wrapper

Хабарҳо

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ишти­роки ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини Сарвазири Федератсияи Россия Алексей Оверчук дар мавзӯи «Ҳамкории Чумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар соҳаҳои андоз, гумрук, энергетика ва рушди соҳибкорӣ» мизи мудаввар доир гардид.

Дар доираи мизи мудаввар рӯнамоиҳо дар бораи таҷрибаи кишварҳо дар татбиқи низоми электронӣ дар соҳаи хизматрасонии давлатӣ дар соҳаҳои энергетика, андозбандӣ, гумрук, рушди тиҷорат ва сайёҳӣ муаррифӣ шуданд.

Пас аз анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамаҷониба ва исти­фодаи самарабахши ҳамкории дуҷониба дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор намуданд.

Манбаъ: andoz.tj

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF