wrapper

Хабарҳо

Тоҷикистон ва Россия ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар соҳаҳои андоз, гумрук, энергетика ва рушди соҳибкориро баррасӣ намуданд

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ишти­роки ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини Сарвазири Федератсияи Россия Алексей Оверчук дар мавзӯи «Ҳамкории Чумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар соҳаҳои андоз, гумрук, энергетика ва рушди соҳибкорӣ» мизи мудаввар доир гардид.

Муфассал ...

Мулоқоти Раиси Кумитаи андоз бо роҳбари Гурўҳи ТАDАТ   

   16 декабри соли ҷорӣ Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим бо Роҳбари Гурӯҳи Воситаи ташхисии баҳогузории маъмурияти андоз (минбаъд TADAT) Султан Мунавер Хваджа мулоқот намуд. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои самтҳои асосии самаранокии маъмурикунонии андозро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муфассал ...

Рақобатпазирии ниҳодҳои молиявӣ

   Ба муносибати Рӯзи кормандо­ни мақомоти молия рӯзи 7 декабри соли равон бо ташаббуси кафедраи молияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон конферен­сияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Муаммоҳои таъмини рақобатпазирии институтҳои моли­явии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ша­роити ҷаҳонишавии иқтисодиёт” доир гардид. Дар он муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Қудратов, мутахассиси шуъбаи идоракунии буҷети мақомоти мо­лияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Хоҷаева, сардори шуъбаи рушди маъму­рикунонии андози Кумитаи ан­дози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирҷон Вазиров ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

Муфассал ...

Роҳпаймоӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

   24 -уми ноябри соли 2018 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб роҳпаймоии идона баргузор гардид.

Муфассал ...

Чорабиниҳои судманд

   Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи чархи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иштироки намояндагони вазорату кумитаҳо, мақомоти қудратӣ, ташкилоту муассисаҳо, васоити ахбори омма ва ҷалби ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён мизи мудаввар доир гардид.

Муфассал ...

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

   Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Раёсати андози вилояти Суғд дар мавзӯи «Пешвои миллат-наҷотбахши Тоҷикистон. Роғун-ояндаи миллат» конфронс доир гардид. Дар конфронс ҳамаи кормандони Раёсати андоз, Шуъбаҳои НАМ ва НАК дар вилояти Суғд ширкат доштанд.

Муфассал ...

Заминаи рушди босуботи иқтисоди кишвар

    17 ноябр дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинони Раиси Кумитаи андоз, сардорони раёсатҳо ва кормандони мақомоти андоз ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор оғоз кардани агрегати аввали Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Муфассал ...

Конститутсия - ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат

   5-уми ноябри соли равон дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандони мақомоти андоз бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.

   Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пулодҷон Юсуфӣ ҷаласаро оғоз намуда, аз номи роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кормандони мақомоти андозро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Муфассал ...

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF