wrapper

Хабарҳо

    17 ноябр дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинони Раиси Кумитаи андоз, сардорони раёсатҳо ва кормандони мақомоти андоз ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор оғоз кардани агрегати аввали Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

   Дар маҷлиси тантанавӣ муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. М. Солеҳзода баромад карда, иброз намуд, ки таъмин кардани истиқлолияти энергетикӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати якуми НБО «Роғун», асосан, бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мардуми тоҷик гардидааст.

   Ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” 16 ноябр, маҳз дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, зеро азнавсозии ин сохтмони азими аср ва ҳаётан муҳим маҳсули ташаббус ва хиради тавоно, ҳосили заҳмату талошҳои шаборӯзии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

   Қайд гардид, ки НБО “Роғун” имрӯз ва фардои иқтисоди миллии кишварро ба танзим дароварда, ба бунёди садҳо корхонаҳои хурду бузург замина фароҳам меорад. Тоҷикистон тавассути Неругоҳи барқи обии “Роғун” натанҳо истиқлолияти энергетикиро таъмин месозад, балки барои ояндаи рушди кишвар роҳ кушода, ҷиҳати интиқоли барқ ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақа шароит фароҳам месозад.

   Дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърих бори дигар собит сохт, ки наҷоти ҳар як давлату миллат дар лаҳзаҳои ҳассос ба зуҳури шахсияти бузурги миллӣ вобастагии зич дорад. Зеро маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи мардум шуълаи умедро ба ояндаи дурахшон барафрӯзанд.

   Чуноне ки Пешвои миллат таъкид сохтанд, “Бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва ба роҳ мондани истеҳсоли неруи барқи арзон мустақиман ба рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодии кишвари мо, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва куллан беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мусоидат мекунад.”

   - Дар навбати худ, таъмини рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодии кишвар манбаъҳои нави андозбандиро ба миён оварда, омили афзоиши устувори воридоти маблағи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ буда, иқтидори молиявии давлатро таҳким мебахшад, зикр шуд дар ҷамъомад.

   Дар интиҳо А. Солеҳзода ҳозиронро аз номи худ ва роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин санаи таърихӣ табрик гуфта, ба онҳо дар кору фаъолияташон комёбиву муваффақият орзу намуд.

Тоҳир ЧИЛАЕВ

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF