wrapper

Хабарҳо

  Дар замони рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ ва техникаи муосир баъд аз мутолиаи чунин хабар сокинони кишварамон, албатта, ангушти ҳайрат мегазанд, зеро телевизори сиёҳу сафед кайҳо аз байн рафта, ҷойи онро дар зиндагиашон телевизорҳои наву замонавии ранга гирифтаанд. Аммо дар кишвари мутараққии Британияи Кабир истифодаи телевизори сиёҳу сафед то ҳол як ҳодисаи муқаррарӣ аст. Сабаб чист?

   Дар Британияи Кабир то ҳол зиёда аз 7 ҳазор оила телевизорҳои сиёҳу сафед тамошо мекунанд – чунин аст маълумоти омори фурӯшандагони иҷозатнома барои тамошои телевизор.

    Чунин бочро бояд ҳамаи оилаҳои Британияи Кабир барои тамошои мустақими телевизор пардохт кунанд.

    Иҷозатнома ду навъ – барои телевизорҳои ранга ва телевизорҳои сиёҳу сафед муқаррар шудааст.

   Агар ба маълумоти оморӣ бовар кунем, нисбат ба шаҳрҳои дигар дар пойтахти Британияи Кабир - шаҳри Лондон оилаҳои зиёдтар телевизорҳои сиёҳу сафед тамошо мекунанд. Тибқи маълумот танҳо соли ҷорӣ дар шаҳри Лондон ба 1768 оила иҷозатнома барои телевизори сиёҳу сафед фурӯхта шудааст.

   Соли 2000 - дар остонаи қарни нав дар Британияи Кабир 212 ҳазор оила соҳиби иҷозатнома барои тамошои телевизорҳои сиёҳу сафед буданд. Қайд кардан лозим аст, ки телевизори ранга дар Британияи Кабир ҳанӯз зиёда аз 40 сол пеш, яъне соли 1967 пайдо шуда буд.

   Бо кадом сабаб аҳолӣ то ҳол аз телевизорҳои сиёҳу сафед истифода мекунанд?

   Иҷозатнома барои телевизор чӣ гуна ҳуҷҷат аст?

   Вақте ки солҳои 1930 ширкати Би-би-си ба пахши барномаҳои радио ва телевизион оғоз намуд, масъалае ба миён омад, ки ширкат чӣ тавр маблағгузорӣ карда шавад, то ин ки мустақилияташро нигоҳ дорад.

   Ҳамон айём се роҳ мавҷуд буд: Би-би-си аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ шавад, ба вай имконият дода шавад, ки аз ҳисоби реклама фаъолият кунад ё аз ҷайби ягон одами басо сарватманд қарз гирад. Вале ҳамаи се роҳи мазкур мустақилияти идораи редаксияи ширкати телевизиону радиоро кафолат намедоданд, зеро ҳатто бе амри бевосита журналистон хоҳу нохоҳ манфиатҳои сармоягузоронро ба эътибор мегирифтанд. Маҳз бо ҳамин сабаб идеяи иҷозатнома ба миён омад. Ҳар оилае, ки радио мешунавад ё телевизор тамошо мекунад, бояд ба почта рафта, маблағ пардохт кунад ва иҷозатнома гирад. Хадамоти алоқа маблағи бадастомадаро ба таври автоматӣ ба суратҳисоби Би-би- си мегузаронд. Ҳукумат тибқи қонуне, ки аҳолиро барои хариди иҷозатнома уҳдадор месозад, ҷараёни воридот ва хароҷоти маблағҳои мазкурро назорат мекунад.

   Би-би-си маблағҳоро тибқи салоҳдиди худ харҷ мекунад, аммо хароҷоташ шаффоф аст, зеро ҳар сол дар бораи воридоту   хароҷоти маблағҳои аз ҳисоби фурӯши иҷозатнома бадастомада дар матбуот ҳисоботи муфассал ба табъ мерасонад.

   Аз соли 1991 сар карда, ширкати Би-би-си маблағи иҷозатномаро худаш бо кӯмаки контракторҳо ҷамъоварӣ мекунад.

   Аммо телевизорҳои сиёҳу сафед чӣ нақш доранд?

   Нархи иҷозатнома барои тамошои телевизорҳои ранга ва сиёҳу сафед гуногун аст. Ҳоло нархи яксолаи тамошои телевизори ранга 150,5 фунт стерлинг (қариб 200 доллар) буда, нархи тамошои телевизори сиёҳу сафед 50,5 фунт стерлинг, яъне қариб ду баробар аз ранга арзон аст.

   Сокинони Британия ба мақомоти иҷозатномадиҳанда худашон ихтиёрӣ дар бораи аз кадом намуди телевизор истифода бурданашон маълумот пешниҳод мекунанд. Намояндагони TV Licencing (мақоми иҷозатномадиҳанда) барои санҷидани намуди телевизор ба манзили сокинон нозир нафиристода, ба сухани онҳо бовар мекунад.

   Боҷи мазкур чӣ тавр ҷамъоварӣ карда мешавад?

   Бюрои омори миллии Британияи Кабир соли 2002 маблағ барои тамошои телевизорро расман боҷ номид. То ҳамон сол пардохти муқаррарии хизматрасонӣ номида мешуд.

   Аз як тараф, ходимони мақоми иҷозатномадиҳанда мегӯянд, ки онҳо дар ихтиёрашон техникаи сершумори назораткунанда доранд, ки онҳо қобилияти дар кадом манзил тамошо кардани кадом намуди телевизорро муқаррар мекунанд.

   Аз тарафи дигар, онҳо дар ихтиёри худ махзани пурраи маълумот оид ба суроғаи ҳамаи соҳибони телевизорҳо ва иҷозатнома доштану надоштана­шонро дар даст доранд.

   Агар шумо телевизорро дар пахши мустақим ё тариқи онлайн тамошо мекарда бошед, пас бояд ҳатман иҷозатнома гиред. Агар дар суроғаи манзилатон иҷозатнома мавҷуд набошад, нозирони хадамоти иҷозаномадиҳанда ҳатман ба манзилатон ташриф меоранд.

   Агар дар хона телевизор надошта, ягон намуди пахши барномаҳои телевизиониро тамошо намекарда бошед, он гоҳ бояд эъломия пур кар­да, дар он нишон диҳед, ки ба телевизор ниёз надоред. Дар ҳар сурат нозирон ҳатман ба манзилатон омада, маълумоти пешниҳодкардаатонро месанҷанд.

   Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки ба ҳар шашумин нафаре, ки боҷи тамошои телевизор пардохт намекунад, аз ду сар иҷозатнома лозим аст. Дар акси ҳол онҳоро ҷаримаи то 1000 фунт (қариб 1300 доллар ИМА) таҳдид мекунад. Қайд намудан зарур аст, ки бе иҷозатнома тамошо кардани телевизор ҳамагӣ чанд сол қабл ҷиноят ҳисоб мешуд.

   Телевизорҳои сиёҳу сафедро аз куҷо дастрас мекунанд?

   Дар мағозаҳои Британия чун дар дигар кишварҳои олам телевизорҳои сиёҳу сафед солҳост ки фурӯхта намешавад. Аммо чунин телевизорҳоро, бо вуҷуди куҳнаю фарсуда будан, аз мағозаҳои интернетӣ харидан мумкин аст.

   Одамоне низ ҳастанд, ки телевизорҳои сиёҳу сафедашонро то ҳол дар ҳолати хуб нигоҳ доштаанд ва онҳо низ метавонанд онро ба ниёзмандон фурӯшанд.

А. ВОҲИДОВ

147 Шарҳҳо

  • Навиштани шарҳи нав adidas stan smith shoes Душанбе, 21 Октябри 2019 16:13 навиштааст adidas stan smith shoes

    I just wanted to construct a simple word so as to thank you for these pleasant items you are sharing at this website. My time consuming internet investigation has finally been compensated with brilliant facts and strategies to exchange with my friends. I 'd assume that many of us visitors are quite blessed to dwell in a fantastic website with many brilliant individuals with helpful tips and hints. I feel rather happy to have seen your entire webpages and look forward to plenty of more exciting moments reading here. Thanks a lot once again for all the details.

  • Навиштани шарҳи нав salvatore ferragamo belt Якшанбе, 20 Октябри 2019 18:30 навиштааст salvatore ferragamo belt

    Thanks so much for giving everyone an extraordinarily breathtaking possiblity to discover important secrets from this site. It is usually so lovely plus full of amusement for me personally and my office mates to visit your web site at least thrice weekly to learn the new issues you have. And of course, I'm just at all times contented considering the unique guidelines you give. Certain two points in this post are honestly the most impressive I have ever had.

  • Навиштани шарҳи нав kevin durant shoes Шанбе, 19 Октябри 2019 19:24 навиштааст kevin durant shoes

    I'm just writing to let you be aware of of the outstanding encounter my friend's princess undergone using your webblog. She figured out a wide variety of pieces, with the inclusion of what it is like to possess a wonderful helping spirit to make other folks clearly learn about various multifaceted subject areas. You really did more than my expected results. I appreciate you for displaying such essential, safe, edifying and even easy guidance on this topic to Emily.

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF