Тавре дафтари матбуотии Бонки миллии Тољикистон иттилоъ медиҳад, ҳадафи асосии ташкили форум фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати табодули таҷриба дар самти татбиқи технологияҳои муосири инноватсионӣ дар бахши хизматрасониҳои пардохтӣ, муаррифии дастовардҳои ташкилотҳои қарзӣ дар самти рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ буда, он метавонад барои рушди минбаъдаи бозори хизматрасонии пардохтӣ такони ҷиддӣ бахшад. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад , ки маҳз бахши молиявӣ-бонкии иқтисодиёт, пеш аз ҳама, ба навигариҳои технологияҳои рақамии муосир таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ пурсамар истифода мекунанд.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода қайд намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тариқи татбиқи технологияҳои муосири пардохтӣ, мукаммалсозӣ ва васеъ намудани инфрасохтори низоми пардохт аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон муайян гардидааст. Аз ин сабаб, бо мақсади татбиқи босамари сиёсати пуливу қарзӣ ва кӯмак ба фаъолияти муттасили низоми пардохт Бонки миллии Тоҷикистон барои навсозии низоми пардохти кишвар ва мукаммалгардонии заминаи меъёрӣ - ҳуқуқии он корҳои зиёдро анҷом дода истодааст.
- Рушди технологияи муосири пардохтӣ барои кишвари мо, яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад, аз ин сабаб, ҷиҳати тақвияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, аз ҷумла хизматрасонии бонкии фосилавӣ, афзоиши теъдоди пардохтҳое, ки тариқи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва воситаҳои электронии пардохт анҷом дода мешавад, тақвияти эътимод ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст, -зикр намуд Ҳ.Машрабзода -Дар робита ба ин, бо дарназардошти рушди босуръати бозори хизматрасониҳо ва инфрасохтори низоми пардохти кишвар омӯзиш ва табодули таҷрибаи пешқадами иштирокчиёни фаъоли бозори хизматрасониҳои пардохтии кишварҳои рушдёфта муҳим дониста мешавад.
Форуми мазкур соли сеюм аст, ки баргузор мегардад ва дар он роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони институтҳои молиявии байналмилалӣ, намояндагони ташкилотҳои қарзӣ, операторони алоқаи мобилӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок менамоянд.
Дар форум, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба технологияҳои муосири пардохтӣ, аз ҷумла рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ, тамоюлҳои муосири рушди хизматрасониҳои пардохтӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, имкониятҳои нав барои соҳаи бонкӣ, вазъи воқеии бозори хизматрасониҳои пардохтӣ, мушкилиҳо, самтҳо ва роҳҳои минбаъдаи рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро баррасӣ намуданд.
Мазҳаб ҶУМЪА
Последнее изменение Сешанбе, 24 Декабри 2019