Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти миллиро ба даст овард, ки ин сана барои мардуми тоҷик санаи сарнавиштсоз ба шумор меравад. Халқи тоҷик аз азал соҳибдавлату соҳибтамаддун буду ҳаст ва хоҳад монд. Албатта, барои ба даст овардани ин неъмати бебаҳо саҳми халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Чун дар остонаи ин ҷашни бузург қарор дорем, наметавонем чанд саҳфаи таърихро варақгардон накунем.
Вақте миллати тоҷики соҳибтамаддунро иғвогарони аҷнабӣ ба гурӯҳҳо қисмат намуданд, кишвар рӯз аз рӯз рӯ ба таназзул мениҳод. Ҳамаи бетартибиҳо пеши назар рух медоданд. Сӯхтор, куштор, бесарусомониҳо, валангор шудани хонаву коргоҳҳо, аз байн рафтани оромиву осудагӣ, ноамнӣ ва ғайраҳо ҳама паси якдигар ба амал меомаданд. Қариб ҳар хонаводаи тоҷикро оҳу нола фаро гирифта буд. Арӯсон ноком, фарзандон ятим, модарону ғутавар дар дарёи ғам. Ҳамарӯза оҳу фиғон аз кӯчаву маҳаллаҳо ба фалак мепечид. Қисмати дигари аҳолӣ рӯ ба давлатҳои бегона оварда, ба худ номи «гуреза»-ро гирифта буданд. Мардум паҳну парешон, мулк дар вартаи нестӣ қарор дошт. Бо иборае, халқ сари калобаи худро гум кардаву чӣ кор карданашро намедонист.
Дубора рӯ ба хушиву беҳбудӣ овардани халқи тоҷикро касе бовар надошт. Қисмати калони зиёиён ҳам кишварро тарк мекарданд. Соҳибмансабон низ ҷони худро кафи даст гирифта, ба давлатҳои дигар кӯч мебастанд.
Хушбахтона, толеи халқи тоҷик маҳз дар чунин лаҳзаҳои вазнину навмедӣ мадад намуд, ки фарзанди фарзонаашро сарвар интихоб кунанд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон бо интихоби Роҳбари нави давлат Эмомалӣ Раҳмон дар саҳфаи таърих бо ҳарфҳои зарин сабт гардид.
Бахти тоҷикон омад кард. Зиндагии мардум акнун маҷрои дигар мегирифт. Маҳз бо шарофати Сарвари тозаинтихоби давлат, фарзонафарзанди халқи тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар осудагию оромӣ ҳукмфармо мешуд. Гурезагон ба манзилҳои худ баргардонида мешуданд. Роҳбари давлат дар ҳамон шабу рӯзҳои ноамн ҷонашро рӯи каф гирифта, ба давлатҳои ҳамсоя баҳри овардани мардум сафар кард ва онҳоро тавонист ба Ватан баргардонад. Ҳатто муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қавл доданд, ки то нафари охирини гурезагонро ба Ватан бармегардонад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Гурезагон ба манзилҳои худ баргаштанд. Осоиштагии мардум барқарор мегардид. Зиндагӣ рӯ ба осоиштагӣ мениҳод.
Инак, солҳо паси ҳам сипарӣ мегарданд. Зиндагӣ рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Нахуст шукргузори он ҳастем, ки дар чунин кишвари орому осуда таҳти ливои сулҳу субот умр ба сар мебарем. Кишвари соҳибистиқлоли мо агарчи ҳанӯз ҷавон аст, аммо аллакай, онро дар арсаи ҷаҳон мешиносанду эътироф мекунанд. Пеш аз ҳама, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд Тоҷикистони азизро дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ намоянд.
Дар навбати худ, сокинони кишвар низ ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат бо кору пайкори шоиста дар шукуфоии Ватан саҳм мегузоранд.
Меваҳои шаҳдбори Истиқлолияти Тоҷикистон аст, ки пайваста ҷавонону наврасон дар арсаи ҷаҳон парчами давлати хешро болобардор шудаанд. Иштирок дар озмуну мусобиқоти сатҳи ҷаҳон гувоҳи гуфтаҳост.
Сохта ва мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳҳои сатҳи замонавӣ низ аз дастовардҳои Истиқлолият маҳсуб мешавад. Баҳри истироҳати сокинони кишвар бунёд ёфтани боғҳои фароғатию фарҳангӣ, ки вақтҳои охир теъдодашон меафзояд, маҳз дар замони соҳибистиқлолии Ватани азизамон рӯи кор омадаанд. Муҳасилони макотиби оливу миёнаи Тоҷикистон хеле хуштолеанд, ки дар таълимкадаҳои муҷаҳҳазу замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ тадриси илм доранд. Кушода шудани кӯдакистону парваришгоҳҳои наву замонавиро низ нодида намегирем, зеро кӯдакон акнун метавонад дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҷаҳонбинӣ тарбият ёфта, ҳамзамон, қоидаҳои ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд.
Шикофтани синаи кӯҳҳо ва бунёди нақбҳову ба истифода додани неругоҳҳо, аз ҷумла НБО «Роғун», ки чархаҳои якуму дуюми , аллакай, ба кор андохта шудааанд, ҷаҳонро дар ҳайрат гузоштааст. Ин ҳама самари Истиқлолияти Тоҷикистони азиз аст.
Вақте тариқи расонҳои хабарӣ аз таъсиси корхонаҳои нав ба нави саноатӣ воқиф мегардем, ростӣ, вуҷудамро эҳсосот фаро мегирад ва чашмонам аз ашки шодӣ лабрез мегардад. Ин ҳама неъматро дида, шукронаи Истиқлолияти Тоҷикистони азизамро мекунам.
Аз зебоиву сарсабзиҳои кишвар, хоса пойтахти давлатамон – шаҳри Душанбе ёдовар шудан хеле бамаврид аст. Зеро, дар ҳақиқат, маркази кишварамон ободу зебост. Қомат афрохтани биноҳои нави замонавӣ барои зисти сокинон ва пайи ҳам кушода шудани дӯкону фурӯшгоҳҳо, коргоҳҳои наву биноҳои истиқоматӣ басо ҷолиби диққат буда, аз пешравӣ ва рӯ ба ҳаёти осоишта ниҳодани мардум дарак медиҳанд.
Ҷумхурии Тоҷикистон барои бунёд намудани давлати ҳуқуқбунёд ҷидду ҷаҳди зиёд намудааст. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки раванди нави таърих бар дӯши давлати соҳибистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккаб, масъулиятнок ва вазнин гузошт. Дар халли ин вазифаҳо Конститутсияи Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозид.
Барои ҳифзи мустақилияти давлатӣ миллати тоҷик таҳти роҳбарии Президенти мамлакат ҷоннисориҳои зиёд намудаанд.
Дар бораи Истиқлолияти давлати Тоҷикистон, агарчӣ садҳо асар эҷод кунем ҳам, гумон мекунам, ки боз ҳам кам аст. Ҳамин қадар мегӯям: ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри Истиқлолият бирасем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Тоҷинисои ЗАЙНИДДИН