wrapper

Хабарҳо

    “Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур ва расидан ба ормонҳои миллӣ мебошад”.

Эмомалӣ РАҲМОН

   Дар ҷаҳони муосир иншоотҳое арзи вуҷуд менамоянд, ки барои ин ва ё он мамлакат на танҳо сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва сарбаландию сарфарозӣ, балки мояи ифтихори имрӯзу фардои мардуми заҳматпеша ва рӯи сурхи ҳар як сокини бонангу номуси он мебошанд. Чунин иншооти таърихӣ барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Неругоҳи барқи обии «Роғун» буда, бо ташаббуси бевосита ва заҳматҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуд, яъне агрегати якуми он 16 ноябри соли 2018 - дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд.

   Ногуфта намонад, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми НБО “Роғун” дар шаҳри Роғун бо иштироки коргарони неругоҳ, фаъолону зиёиёни кишвар, ҷавонон, собиқадорони меҳнат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон, намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Белорус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин бештар аз 200 нафар рӯзноманигори дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои итти­лоотии бонуфузи байналмилалӣ, нахуст дар маҳалли сохтмони НБО «Роғун» хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун” ва фаъолияти Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии НБО «Роғун» оғози расмӣ бахшида, бо ин ба орзуву омоли деринаи миллати тоҷик ҷомаи амал пӯшониданд.

   Ҳамин тариқ, дар фазои тантанавӣ 16 ноябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми НБО «Роғун»-ро ба кор дароварда, ба фаъолияти иншооти бузурги аср, ки дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ оғоз бахшиданд.

   Дар ҳақиқат, оғози кори агрегати якуми НБО «Роғун» барои тамоми сокинони Тоҷикистон санаи фаромӯшнашаванда ва рӯзи таърихӣ буда, он бо талошҳову тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама, бо ҷидду ҷаҳд ва сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади мусоидат ба рушди устувор ва таъмини зиндагии шоистаи мардум роҳандозӣ шудааст.

   Дар ин бора Пешвои миллат дар суханрониашон таъкид намуданд, ки маҳз бо мақсади таъмин намудани рушди босуботи кишвар ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ баъди барқарор гардидани сулҳу субот, бо вуҷуди вазъи мушкили молиявию иқтисодии мамлакат сохтмони неругоҳи азиму ҳаётан муҳими «Роғун» оғоз гардида, он ҳамчун омили муҳимтарини рушди минбаъдаи Тоҷикистон, зиндагонии осудаи на танҳо мардуми тоҷик, балки мардуми Осиёи Марказӣ ва гирду атрофи он ба ҳисоб меравад.

   Сарвари давлат дар суханрониашон дар маросими оғози кори агрегати якуми НБО «Роғун» 16 ноябри соли 2018 дар шаҳри Роғун ибораи КОХИ БУЗУРГИ НУРИ МИЛЛАТ-ро истифода карда, қайд намуданд, ки баъди гузашти айём, бо ифтихор хоҳем гуфт, ки НБО «Роғун»-ро мо бо заҳмати худамон, бо саъю талоши халқи бузургворамон дар ҳамкорӣ бо беҳтарин мутахассисони кишварҳои дунё бунёд намудем ва он шаҳодати рӯшноии тафаккури миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсию ваҳдати миллӣ, эътибор ва пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.

   Чи тавре ки ходими сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, нависанда ва публитсисти рус Александр Проханов НБО «Роғун»-ро «зебоии илоҳӣ» номида, қайд кард: тоҷикон, муҳандисони бузург, бунёдкорон якҷоя ва бо сарварии Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон кӯҳро шикофта, як тамаддуни азими зеризаминӣ сохтанд, то ки аз он маҷрои нур берун ояду Тоҷикистонро, олами атрофро, тамоми зиндагии рӯи заминро мунаввар созад.

   Ӯ мегӯяд: “Ман дар тӯли умри худ бисёр корномаҳои инсонҳоро дидаам, вале ин корнамоии тоҷикон бесобиқа аст. Ман ҳамеша ба ваҷд меоям, вақте дар ҷойи харобаҳо ва фоҷиаҳо гулистонҳо, офаридаҳои муҳташами дасти инсонҳо пайдо мешаванд. Ба назар чунин мерасад, ки ин зебоии зеризаминист, вале дар ҳама сурат он зебоии «илоҳист»!

   Агар ба таърихи лоиҳаи бунёди НБО «Роғун» назар афканем, мебинем, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади таъмини мардуми Осиёи Марказӣ бо қувваи барқ ва обёрии заминҳои ташналаб дар доираи системаи ягонаи энергетикии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) пешбинӣ шуда, ҳанӯз соли 1972 асосноккунии техникию иқтисодии он ба анчом расида буд. Лоиҳаи зикргардида, яке аз азимтарин лоиҳаҳои асри XXI дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон эътироф гардида, аз ҷониби Комиссияи иқтисодии давлатии Госплани ИҶШС дар асоси баррасӣ ва пешниҳоди Вазорати барқи ИҶШС бо иштироки намояндагони ваколатдори тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи бунёди он дар асоси Қарори КИД-и Госплани ИҶШС аз 27 феврали соли 1974, №6 тасдиқ шуда буд.

   Даҳсолаҳост, ки сохтмои лоиҳаи бунёди НБО «Роғун» ҳамчун лоиҳаи сатҳи ҷаҳонӣ диққати мутахассисону коршиносони соҳа ва таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳонро ба худ ҷалб намуда, мутобиқи ахбороти расмӣ моҳи сентябри соли 1976 сохтмончиёни аввалин ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» омада, оғози сохтмони сарбанди онро соли 1987 шурӯъ намуда буданд. Ҳамин тавр, охири соли 1976 дарёи Вахш баста шуда, корҳои мустаҳқамкунии сарбанд оғоз гардиданд. Соли 1993 баландии сарбанд то ба 40 метр расонида шуд. Баъди он бо сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилоти молиявии солҳои навадуми асри XX корҳои ташкилию сохтмонӣ қатъ гардиданд.

   Дар замони соҳибистиқлолии кишвар, марҳалаи нави сохтмони НБО «Роғун» бо ба даст омадани шароит бо ташаббус ва кӯшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ҷиҳати таъмини амнияти энергетикӣ ва pyшди имрӯзу фардои Тоҷикистон бо ҷалби 67 ташкилоту муассисаҳо, пудратчиёни номдори ватаниву хориҷӣ ва шумораи умумии зиёда аз 22 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва бо истифода аз 3600 мошину механизмҳо амалӣ гардида истодаанд, оғоз гардид. Вале, асосан, бо далели мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натавонист онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он 1 июл бо ширкати итолиёвии «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo SpA) созишномаро бо маблағи умумии 3,9 миллиард доллар имзо намуд.

   Воқеан, НБО «Роғун» барои ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ мактаби бисёр нодир буда, ҳазорон нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода менамояд. Бовар дорам, ки таҷрибаи бойи мутахассисони Тоҷикистон дар оянда на танҳо дар дохили кишвар, балки дар мамолики дигар низ васеъ истифода хоҳад шуд. То имрӯз бунёди толори мошинҳо ва трансформаторҳо, ки дар зери кӯҳ ҷойгир шудааст, бо насби қисми агрегатҳо амалӣ гардидааст, ки дар ҷаҳон назир надорад.

   Хотирнишон месозем, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз 6 чарха иборат буда, дар сурати такмили он солона то 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мутахассисон, на танҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Афғонистону Қирғизистону Покистон кофӣ хоҳад буд. Сарбанди обанбори «Роғун» бо 335 метр баландӣ бузургтарин дарғоти ҷаҳон ба ҳисоб рафта, маблағи сохтмони садди асосии он 1 милларду 950 миллион доллар ҳисоб карда шудааст.

  Ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи энергетикӣ Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки чархаи дувуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро моҳи апрели соли 2019 ба кор дарорад. Бо мақсади сармоягузории тарҳи муҳимтарини он соли 2017 коғазҳои қиматнок ва ё вомбаргҳои давлатӣ ба маблағи 1 миллиард доллар нашр шуда, дар даври нахустин 500 миллион доллари ин вомбаргҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш бароварда шудаанд.

   Таҳлилҳои гузаронидашуда ба мо имконият медиҳанд, ки афзалиятҳо ва хусусиятҳои хоси НБО «Роғун»-ро иборат аз инҳо донем:

   - корҳои ташхиси лоиҳа аз ҷониби беҳтарин мутахассисону коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ панҷ-шаш сол идома ёфтанд;

   - бунёди сарбанди неругоҳ, ки сатҳи баланди касбият ва таҷрибаи зиёдро тақозо менамояд, ба уҳдаи ғолиби тендери байналмилалӣ - Ширкати итолиёии “Салини Импреҷило” вогузор гардидааст;

  - бо истифода аз манбаи таҷдидшаванда истеҳсоли неру ва барқи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол мешавад;

   - 29 октябри соли 2016 маҷрои дарёи Вахш тағйир дода, ба бунёди таҳкурсии пешдарғоти сарбанди 335-метраи неругоҳ асоси боэътимод гузошта шудааст;

   - корҳои сохтмону васли таҷҳизот дар неругоҳ бо риояи стандартҳои байналмилалӣ, ташхиси ҳамаҷониба аз ҷониби коршиносони баландихтисосу соҳибтаҷриба ва ҷалби ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон аз оғоз то анҷоми пурраи иншоот идома пайдо хоҳанд кард;

   - обанбори он барои танзими захираи об, хусусан, дар солҳои камобиву хушксолӣ барои ҳамаи кишварҳои минтақа хизмат хоҳад кард;

   - бунёди толори мошинҳо ва трансформаторҳо, ки дар зери кӯҳ ҷойгир шудаасту бо насби қисми агрегатҳо амалӣ гардидааст, дар ҷаҳон назир надорад;

   - бунёди неругоҳ аз нақбканҳо ва умуман аз ҳамаи мутахассисону коргарон заҳмати сахт ва матонати зиёдро талаб мекунад, зеро 90 фоизи корҳо дар зери замин анҷом дода мешаванд;

- корҳои сохтмону васлкунӣ дар НБО «Роғун» бо шумораи умумии зиёда аз 22 ҳазор нафар мутахассисону коргарон, ки беш аз 90 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, амалӣ гардида истодаанд;

   - неругоҳ барои ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ мактаби бисёр нодир буда, ҳазорон нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода месозад.

   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фуроварди суханрониашон маросими оғози кори агрегати якуми НБО «Роғун»-ро марҳалаи аввал ва оғози кор ҳисобида, дилпурона изҳор намуданд, ки бо дарназардошти таҷриба ва натиҷаҳои то имрӯз бадастоварда, бунёди НБО «Роғун»-ро бо азми қатъӣ ва иродаи матини фарзандони ватандӯст ва бонангу номусе, ки ҳоло дар ин майдони заҳмати мардона фаъолият доранд, дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом хоҳем расонид.

   НБО «Роғун» дар ҳақиқат бузургтарин иншоот барои истеҳсоли неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва омили таъмини рушди устувори Тоҷикистон ва минтақа буда, дар ҳалли масъалаҳои идоракунии захираҳои об дар тамоми ҳавзаи Амударё мусоидат менамояд ва барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва татбиқи лоиҳаи энергетикаи КАСА-1000 ба манфиати аҳолии Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Шарқӣ нақши асосиро мебозад.

Нозимҷон НИДОЕВ,

доктори илмҳои иқтисодӣ

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF