Вақте аз Истиқлолияти миллӣ ҳарф мезанем, пеш аз ҳама, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотир меояд, ки гуфтааст: «Истиқлолият ҳамчун рукни бунёдии озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳувияти миллии мо ба шумор меравад».
Дар ҳақиқат, Истиқлолият боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар даҳ асри охир мебошад. Он муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи гӯёи озодии миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат аст.
Дастовардҳои кишвари мо дар ин фосилаи кутоҳи таърихӣ барқарор намудани сулҳи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ аст, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.
Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, эълони Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро парешон сохт. Кишвар ба гирдоби намоишҳои эътирозию мухолифатҳои бардавом фурӯ рафт. Бархӯрдҳои ҳарбию сиёсӣ дар саросари ҷумҳурӣ асар гузошт. Фардои миллат зери хатар қарор гирифт.
Вакилони халқ, иштирокчиёни Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, дар вақти интихоби якдилонаи вакили парламент, раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Раиси Шӯрои Олӣ ба ихтиёри ӯ сарварии ана ҳамин гуна давлати қариб ба се порча ҷудошударо супориданд. Он шабу рӯз на ҳар кас ҷасорат мекард, то чунин масъулияти бузургро бар дӯш бигирад.
Замоне, ки вакилон Эмомалӣ Раҳмонро бо аксари овозҳо Раиси Шӯрои Олӣ, Сарвари давлат интихоб намуданд, ӯ баъди ёд кардани савганд ва бӯсидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сари минбар ҳарфҳои зеринро ба забон овард: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард! Ман ба шумо сулҳ меоварам! То як тоҷик дар ғурбат аст, ором нахоҳам шуд!». Ин суханони Сарвари давлат вирди забонҳо гардиданд. Иҷлосияи XVI таърихӣ ба истиқрори сулҳу ваҳдат ибтидо гузошт. Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои вазифа шурӯъ карда, ҳамзамон, рисолати бузургеро бар дӯши хеш гирифт, ки он қатъи ҷанг, барқарории сулҳу созиш ва оштии миллӣ буд.
Ӯро ба иҷрои рисолати мазкур хотираи неки ҳазорон нафар қурбониёни ҷанг, чашмҳои чори тифлон, модарону хоҳарон, пиронсолон, мардону занони ломакон, харобазорони кишвар ва тақдири минбаъдаи мамлакат водор сохта буданд. Аз ин сабаб, бо роҳи ба сулҳу ваҳдат ва ризояти миллӣ овардани Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон ва Тоҷикистонро аз хатари нобудшавӣ комилан раҳо кард, ҳамзамон, ҳаёти муътадилу зиндагии нисбатан осоишта ва бехатарии бардавомро дар Осиёи Марказӣ таъмин намуд.
Бо шарофати Истиқлолият ва баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ мо ба дастовардҳои бузурги давлатдории миллӣ ноил гардидем. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ва молиявӣ пазируфта шуд. Имрӯз ташабуссҳои созандаи Тоҷикистон дар масъалаҳои об, экология, сулҳофаринӣ, татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ ва амсоли ин аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон ҳамовозӣ пайдо мекунанд, ки боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди мамлакат аст.
Дар симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърих бори дигар собит сохт, ки наҷоти ҳар як давлату миллат дар лаҳзаҳои ҳассосу фоҷиабор бо зуҳури шахсияти бузурги миллӣ вобастагии зич дорад. Аз ин лиҳоз, ифтихор аз шахсияти Пешвои миллат, аз хидматҳои ин марди бузург ифтихор аз миллату Ватан аст, чун маҳз ӯ бо рисолати таърихии худ давлатдории тоҷиконро амалан наҷот дод.
Аз рӯи баҳои сиёсатмадорону таърихнигорон, агар Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат намеомаду дар ин мақом кор намекард, чунин сулҳи пойдор ва саодату ягонагӣ ҳам ба даст намеомад. Зеро ҳар як сиёсатмадор вобаста ба неруи ақлонию корӣ, ҷаҳондорию ҷаҳонбинӣ боз хусусиятҳои хосаи касбие дорад, ки он ба сиёсату кори давлатӣ таъсир мерасонад. Чунин мушаххасот, хушбахтона, дар даҳсолаи охири асри гузашта ба манфиати миллат буд.
Бале, Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадорест, ки садоқаташро ба асосҳои олии давлатдорӣ: адлу инсоф, таҳаммулгароӣ, демократияю қонуният ба таври барҷаста нишон додааст ва собит кардааст, ки ин аслҳо дар сиришти ӯ ва дар бунёди ӯ ҷои устувор доранд. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки халқи тоҷик ба дастовардҳои азим ноил гардид.
Агар ба таърихи марҳалаҳои тайкардаи бисту нуҳ соли Истиқлолият ва бисту се соли Ваҳдати миллӣ назар андозему таҳқиқ кунем, маълум мегардад, ки дар ҳар як саҳифа ва дар ҳар як лаҳзаи таърихӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷои аввал меистад, зеро бо ибтикороте, ки пеша кардааст, ӯ Тоҷикистонро натанҳо дар миёни кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ кард, балки тавонист халқи худро зери як парчами миллӣ муттаҳид намуда, ба муваффақияту музаффариятҳо ноил шавад.
Таҳлили таҷрибаи бисёр халқу кишварҳо нишон медиҳад, ки истиқрори сулҳу ваҳдат, рушду инкишофи давлат ва устувор намудани инфрасохтори он кори басо мушкил аст ва муддати тӯлониро талаб мекунад.
Тоҷикистон имрӯз аз лиҳози мавқеи геосиёсӣ дар чорсӯи бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва низомҳои сиёсию идеологӣ қарор дорад, аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими давлат корҳои зиёдеро ба анҷом расонем.
Барои ҷавонон ва насли наврас, ки Президенти ҷумҳурӣ бо эътибори махсус онҳоро ояндаи миллат номидааст, вазъи минтақаву муноқишаҳои атрофи он норавшан ва то ҷое тасаввурнопазир менамояд. Бинобар ин, Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунад, ки сиёсатмадорон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аҳли қалам ва кормандони васоити ахбори омма, инчунин, ҷавонон зинҳор зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дастовардҳои мамлакатро ҳимоя намоянд. Ҳамзамон, наврасону ҷавононро аз пайомадҳои талх, алалхусус, пайравии кӯр-кӯронаву ғофилона аз идеологияҳои бегона ва ғояҳои такмилёфтаи кишварҳои хориҷӣ ҳушдор диҳанд. Онҳоро огоҳ намоянд, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзишмандтарин дастоварди миллист ва халқи тоҷик онро бояд ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ҳамеша азизу муътабар донад. Зеро бадхоҳони миллат ва гурӯҳҳои гунонуни манфиатхоҳ бо роҳҳои гуногун ҳанӯз мехоҳанд мақсадҳои нопоки худро дар кишвари мо амалӣ намуда, садди пешрафту шукуфоии мамлакат гарданд.
Вобаста ба ин, ҳар як шаҳрванди худогоҳу баномус дар роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ бояд ҳамеша дар паҳлӯи Пешвои миллат бошад, зеро ободию пешрафти кишвар аз ҳар як сокини ватандӯсти он вобаста аст.
Андешаи миллатсози ваҳдат ҳамон вақт самараи дилхоҳ меорад, ки агар моҳияту мафҳуми Ватану ватандорӣ, қадру манзалати Истиқлоли давлатӣ, худшиносиву ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қалбу шуури ҳар як сокини мамлакат ҷой гирад. Агар ҳар яки мо дар рушду таҳкими истиқлолу ваҳдат ва дигар арзишҳои муқаддаси миллиамон сидқан саҳм гузошта, дар паҳлӯи Пешвои миллат бошему дар атрофи давлати миллиамон муттаҳид шавем, пас метавонем чун миллати воҳид бо асолату фарҳанг ва симои хоси худ миёни давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон мавқеи сазовор пайдо кунем.
Мақсуди НЕЪМАТ



