Ёдовар мешавем, ки TADAT воситаи умумиҷаҳоние мебошад, ки ҳамаи давлатҳо метавонанд онро бо мақсади баҳогузории тарафҳои қавӣ ва заифи низоми маъмурикунонии андози худ истифода намоянд. Ҳангоми баҳогузории TADAT ба масъалаҳои маъмурикунонии андозҳои ташкилкунандаи қисмати даромади буҷет диққати асосӣ дода мешавад.
TADAT самаранокии мақомоти миллии андозро аз рӯи 9 самти натиҷабахш: пуррагии махзани маълумотҳои андозсупорандагони бақайдгирифташуда, самаранокии идораи хавфҳо, расонидани кӯмак ба андозсупорандагон ҷиҳати риояи қонунгузорӣ, пешниҳоди саривақтии эъломияҳои андозӣ, сари вақт супоридани андозҳо, дурустии маълумоти дар эъломияҳои андозӣ дарҷгардида, самаранокии расмиятҳои ҳалли баҳсҳои андозӣ, самаранокии идораи даромадҳо, ҳисоботдиҳӣ ва шаффофият баҳогузорӣ менамояд.
Чунин баҳогузориро, аллакай, Федератсия Россия, ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Украина ва Беларус гузаронидаанд.
Кумитаи андоз тасмим гирифтааст, ки аз рафти баҳогузории TADAT мунтазам маълумот пешниҳод намояд.
Последнее изменение Сешанбе, 24 Декабри 2019