wrapper

Хабарҳо

Симои соҳибкор

   Имрӯз Ҳукумати мамлакат баҳри рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва дастгирии соҳибкорон тадбирҳои зиёди судмандро андешида истодааст. Ин дастгирӣ, албатта, барои фаъолияти озоди соҳибкорӣ шароит фароҳам меорад. Шукри Истиқлолияти кишвар, ки бо шарофати он мардуми зиёд дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ба кор ҷалб шудаанду дар бунёдкорию созандагӣ ва шукуфоии диёр саҳми беандоза мегузоранд.

   Соҳибкорӣ, ки яке аз падидаҳои даврони истиқлол аст, имрӯз дар кишвар ба таври назаррас ривоҷу равнақ дорад. Маҳз соҳибкорон имрӯз дар афзоиши истеҳсолот, рушди иқтисод, ғанӣ гардидани қисми даромади буҷет ва дар маҷмӯъ шукуфоии Ватан саҳми беандоза доранд. Соҳибкорони мамлакат ҷавобан ба дастгирию ғамхории давлату Ҳукумат, пайваста заҳмат мекашанд ва дар ғанӣ гардидани буҷетҳои маҳаллию умумиҷумҳуриявӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд.

   Муносибати дуруст, муомилаи нек ва касбу ҳунар касро ба қуллаи мурод мерасонад. Таҷаллии ин гуфтаҳоро дар мисоли як нафар соҳибкори ташаббускору боҳиммат – Равшанмурод Ҳоҷиев метавон мушоҳида кард. Мавсуф бо эҳсоси масъулият ва бо ҷидду ҷаҳд кор мекунад ва дар ҳаёти худ дигаргуниҳои зиёдеро низ ворид сохтааст.

   Равшанмурод Ҳоҷиев дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ сарварии хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Давлат”-ро ба уҳда дорад. Ёдовар бояд шуд, ки хоҷагии деҳқонии зикршуда аз 33 гектар иборат буда, дар он мутахассисони варзидаи соҳаи кишоварзӣ ба кор ҷалб шудаанд. Соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари кории худ ба шаҳри Ҳисор ҳамроҳи як гурӯҳ мутахассисони соҳаи кишоварзӣ аз боғи навбунёди Р. Ҳоҷиев дидан карда, барои бунёди ин боғ баҳои баланд доданд.

   Воқеан, кишоварзӣ муҳимтарин бахши ҳаёти ҷамъиятӣ аст, ки муносибатҳои бисёрҷонибаро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб ба роҳ монда, заминаи ҳамбастагӣ дар минтақаҳо мегардад. Ин соҳа сарчашмаи неъматҳои моддию истеъмолӣ буда, талаботи аҳолӣ ва соҳаи саноатро бо ашёи хом таъмин мекунад.

   Бо дастури бевоситаи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар доираи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ҳазорҳо гектар заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳо ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, аз ин ҳисоб заминҳои кишт ва боғҳо васеъ карда мешаванд.

   Дар баробари ин, дар самти зиёд намудани майдони боғу токзор ва ба ин васила афзун гардонидани истеҳсоли меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ ва ба содирот нигаронидашуда тадбирҳои ҷиддӣ андешида шуда истодаанд.

   ... Пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ ва дар ҷумҳурӣ сар задани ҷанги шаҳрвандӣ қисми зиёди корхонаву ташкилотҳои Тоҷикистон ба харобазор табдил ёфтанд. Дар ин қатор осоишгоҳи Обигарм низ чанд сол аз фаъолият боз монд. Ҳамин тариқ, баҳори соли 2004 боришоти зиёд ба амал омаду биноҳои осоишгоҳи поёнро валангор кард. Осоишгоҳи боло ва биноҳои истироҳатию табобатӣ ҳам таъмирталаб гаштанд. Он замон барои таъмиру тармим ва азнавсозии осоишгоҳи Обигарм вақт лозим буду маблағ. Ва нафаре лозим буд, ки ин харобазорро ба макони истироҳату табобат табдил бидиҳад. Ниҳоят, соҳибкор Равшанмурод Ҳоҷиев ин ҳолатро нигариста, ҳамчун як нафар дӯстдори Ватан ва хайрхоҳи мардум назди худ мақсад гузошт, ки осоишгоҳи Обигармро таъмир карда, ба ҳолати аввала ва ҳатто аз он ҳам беҳтар гардонад.

   Ҳоло бо ташаббуси Р. Ҳоҷиев осоишгоҳи Обигарм ба яке аз осоишгоҳҳои пешқадами кишвар табдил ёфтааст. Барои ноил шудан ба ин мақсад биноҳои истироҳатӣ ва табобатиро аз нав сохта, дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамонро аз давлатҳои пешрафтаи дунё ба осоишгоҳ овард. Дар майдонҳои боло ва мобайни осоишгоҳ роҳраву гулгаштҳо, ҳуҷраҳои истироҳатӣ, хонаҳои лойгирӣ, ваннаҳою дӯшхонаҳои зебо, ҳавзҳои оби гарм, хонаҳои маҳсу сӯзандармонӣ, озмоишгоҳи биокимиёвӣ, сандалии барқӣ, масҳи барқӣ, ошхонаю чойхона ва варзишгоҳ аз нав бунёд шуда, ба осоишгоҳ шукуҳу шаҳомати хоса бахшидаанд. Инчунин, истироҳаткунандагон аз майдонҳои варзишӣ, толори намоиши киною консерт, китобхона, гӯшаҳои махсуси бозиҳои шоҳмоту шашка ва толори саққобозӣ истифода карда, вақти худро хуб ме­гузаронанд. Одамон аз ҳар гӯшаю канори мамлакат ва берун аз он барои муолиҷаи бемориҳо ба ин осоишгоҳ меоянд.

   Равшанмурод Ҳоҷиев ҳамеша дар талоши ободиву созандагист. Ӯ кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки барои сазовор истиқбол кардани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон осоишгоҳи Обигармро ба яке аз беҳтарин осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ табдил дода, шуҳрати онро боз ҳам баланд бардорад.

Нуралӣ КАРИМОВ,

нафақахӯр, Аълочии маорифи Тоҷикистон,

истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти

Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ

Последнее изменение Душанбе, 26 Ноябри 2018

15987 Шарҳҳо

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF