wrapper

Хабарҳо

   5-уми ноябри соли равон дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандони мақомоти андоз бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.

   Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пулодҷон Юсуфӣ ҷаласаро оғоз намуда, аз номи роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кормандони мақомоти андозро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

   Сипас сардори Раёсати таъмини ҳуқуқии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Набиев дар мавриди моҳият ва муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронд. Номбурда гуфт, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 6 ноябри соли 1994 дар таърихи навини давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангие ба вуқӯъ пайваст, ки он дар саҳифаи рӯзгори мардуми тоҷик бо хатти заррин ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардид.

   Бояд гуфт, ки дар муҳокима ва қабули он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст.

   Дар ҷаласа зикр шуд, ки дар фазои сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таҷлил шудани 24- умин солгарди Конститутсияи мамлакат гувоҳи он аст, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар интихоби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабули Конститутсияи мамлакат ва роҳ гирифтан ба самти ҷомеаи озоду инсонпарвар, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ хато накардааст.

М. ҶУМЪА

Последнее изменение Душанбе, 26 Ноябри 2018

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF