Нусхаи чопи

     Арзиш

     Ҳар як корхонае, ки ба истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ машғул аст, пайваста арзиши моли истеҳсолшаванда ва арзиши хизматрасониҳоро ҳисоб мекунад. Ин нишондиҳанда муайян менамояд, ки то кадом андоза истеҳсолот самаранок ва фоиданок аст. Арзиши маҳсулот - ин ҷамъи ҳамаи хароҷоти корхона вобаста ба истеҳсоли мол ва таҳвили минбаъдаи он мебошад.


     Таҳти мафҳуми хароҷот, хароҷот вобаста ба хариди ашё ва маҳсулот барои истеҳсолот зарур, пардохти музди меҳнат, боркашонӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши моли тайёр фаҳмида мешавад.

     Боиси тазаккур аст, ки арзиши маҳсулот (хароҷоти истеҳсолот) дар ҳар як корхона гуногун буда, ҷиҳати осонӣ дар ҳисоб кардан онҳоро бо нишонаҳои алоҳида гурӯҳбандӣ мекунанд. Аз ҷумла:

  • хароҷоти мустақим – хароҷотест, ки бевосита ба маҳсулоти истеҳсолшаванда дахл дорад. Яъне, хароҷот вобаста ба хариди ашё ва пардохти музди меҳнати кормандон, ки мустақим дар раванди истеҳсолӣ иштирок мекунанд.
  • хароҷоти ғайримустақим – хароҷоте, ки бевосита ба истеҳсолот мансуб донистан мумкин нест. Ба онҳо хароҷоти тиҷоратӣ, умумиистеҳсолӣ ва умумихоҷагидорӣ тааллуқ дорад. Ба мисоли музди меҳнати роҳбар, посбон, сармуҳосиб бо дарназардошти навъ ва шакл чанд варианти ҳисоб кардани арзиш вуҷуд дорад. Ба монанди содагардонидашуда ва мукаммал. Бо варианти аввал ҳар шахс метавонад ин нишондиҳандаро ҳисоб кунад. Бо истифода аз варианти дуюм ҳисоб кардани арзиши воқеии истеҳсолот имкон дорад.

     Варианти содакардашудаи ҳисоб кардани арзиши мол чунин шакл дорад:

     Арзиши пурра = Арзиши истеҳсолии маҳсулот + Хароҷот барои фурӯш.

    Инчунин, барои ҳисоб кардани арзиш варианти мукаммалро истифода кардан мумкин аст:

     Арзиши пурра = АШ+МИ+ХН+Э+ ФМ+И+ММ+ҲИ

      Дар ин ҷо:

  • АШ - хароҷоти барои хариди ашё;
  • МИ -маҳсулоти иловагӣ;
  • ХН - хароҷоти нақлиётӣ;
  • Э - хароҷот барои пардохти энергия;
  • ФМ - хароҷот вобаста ба фурӯши моли тайёр;
  • И - хароҷоти истеҳлокӣ;
  • ММ - музди меҳнати кормандони асосӣ;
  • ҲИ - пардохтҳои ҳифзи иҷтимоӣ.

     Арзиш нишондиҳандаи муҳими сифатӣ барои корхона ба ҳисоб мера­вад. Он бузургии доимӣ набуда, хосияти тағйирёбӣ дорад ва бояд пайваста ҳисоб карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки арзиши бозории маҳсулотро тасҳеҳ намуд ва дар байни истеҳсолкунандагони дигар рақобат кард.

 

     Нуқтаи безарар

     Хароҷоти доимӣ ва тағйирёбанда ҷузъи модели нуқтаи безарар ба ҳисоб мераванд. Агар ҳангоми афзоиши ҳаҷми истеҳсолот корхона ба сатҳе расад, ки фоида аз фурӯши маҳсулот хароҷоти доимӣ ва тағйирёбандаро мепӯшонад, пас чунин ҳолат нуқтаи безарар ном дошта, корхона ба худмаблағгузорӣ мегузарад.

     Нуқтаи безарар: ДАРОМАД = ХАРОҶОТ=0 (ФОИДА)

     Нуқтаи безарар бо мақсади пешгӯӣ ва таҳлили нишондиҳандаҳои зерин ҳисоб карда мешавад:

  • дар кадом ҳаҷми истеҳсол ва фурӯш корхона рақобатпазир ва фоидаовар хоҳад буд;
  • кадом ҳаҷми истеҳсолотро бояд ба роҳ монд, то ки минтақаи амнияти молиявии корхона ташкил карда шавад.

      Мисол: Муайян кардани нуқтаи безарар. Ширкати “Б” ба фурӯши шим машғул аст. Нархи фурӯши як дона шим 200 сомонӣ ва арзиши харид 100 сомониро ташкил медиҳад. Яъне, дар ин ҷо болонархӣ 100%- ро ташкил медиҳад.

      Бо дарназардошти нишондиҳандаҳои боло нуқтаи безарар ба тарзи зайл ҳисоб карда мешавад:

      Нуқтаи безарар = 11750 : (200-125) =157 дона;

     Нуқтаи безарар = 157*200=31400 сомонӣ.

      Ҳамин тавр, нуқтаи безарари Ширкати “Б” дар фурӯши шим: даромад дар як моҳ 31400 сомонӣ ва теъдоди фурӯш 157 дона ба ҳисоб меравад.

 

     Болонархӣ ва маржа

     Барои тартиб додани нархи мол ва хизматрасонӣ мафҳуми болонархӣ ва маржа истифода мешавад, ки бисёриҳо онҳоро ҳаммаъно меҳисобанд. Дар асл онҳо фарқ мекунанд: болонархӣ дар до­ираи моли харидоришаванда истифода мегардад, аммо маржа барои муайян на­мудани нархи фурӯш ва нишондиҳандаи самаранокии кор.

     Болонархӣ – илова ба нархи харидори­шуда (арзиши аслӣ) молу хизматрасонӣ, даромади корхонаро ташкил медиҳад. Вай барои пӯшонидани хароҷоти нақлиётӣ, музди меҳнат, иҷораи бино ва гирифтани фоида лозим аст. Ҳаҷми болонархӣ аз мол, вазъи бозор, рақобат ва ғайра иборат мебошад.

     Болонархӣ = Нархи фурӯш-Нархи харид

     Мисол, корхона нӯшокӣ мефурӯшад. Хариди як шиша об барои корхона 3 сомониро ташкил намуда, корхона онро дар мағоза ба нархи 7 сомонӣ мефурӯшад. Фарқ байни харид ва фурӯш 4 сомониро ташкил медиҳад, ки ин болонархӣ ба миқдори мутлақ мебошад (7-3=4).

      Дар корхона барои ҳисоб кардани нишондиҳандаҳои молиявӣ нисбиятҳо бо фоиз ҳисоб карда мешавад. Бо ин тарз нишондодҳои гуногун бо ҳам қиёс мегарданд. Дар мисоли мо болонархӣ 133%- ро ташкил медиҳад (4/3*100%=133%). Болонархӣ миқдори ҳархела дошта, метавонад аз 100% бештар бошад.

      Маржа - фарқ байни нархи фурӯш ва нархи харид (арзиши аслӣ) буда, он ҳамеша аз нархи охири маҳсулот ҳисоб карда мешавад. Дар қиёс ба болонархӣ, маржа фоиданокии фурӯшро нишон медиҳад, ки ин шакли нахусти фоидаи корхона ба ҳисоб меравад.

     Маржа = Нархи фурӯш - Нархи харид (дар миқдор мутлақ маржа ба болонархӣ баробар аст)

     Вале барои таҳлили нишондодҳои молиявӣ нисбиятҳои миқдории маржа истифода мешавад:

      Маржа (фоиданокӣ), % = Маржа бо сомонӣ / нархи фурӯш *100%

     Маржаи фурӯши нӯшокӣ баробар аст: 4 / 7 *100% =57,1%.

      Ҳамин тариқ, дар оби фурӯшӣ 42,9% арзиши аслӣ ва 57,1%-ро маржа ташкил медиҳад, ки яз 1 сомонии фурӯхташудаи нӯшкоӣ, корхона 57,1 дирам фоида ба даст меорад. Ин нишондод фоиданокии мол ва самаранокии кори корхонаро нишон медиҳад.

     Маржа наметавонад аз 100% зиёд бошад ва маъмулан онро дар охири давра (охири моҳ, семоҳа, нимсола ва солона) барои муайян намудани фоиданокии кори корхона ҳисоб менамоянд.

 

     Тахфиф

     Тахфиф - паст кардани ихтиёрӣ ва як тарафи нархи молу хизматрасонӣ.

     Тахфиф воситаи бозаргоние (маркетингӣ), ки барои ҷалби харидорон ва ҳавасмандгардонии онҳо барои харид мебошад. Дар маҷмӯъ, аввал нархи маҳсулот баландтар муайян мешавад ва баъд фурӯшанда ба харидор тахфиф пешниҳод мекунад.

     Ҷониби манфии маркетингии тахфиф дар он аст, ки харидор ба тахфиф одат мекунад ва онро ҳамчун ҳатмӣ меҳисобад, ки дар навбати худ суд­мандии ҳавасмандгардониро бесамар мегардонад.

     Ҳаҷми тахфиф бо омилҳои зерин муайян карда мешавад:

     1) хусусияти аҳд;

     2) шарти таҳвил;

     3) шарти пардохт;

     4) муносибати фурӯшанда бо харидор;

     5) сохтори бозор дар лаҳзаи бастани аҳд.

     Дар таҷриба шаклҳои гуногуни тахфиф истифода мешавад, аз ҷумла:

     1) Тахфифи умумӣ (одӣ). Тахфифе, ки аз арзиши нархномавӣ, ки бо фоиз 10, 20 ва ғайра муайян карда мешавад. Ба мисоли харид нақд ва пешпардохт.

     2) Тахфиф барои гардиш. Тахфифи мазкур барои мизоҷони доимӣ дар асоси шартнома пешниҳод карда мешавад.

   3) Тахфиф барои теъдод (тахфифи прогрессивӣ). Тахфифи мазкур дар асоси қарордод бо шарти хариди пайвастаи афзоишёбанда пешниҳод мегардад.

     4) Тахфифи дилерӣ. Тахфифи мазкур аз ҷониби корхона ба харидорони доимӣ ва миёнаравҳо пешниҳод карда мешавад.

Таҳияи С. ВАЗИРОВ,

сардори шуъбаи Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон