wrapper

Хабарҳо

   Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи чархи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иштироки намояндагони вазорату кумитаҳо, мақомоти қудратӣ, ташкилоту муассисаҳо, васоити ахбори омма ва ҷалби ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён мизи мудаввар доир гардид.

   Умуман донишгоҳ силсилаи чорабиниҳои гуногунсамтро ба монанди ҳамоишҳои илмию сиёсӣ, семинарҳои омӯзишӣ, озмунҳо, бозиҳои варзишӣ, корҳои ободониву созандагӣ роҳандозӣ намудааст, ки дар меҳвари тадбирҳои андешидашуда, тарғиби ғояҳои волои ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ташаккули нерӯи инсониву ҷаҳонбинии сиёсӣ, арҷгузорию қадрдонӣ аз ҳадафҳои созандаву бунёдкороии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷой гирифтаанд.

   Андешидани тадбирҳо ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоиди илмию таълимӣ дар муассиса масъалаи дигаре мебошад, ки дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат мавриди таваҷҷуҳи раёсати донишгоҳ қарор дорад. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аввалин шуда дар ДДМИТ парчами давлатӣ бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ парафшон карда шуд. Баландии парчами давлатии насбшуда 20 метрро дар бар гирифта, бараш 3 метр ва дарозиаш 6 метр мебошад. Насби парчами давлатӣ дар таълимгоҳ масъулияти аҳли колективи меҳнатӣ ва донишҷӯёнро боз ҳам бештар менамояд.

Неъматулло ЗОИРЗОДА

Последнее изменение Чоршанбе, 12 Декабри 2018

384 Шарҳҳо

  • Навиштани шарҳи нав jordans Душанбе, 21 Октябри 2019 18:59 навиштааст jordans

    A lot of thanks for all your efforts on this web site. My mother take interest in managing research and it is simple to grasp why. I hear all concerning the dynamic means you make important techniques by means of the web site and as well recommend response from other ones about this article plus our favorite girl has been becoming educated so much. Take pleasure in the rest of the new year. You are performing a fantastic job.

  • Навиштани шарҳи нав Boopappy Душанбе, 21 Октябри 2019 14:37 навиштааст Boopappy

    cheap generic levitra

  • Навиштани шарҳи нав Wimpappy Душанбе, 21 Октябри 2019 08:00 навиштааст Wimpappy

    generic levitra online usa

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF