wrapper

Хабарҳо

Соҳибкор дар баробари ба фаъолият оғоз кардан бояд донад, ки кадом хароҷот ӯро интизор аст. Аз ин рӯ, корро бояд тавре ба роҳ монад, ки даромади эҳтимолии ӯ хароҷотро пӯшонад ва фоидаро таъмин созад. Бештар аз ҳама, ин масъала барои шахсоне муҳим аст, ки бори аввал ба фаъолияти соҳибкорӣ шурӯъ менамоянд.

Ҳама шакли фаъолияти соҳибкорӣ хароҷот до­рад ва ин хароҷот, дар навбати худ, ба хароҷоти доимӣ ва тағйирёбанда тақсим шуда, дар маҷмӯъ, хароҷоти умумиро ташкил медиҳанд , ки барои истеҳсоли мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ зарур мебошанд.

Хароҷоти доимӣ дар қиёс ба хароҷоти тағйирёбанда ба ҳаҷми истеҳсоли мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ во­баста набуда, дар давоми сол ҳамеша бетағйир мемо­нанд. Ба хароҷоти доимӣ инҳо мансубанд:

  1. Иҷораи бино.
  2. Музди меҳнат (роҳбарон, сармуҳосиб, посбон).
  3. Хароҷоти нақлиётӣ.
  4. Хароҷоти реклама ва маркетинг барои тақвияти мол.
  5. Хароҷоти алоқа.
  6. Нигоҳдории воситаҳои нақлиёт.
  7. Хароҷоти хизматрасониҳои бонкӣ.
  8. Пардохтҳо ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва фондҳои дигар.
  9. Пардохти андозҳо.

Ҷиҳати афзалиятноки хароҷоти доимӣ дар он аст, ки ҳаҷми онҳо устувор буда, имкон медиҳад, ки соҳибкор буҷети худро ба нақша гирад ва тавозуни умумии хароҷотро таҳия созад. Ҷониби манфии хароҷоти доимӣ ҳангоми нагирифтани фоида дар давраи ҳисоботӣ, ба амал меояд.

Бо дарназардошти ин, хароҷоти доимӣ бо чунин мисол тавсиф карда мешавад:

Ҷадвали 1

Хароҷоти доимӣ бо сомонӣ барои як моҳ

Иҷораи бино

2000

Музди меҳнат (роҳбарон, сармуҳосиб, посбон), дар маҷмӯъ, панҷ нафар

10000

Пардохтҳои коммуналӣ

500

Хароҷоти хизматрасониҳои бонкӣ (фоизи қарзи бонкӣ)

2500

Хароҷоти реклама ва маркетинг барои тақвияти мол

3000

Ҳиссаҷудокунии истеҳсолкӣ барои таҷҳизот ва иншоотӣ истеҳсолӣ

5000

Хароҷоти алоқа (телефон, Интернет)

1000

Андози иҷтимоӣ

2500

Хароҷоти маъмурӣ

1000

Ҳамагӣ

22500

 (Мувофиқи муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри андози иҷтимоӣ барои корфармо 25% фонди музди меҳнатро ташкил медиҳад. Яъне дар мисоли мазкур андози иҷтимоӣ: 2500= 10 000*25%)

Яъне хароҷоти доимӣ новобаста аз фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба вуқӯъ пайваста, соҳибкор дар фаъолияти худ бояд ба хароҷоти мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд.

Хароҷоти доимӣ ба як воҳиди мол, кору хизматрасониҳо арзиши миёнае мебошад, ки тавассу­ти тақсим кардани маблағи умумии хароҷоти доимии давраи муайян ба шумораи ченаки истеҳсол ё фурӯш дар ҳамон давра ба даст меояд. Азбаски хароҷоти доимӣ аз ҳаҷм вобаста нест, ҳиссаи хароҷоти доимӣ бо афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар арзиши ҳар як воҳиди маҳсулот кам мешавад ва баръакс, бо кам шудани ҳаҷми истеҳсол хароҷоти доимӣ зиёд мегардад. Ин, мутаносибан, бо коҳиши арзиши маҳсулот ё афзоиши нархи маҳсулот сабаб мегардад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ба хароҷоти доимие, ки дар як сол ба миён меоянд, ҳангоми вуҷуд доштани объекти андозбандии андози замин, андозҳо аз ам­воли ғайриманқул, андоз аз воситаҳои нақлиёт дохил мегардад.

Хароҷоти тағйирёбанда хароҷотест, ки ҳаҷми он ба истеҳсоли мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ тааллуқ дорад. Хароҷоти тағйирёбанда муқобили хароҷоти доимӣ буда, якҷоя хароҷоти умумиро ташкил медиҳанд. Аломати асосие, ки тавассути он хароҷоти тағйирёбанда муайян карда мешавад, он аст, ки ҳангоми қатъ шудани истеҳсолот онҳо нопа­дид мегарданд.

Хароҷоти тағйирёбанда дар баҳисобгирии идоракунӣ нишондиҳандаи муҳимтарини корхона мебошанд ва ҳангоми таҳияи нақшаҳои кам кардани вазни хароҷоти мазкур дар хароҷоти умумӣ истифода мешаванд. Ба хароҷоти тағйирёбанда инҳо мансубанд:

  1. Хароҷот барои ашёи хом.
  2. Маводи масрафшаванда.
  3. Энергияе, ки дар истеҳсолоти асосӣ истифода шудаанд.
  4. Музди меҳнати кормандони асосӣ (бо дарна­зардошти мабалағҳои ҳисобшуда).
  5. Арзиши хизматрасониҳои нақлиётӣ.

Бо дарназардошти ин, хароҷоти тағйирёбандаро бо мисоли зер тавсиф намудан мумкин аст:

Ҷадвали 2

Хароҷоти тағйирёбанда бо сомонӣ барои як моҳ

Хароҷот барои ашёи хом

12000

Музди меҳнати кормандони истеҳсолӣ (бо дарназардошти мабалағи ҳисобшуда), дар маҷмӯъ, 7 нафар

14000

Энергияе, ки дар истеҳсолоти асосӣ истифода шудаанд

3500

Маводи масрафшаванда

1500

Арзиши хизматрасониҳои нақлиётӣ

2700

Ҳамагӣ

33700

Хароҷоти тағйирёбандаи мазкур мустақиман ба арзиши мол тааллуқ дорад ва аз нигоҳи арзишӣ ҳангоми тағйир ёфтани арзиши молу хизматрасонӣ онҳо низ тағйир меёбанд. Барои ҳисоб кардани хароҷоти тағйирёбанда барои як воҳиди ченаки моли истеҳсолшаванда, бояд арзиши умумии хароҷоти тағйирёбанда ба ҳаҷми умумии моли тайёр тақсим карда шавад.

Таҳияи

Собир ВАЗИРОВ

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF