypии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 20 апрели соли 2011, ки дар арафаи истиқболи бистумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷyмҳypии Тоҷикистон ироа гардида буд, оид ба идома додани ислоҳот дар бахши андоз вобаста ба ҳарчи содда кардани низоми андозбандӣ ва кам кар­дани шумораи андозҳо тавассути муносиб сохтани миқдори уму­мии онҳо ишора гардид. Ва ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки то нимсолаи дуюми соли 2012 лоиҳаи Кодекси андозро дар таҳрири нав таҳия намуда, ба муҳокимаи он доираи ҳарчи васеи мутахассисону коршиносон, соҳибкорон ва дигар андозсупо­рандагонро ҷалб намояд.

   Пешвои миллат дар ҳамин Паём ба масъалаи соҳибкорӣ диққати махсус дода, ба комёбиву дастовардҳои ноилгардида дар ин самт ва баҳри боз ҳам беҳгардонии соҳаи соҳибкорӣ изҳори ақида карданд. Аз ҷумла, тазаккур дода шуд, ки «Дар самти ислоҳот ва рушди соҳибкорӣ солҳои охир мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Ислоҳоти гуза­ронидаи мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифта, Тоҷикистон соли дуюм аст, ки ба қатори даҳгонаи давлатҳои ислоҳотгар шомил мегардад.

   Вале боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, аз ҷумла бо роҳи аз байн бурдани монеаҳои сунъии маъмурӣ ва кор­рупсия самти стратегии сиёсати иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд».

   Бинобар ин, Сарвари давлат дар Паёми мазкур мужда до­данд, ки бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар истеҳсолот бо дарназардошти ҷалб намудани техника ва техно­логияи муосир ва тадриҷан афзун намудани истеҳсоли маҳсулот дар дохили кишвар барои ҳама гуна тафтишу санҷиши фаъолияти соҳибкороне, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд, дар муддати се соли аввал мораторий эълон карда мешавад. Инчунин, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ»-ро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намоянд.

   Ҳамин буд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» (3 июли соли 2012) қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки он асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва (ё) техникаю техно­логияи навро барои васеъ кардани на кам аз нисфи истеҳсолот ҷалб менамоянд, муайян ва тартиби татбиқи мораторияро муқаррар, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.

   Илова бар ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» қабул гардид ва 28 де­кабри соли 2012 аз ҷониби Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардид. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва таш­килии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тартиби татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусу­сиро дар соҳаи инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ муайян карда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии давлат ва бахши хусусиро таъмин менамояд.

   Зимнан дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 бори дигар ба бахши соҳибкорӣ диққати махсус зоҳир карда ме­шавад. Минҷумла, бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ ва такмили қонунгузории соҳа ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супо­риш дода шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»- ро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намояд.

   Дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ 22-юми декабри соли 2017 Пешвои миллат аз санҷишҳои беасосу такрории субъектони соҳибкорӣ изҳори нигаронӣ намуда, зикр карданд, ки мутобиқи қонунҳои амалкунан­да айни ҳол фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро 78 мақоми санҷишу назорат ва иҷозатдиҳандаву иҷозатномадиҳанда, инчунин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Ва бо сабаби он, ки санҷишҳо асосан нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ татбиқ мегарданд, дар нуҳ моҳи соли 2017 ба ҳар як шахси ҳуқуқии фаъолияткунанда 5 санҷиш рост омадааст.

   Бинобар ин, Сарвари давлат бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусо­ид барои рушди соҳибкорӣ дар мамлакат пешниҳод намуданд, ки ба ҳама гуна санҷишҳои фаъо­лияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ дар давоми ду соли мин­баъда мораторий эълон карда шавад.

   Аз ин лиҳоз, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асос­гузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёма­шон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2017 бармеоянд ва ҷиҳати дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ, таъмини барномаҳои қабулшудаи давлатӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунан­даи воридот, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, во­ридот ва таҳвили минбаъдаи автомашинаҳои нав, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ, таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табо­бат, инчунин воридоти тех­нологияву таҷҳизот ва маво­ди истеҳсолот барои таъми­ноти соҳаи парандапарварӣ, воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои за­монавии мусофиркашонӣ, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мора­торий ба санҷишҳои фаъолия­ти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи во­рид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба во­рид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» таҳия ва ба Маҷлиси намоянда­гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод гардиданд.

   Қонунҳои зикргардидаро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул намуд. Қонунҳои номбурда аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар низ ҷонибдорӣ карда шуданд. Ҳамаи онҳо аз ҷониби Президен­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расиданд.

   Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба­рои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ заминаҳои ҳуқуқии кофии фаъолият ташкил ва муҳайё карда шудаанд.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,

мушовири калони

Кумитаи Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон

147 Шарҳҳо

  • Навиштани шарҳи нав lebron 15 shoes Душанбе, 21 Октябри 2019 23:47 навиштааст lebron 15 shoes

    Needed to create you the bit of note just to thank you very much yet again just for the splendid basics you have shared in this case. This has been really tremendously open-handed with you to deliver unreservedly all that a lot of people would have supplied as an e-book to end up making some cash for themselves, most importantly now that you could possibly have done it in the event you wanted. Those tricks additionally served to provide a good way to understand that some people have the same interest similar to mine to know the truth good deal more with regard to this problem. I'm sure there are several more pleasant opportunities in the future for individuals who examine your blog post.

  • Навиштани шарҳи нав air jordans Душанбе, 21 Октябри 2019 01:24 навиштааст air jordans

    Thanks a lot for giving everyone a very splendid chance to discover important secrets from this website. It's always so lovely and as well , jam-packed with a great time for me personally and my office colleagues to search your website at minimum three times in 7 days to read the newest items you will have. And definitely, I'm certainly impressed with all the sensational inspiring ideas you serve. Selected two points in this posting are easily the very best I've had.

  • Навиштани шарҳи нав nike kd 11 Якшанбе, 20 Октябри 2019 02:29 навиштааст nike kd 11

    I wish to get across my admiration for your kindness in support of individuals that absolutely need assistance with the study. Your real dedication to passing the solution all-around appeared to be rather invaluable and has specifically allowed employees much like me to get to their targets. Your amazing helpful help and advice denotes a great deal a person like me and especially to my office workers. Regards; from all of us.

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF