wrapper

Хабарҳо

   Чи тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, дар асоси Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2016 дар 25 корхонаи коркарди гандуми вилояти Суғд дидбонгоҳҳои назорати андозӣ гузошта шуда буданд.

   Таҳлили маълумоти оморӣ собит намуда буд, ки аз 700 ҳазор тонна гандуми соли 2015 тавассути роҳи оҳани вилояти Суғд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида аз ҷониби корхонаҳои ордбарорӣ ҳамагӣ 48 ҳазор тонна ҳамчун коркардшуда нишон дода шудаасту халос. Фаъолияти дидбонгоҳҳои назорати андозӣ исбот намуд, ки дар ҳисоботи андозии корхонаҳои коркарди гандум гардиши молии онҳо, воқеан, дуруст нишон дода намешаванд. Ҳамзамон, воридоти ғалла ба ин коргоҳҳо ва содироти маҳсулоти тайёр аз онҳо пурра ба қайд гирифта нашудаанд.

   Пас аз як моҳи фаъолияти дидбонгоҳҳои назорати андозӣ андозсупорандагон, яъне роҳбарони корхонаҳои коркарди гандум ва ордбарорӣ ба шакли хаттӣ ба мақомоти андоз муроҷиат карда, изҳор намуданд, ки омода ҳастанд вобаста ба иқтидор ва имкониятҳои фурӯш барои коркарди минбаъдаи ғалла Созишнома банданд.

   Бояд таъкид намуд, ки баъди баста шудани ин Созишнома нишондоди омории корхонаҳои коркарди гандуми вилояти Суғд дар соли минбаъда, яъне 2017 нисбати солҳои пеш ба маротиб беҳтар гардиданд.

  Мутаассифона, нишондоди омории коркарди ғалла дар коргоҳҳои ордбарории вилояти Суғд аз нав пойин рафта, 33,3 фоизи воридоти онро ташкил додааст, ки дар қиёси ҳамин давраи соли гузашта 6,1 фоиз кам мебошад.

   Бояд қайд намуд, ки дар вилояти Суғд, дар маҷмӯъ, имрӯз беш аз 20 адад коргоҳи коркарди ғалла ё худ ордбарорӣ фаъолият доранд. 13 адад аз ин коргоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Истаравшан, Спитамен ва Бобоҷон Fафуров ҷойгир буда, ҳисоботи андозии худро ба шуъбаи Нозироти андозсупорандагони миёна дар вилояти Суғд пешниҳод менамоянд. Бино ба маълумоти сардори шуъбаи НАМ дар вилояти Суғд Умарзода Сафар Салом дар ҷамъбасти нуҳ моҳи соли 2018 фақат коргоҳҳои ордбарории ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба маблағи беш аз 18 млн. сомонӣ, шаҳри Гулистон 10 млн. сомонӣ ва шаҳри Истаравшан 6 млн. сомонӣ даромади умумии худро аз ҳисоби фурӯши маҳсулот кам кардаанд.

   Яке аз коргоҳҳои коркарди ғалла, ки уҳдадориии Созишномавии худро оид ба коркарди ғалла дар ҷамъбасти 9-моҳаи соли равон таъмин накардааст, ҶДММ «Чархи гандумин», воқеъ дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон мебошад. Дигар коргоҳи ордбарорӣ, ки уҳдадории Созишномавии худро доир ба коркарди ғалла дар ин давраи соли 2018 иҷро накардааст, ҶДММ «Хубон» буда, дар шаҳри Гулистон ҷойгир аст. Сарвари коргоҳ Рустам Тоҷибоев дар суҳбат бо мо камфаъолиятии коргоҳро ба он сабабу омилҳое вобаста мекард, ки ба ҳақиқат чандон рост намеомад.

   Ҳашт коргоҳи дигари коркарди ғалла дар вилояти Суғд, ки ҳаҷми истеҳсолашон бузургтар, дар қайди шуъбаи Нозироти андозсупо­рандгони калон дар вилояти Суғд мебошанд, инҳо ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Зерновая компания», «Fаллаи Суғд», «Анҳор», «Фаровон-1», «Ҳоҷӣ Юсуф», «Орди фатир», «Fаллаи шимолӣ», «Астана» ва «Аркаим» буда, дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Бӯстон ва Бобоҷон Fафуров ҷойгиранд.

   Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридот ва коркарди ғалла ба коргоҳҳои коркарди гандум имтиёзҳои андозӣ додааст. Аммо дар ҷавоби чунин ғамхорӣ ва дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ҳоло ҳам ҳастанд соҳибкороне, ки ҳаҷми воқеии воридоти ғалла, истеҳсоли орд ва фурӯши маҳсулоти худро, бо мақсади пинҳон намудан ва пардохт накардани андозҳо, кам нишон медиҳанд.

   Баҳои ин амали онҳоро ба қазовати виҷдони худи эшон ҳавола месозем.

Тоҳирҷон ИСКАНДАРЗОДА,

вилояти Суғд

170 Шарҳҳо

  • Навиштани шарҳи нав harden shoes Душанбе, 21 Октябри 2019 19:28 навиштааст harden shoes

    I enjoy you because of your whole hard work on this site. My mum takes pleasure in conducting research and it is simple to grasp why. Most people know all of the powerful tactic you produce efficient guidelines via this website and as well as foster response from some other people on this issue while our favorite child is in fact learning a great deal. Have fun with the rest of the new year. You're the one conducting a terrific job.

  • Навиштани шарҳи нав salvatore ferragamo belt Якшанбе, 20 Октябри 2019 21:02 навиштааст salvatore ferragamo belt

    I just wanted to write a simple word to thank you for the awesome pointers you are giving at this website. My prolonged internet lookup has now been rewarded with really good facts and techniques to write about with my neighbours. I would point out that most of us readers are unquestionably blessed to live in a great place with many awesome individuals with very helpful concepts. I feel very much blessed to have seen your entire website page and look forward to tons of more thrilling moments reading here. Thank you once more for everything.

  • Навиштани шарҳи нав mono de lentejuelas corto Якшанбе, 20 Октябри 2019 16:03 навиштааст mono de lentejuelas corto

    nike air zoom mariah flyknit racer black white price indallas cowboys ezekiel elliott 21 nike vapor untouchable navy elite authentic jerseynike air force 1 ultra force craft junior assorted sneakers nike kids shoesnike sb stefan janoski max white
    mono de lentejuelas corto http://www.spazionews24.com/chickamauga/mono-de-lentejuelas-corto

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF