wrapper

Хабарҳо

Корҳои фаҳмондадиҳӣ - мусоидат ба рушди соҳибкорӣ

Дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳию тавзеҳотӣ, аз ҷумла гузаронидани семинар-машваратҳо, вохӯрию суҳбатҳо аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти андоз ба ҳисоб рафта, дар такмили фарҳанги андозсупории андозсупорандагон ва баланд бардоштани дониши ҳуқуқии онҳо мусоидат менамояд.

Вобаста ба ин, рӯзҳои 18 - 20 моҳи ноябри соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Панҷ, Қубодиён ва Шаҳритуз бо иштироки сарму­тахассисони Сарраёсати маъму­рикунонии андози Кумитаи ан­дози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳроб Исмоилов, Акобир Садриддинов, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андоз­супорандагони Раёсати андоз дар вилояти Хатлон И.Мирзоев, раисони ҷамоатҳо, фаъо­лон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ин ноҳияҳо семинар- машваратҳо баргузор гардид.

Тартиби андозбандӣ ва пеш бурдани фаъолият дар низоми махсуси андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (андози ягона), пешниҳоди саривақтии эъломияҳо, дар эъломияҳои андоз пурра ва дуруст ни­шон додани шумораи аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар самтҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидоре, ки ба фаъолияти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд, инчунин, ри­ояи талаботи Стандарти ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупо­рандагон ва хизматрасониҳои мақомоти андоз дар самти ба мақомоти андоз пешниҳод кардани эъломияҳои андоз дар шакли электронӣ, тартиб дода­ни санадҳои муқоисавӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои андозсупо­рандагон аз мавзӯъҳои асосии семинар-машваратҳо ба шумор мерафт.

Дар оғоз Меҳроб Исмоилов иброз намуд , ки мақомоти андоз бо мақсади таъмини шаффофияти пардохти маблағи андозҳо, кам кардани бақияи қарзи андозҳо ва роҳ надодан ба пайдошавии қарзҳои нав гузаронидани чунин семинар - машварат ва вохӯриҳоро бо субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла, бо субъектҳои соҳибкорие, ки дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд, рӯи кор гирифтааст. Аз сӯи ди­гар, гузаронидани чунин семи­нару вохӯриҳо, пеш аз ҳама, таъмини риояи қонунгузории андоз, халалдор насохтани фа­ъолияти андозсупорандагон ва дар ин замина, то ҳадди имкон канорагирӣ намудан аз гузаронидани корҳои назоратӣ, ҳамзамон, баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ба ҳисоб меравад.

Сипас, Акобир Садридди­нов дар баромадаш хотирни­шон сохт, ки фаъолият ва тар­тиби андозбандии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бо­раи хоҷагиҳои деҳқонӣ”, боби 44 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ воба­ста ба қоидаҳои ҷудо намудани қитъаҳои замин ба танзим даро­варда мешавад.

Дар семинар - машваратҳо масъалаҳо оид ба саривақт гу­заштан аз бақайдгирии давлатӣ дар мақомоти андоз, тартиби ҳисоб ва пардохти андозҳо аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ, салоҳият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бо­раи хоҷагиҳои деҳқонӣ”, ду­руст ҳисоб ва пардохт кардани маблағи андозҳо аз ҷониби онҳо ҳангоми пешниҳоди эъломияҳои андоз ва дигар мушкилиҳои ҷойдошта маври­ди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре гуфта шуд, имрӯзҳо аз ҷониби андозсупорандагон ба унвонии Кумитаи андоз во­баста ба тартиби андозбандии меҳнати коргари кироя ва ис­тифодаи техникаи кишоварзӣ дар фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ муроҷиатҳои зиёд ворид мегарданд. Вобаста ба ин, А. Садриддинов зикр на­муд, ки тибқи муқаррароти қисми 6 моддаи 298 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзие, ки бо андози ягона андозбандӣ карда мешаванд, аз вазифаҳое, ки ба зиммаи агенти андоз гузошта шудааст, озод не­станд. Яъне, хоҷагиҳои деҳқонӣ уҳдадоранд, ки ҳангоми ба коргари кирояи худ пардохт намудани музди меҳнат ё пар­дохти ҳаққи истифодаи техникаи кишоварзӣ андозҳоро дар ман­баи пардохт нигоҳ дошта, пар­дохти онро ба буҷети давлатӣ таъмин намоянд.

Қайд гардид, ки тартиби ситонидани андоз дар манбаи пардохт дар моддаи 125 Ко­декси андоз муқаррар шуда, вобаста ба талаботи сархати 2 қисми 1 моддаи мазкур шахсо­ни ҳуқуқӣ, инчунин, воҳидҳои алоҳидаи онҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои до­имии ғайрирезидентҳо, ки ба­рои хизматрасонӣ (иҷрои кор) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеие, ки ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта нашудаанд ва барои иҷрои кор (хизматрасонӣ) даро­мад пардохт менамоянд, бояд андозҳоро дар манбаи пардохт нигоҳ доранд.

Акобир Садриддинов ёдовар шуд, ки супоранда­гони андози ягона ҳангоми амалӣ намудани фаъолия­ти ғайрикишоварзӣ ба таври иловагӣ супорандаи андози низоми содакардашуда ба шумор мераванд ва тибқи муқаррароти моддаи 49 ва қисми 6 моддаи 300 Кодекси андоз супорандагони андо­зи ягона, ки оид ба навъҳои алоҳидаи даромадҳо ва фаъо­лияти низомҳои дигари андоз­ро истифода менамояд, ҳисоби даромад ва хароҷотро дар асо­си чунин низоми андозбандӣ амалӣ намуда, ҳамзамон, оид ба фаъолияти ғайрикишоварзӣ баҳисобгирии ҷудогонаи объектҳои андозбандӣ ва объектҳои ба андозбандӣ алоқамандро, ки ба намуди фаъолият вобастаанд , пеш баранд.

Тибқи муқаррароти Кодекси андоз, субъектҳои хоҷагидоре, ки заминҳои захираҳои озоди давлатиро бо мақсади фаъоли­яти соҳибкорӣ истифода меку­нанд, аз пардохти андоз озод не­станд ва тибқи талаботи Кодекси замин ва дигар санадҳои меъё­рии ҳуқуқӣ дар соҳаи кишоварзӣ истифодашаванда ҳангоми ба хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби фонди захиравӣ илова наму­дани заминҳо, чунин заминҳо бе дарназардошти шумораи саҳмдорон ба муҳлати муайян ба хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста карда мешаванад. Ҳамчунин, мутобиқи қисми 2 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ” муайян гардидааст, ки шахси дар хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун коргари кироя фаъолиятдошта, узви хоҷагии деҳқонӣ ба ҳисоб намеравад.

Чуноне ки натиҷаи таҳлилҳо ва корҳои назоратии мақомоти андоз нишон медиҳанд, акса­рияти хоҷагиҳои деҳқоние, ки аз заминҳои фонди захиравӣ истифода менамоянд, ҳангоми корҳои агротехникӣ ва бо дар­назардошти фаро расидани мавсими ҷамъоварии ҳосили кишоварзӣ коргарони кирояи маҳаллиро истифода карда, ба онҳо бар ивази кори иҷрошуда даромад дар шакли музди меҳнат пардохт менамоянд ва тибқи муқаррароти қисми 2 моддаи 29 қонуни мазкур хоҷагии деҳқонӣ уҳдадор аст, ки бо коргарони кироя шар­тномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба имзо расонида, ба онҳо на кам аз андозаи ҳадди ақалли муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон музди меҳнат пардохт намояд.

Илова бар ин, ба самъи иштирокчиёни семинар - машваратҳо расонида шуд , ки хоҷагиҳои деҳконие, ки ба онҳо аз ҳисоби фонди захира­вии ноҳия замин дода шуда­аст, уҳдадоранд барои истифо­даи ин заминҳо андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳангоми истифодаи меҳнати коргари кироя тибқи тартиби муқарраргардида барои на кам­тар аз нишондиҳандаи музди миёнаи моҳона андози иҷтимоӣ ва андози даромадро ҳисоб ва ба буҷет пардохт намоянд.

А. Садридинов нишондиҳандаҳои хоҷагиҳои деҳқониеро, ки дар худуди ноҳияҳои Дӯстӣ, Панҷ, Қубодиён ва Шаҳритуз ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд, низ баррасӣ кард. Чуноне қайд гардид, тибқи мах­зани маълумоти Кумитаи андоз ба ҳолати 1 ноябри соли 2020 аз шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонии бақайдгирифташуда (2668 адад) дар Нозироти ан­доз дар ноҳияи Дӯстӣ 2508 адад эъломияи андозро ба мақомоти андоз пешниҳод намудаанд. Тафовути шумо­раи андозсупорандагоне, ки эъломияи андозро пешниҳод накардаанд, 160 ададро ташкил менамояд. Нишондиҳандаҳои рафти пешниҳоди эъломияҳои андоз аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонии дар қайди Но­зироти андоз дар ноҳияи Қубодиёнбуда аз шумораи уму­мии (2331 адад) хоҷагиҳои деҳқонии бақайдгирифташуда 2213 адад , ноҳияи Панҷ аз шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонии бақайдгирифташуда (5140 адад) ҳамагӣ 4848 адад, ноҳияи Шаҳритуз аз шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонии бақайдгирифташуда (2169 адад), дар маҷмӯъ, 2072 адад эъломияи андозро ба мақомоти андоз пешниҳод намудаанд. Та­фовути шумораи андозсупоран­дагоне, ки эъломияи андозро пешниҳод накардаанд, мутано­сибанд 118, 292 ва 97 ададро ташкил медиҳад.

Бо таассуф қайд гардид, ки новобаста аз чораҳои андеши­дашудаи мақомоти андоз, ҳанӯз ҳам хоҷагиҳое ба назар мера­санд, ки уҳдадории андозии худро сари вақт дар назди буҷет иҷро намекунанд. Масалан, ба ҳолати 1 ноябри соли 2020 дар Нозироти андоз дар ноҳияи Дӯстӣ 425 адад хоҷагии деҳқонӣ ба маблағи 430,4 ҳазор сомонӣ бақияи қарзи андоз доранд.

Нишондиҳандаҳои ҳаҷми бақияи қарзи андозҳо аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ мутаноси­бан дар ноҳияҳои Қубодиён 440 адад ба маблағи 403,0 ҳазор сомонӣ, Панҷ 353 адад ба маблағи 278,9 ҳазор сомонӣ ва Шаҳритуз 337 адад ба маблағи 380,2 ҳазор сомонӣ дар назди буҷет қарздор мебошанд.

Дар идомаи семинар - машварат сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупо­рандагони Раёсати андоз дар вилояти Хатлон И.Мирзоев гуфт, ки солҳои охир мақомоти андоз кӯшиш намуда истода­анд, бо мақсади сарфаи вақти андозсупорандагон, аз техноло­гияи иттилоотӣ ва барномаҳои компютерӣ бештар истифода карда, тамоми хизматрасониҳои худро дар шакли электронӣ, бе ҳозир шудани андозсупоранда ба мақомоти андоз, ба роҳ монанд ва корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳиро зиёд намоянд.

Тавре қайд гардид, тавас­сути модулҳои барномаҳои компютерӣ, андозсупорандагон метавонанд эъломияҳои андози худро ба мақомоти андоз дар шакли электронӣ пешниҳод на­муда, ҳисобварақаҳои худро оид ба ҳолати ҳисоббаробаркунӣ бо буҷети давлатӣ аз назар гузаро­нанд. Бо дарназардошти маври­ди истифода қарор гирифтани барномаҳои компютерӣ, муно­сибати бевоситаи шаҳрвандон ва андозсупорандагон бо кор­манди андоз маҳдуд гарди­да, дар ин замина омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия коҳиш дода мешавад. Бо так­мил ёфтани модулҳои нави барномаи компютерии дар мақомоти андоз амалкунанда ҳар як шаҳрванд имконият до­рад, ки дорои “Утоқи шахсии электронӣ” гардад.

Дар интиҳои семинар - машваратҳо аз ҷониби андоз­супорандагон суолу дархостҳо пешниҳод гардид ва кормандо­ни мақомоти андоз ба суолҳои пешниҳодшуда посухҳои мушах­хас доданд.

Тоҳир ЧИЛАЕВ

Муфассал ...

Вусъат бахшидани мониторинги андоз ба соҳибкорӣ чӣ манфиат меорад?

Ниҳоди мониторинги андоз, бешубҳа, тамо­юли мусбӣ дорад, зеро он ба мусоид намудани муносибатҳои байниҳамдигарии соҳибкорӣ ва давлат нигаронида шудааст. Маҳз принсипҳои эътимоднокӣ, шаффофият ва ҳамкорӣ асоси мониторинги андозро ташкил медиҳанд.

Муфассал ...

ТАТБИҚИ ИМТИЁЗҲО БА АНДОЗСУПОРАНДАГОН

     Имтиёзҳои андоз гуфта, ин сабукиҳоеро меноманд, ки мутобиқи Кодекси андоз ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшудаи Тоҷикистон ба андозсупорандагон дода мешаванд. Маъмултарин намудҳои имтиёзҳои андозӣ, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, додани имконияти пардохт накардан ё дар ҳаҷми камтар ё дар муҳлати нисбатан дертар супоридани андоз мебошанд.

Муфассал ...

ТАЛАБОТ БА МНХ ВА ТАЪМИНИ СОҲИБКОРОН БО ОН

     Мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ яке аз воситаҳои асосии муайян намудани даромади воқеии андозсупорандагон ба ҳисоб рафта, истифодаи он ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ дар вақти фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасониҳо бо пули нақд ҳатмӣ мебошад.

Муфассал ...

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ- МУСОИДАТ БА РУШДИ СОҲИБКОРӢ

     Дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳию тавзеҳотӣ, аз ҷумла гузаронидани семинар - машваратҳо, вохӯрию суҳбатҳо аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти андоз дар такмили фарҳанги андозсупорандагон ва баланд бардоштани дониши ҳуқуқии онҳо маҳсуб меёбад.

Муфассал ...

МНХ - воситаи муайян намудани даромади воқеӣ

     Истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (МНХ) яке аз воситаҳои асосии муайян намудани даромади воқеии андозсупорандагон ба ҳисоб рафта, истифодаи он ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ дар вақти фурўши мол, иҷрои кор ва хизматрасониҳо бо пули нақд дар асоси моддаҳои 38-39 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, таҳти №210 ҳатмӣ мебошад. Вобаста ба вазъи истифодаи МНХ дар киш­вар ва дар кадом сатҳ таъмин будани соҳибкорон бо чунин таҷҳизот бо сардори Раёсати санҷишҳои амалиётӣ ва назорати фаврии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Давлатзода суҳбат доир намудем, ки онро пешкаш менамоем.

Муфассал ...

Теъдоди соҳибкорон рў ба афзоиш дорад

     Мутобиқи маълумоти Раёсати андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давоми бештар аз шаш моҳи соли равон 2100 соҳибкори инфиродии бо патент фаъолияткунанда ба андозбандӣ ҷалб шуданд ва аз ин ҳисоб ба буҷет 1202,0 ҳазор сомонӣ ворид гардид.

Муфассал ...

Низоми пардохти ғайринақдӣ

Ҳоло дар аксар марказҳои калони савдою хизматрасонӣ POS-терминалҳои электронӣ насб шудаанд, ки шаҳрвандон ҳангоми хариди мол ё хизматрасонӣ аз ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ озодона истифода карда метавонанд. Дар робита ба ин, мақомоти андози кишвар кӯшиш намуда истодаанд, ки шумораи POS-терминалҳои электронӣ зиёд шавад, зеро истифодаи оммавии онҳо шаффофияти муомилоти молиявиро таъмин намуда, ба афзудани воридшавии андозҳо ва рушди иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад. Вобаста ба вазъи насб ва мавриди истифода қарор додани POS-терминалҳо ва зарурату афзалиятҳои он бо сардори Раёсати санҷишҳои амалиётӣ ва назорати фаврии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Давлатзода суҳбат намудем, ки фишурдаи онро пешкаш менамоем.

Муфассал ...

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF