wrapper

Хабарҳо

   23 ноябри соли 2018 дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Маликзода, сардори шуъбаи Раёсати ташкили андозбандӣ Собирҷон Исоев ва роҳбарону сармуҳосибони бозорҳо ва ширкатҳои мусофиркашонии шаҳри Душанбе семинар - машварат баргузор гардид.

   Семинар - машваратро сардори Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андоз Нарзулло Маликзода ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа, пеш аз ҳама, корҳои фаҳмондадиҳии мақомоти андоз дар самти дуруст пешниҳод кардани эъломияҳои андозҳо, пурра нишон додани даромадҳои андозбандишаванда, дуруст нишон додани музди меҳнати пардохтшаванда ва коргарони кироя, дар баробари ин, тартиби ҳисоб ва пардохти андозҳо, махсусан, андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ, истифодаи дурусти мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ (МНХ-и дорои ТИЭ) ва дигар самтҳои кори мақомоти андоз бо андозсупорандагон мебошад.

   Баъдан, сардори шуъбаи Раёсати ташкили андозбандӣ Собирҷон Исоев суханронӣ кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки натиҷаи таҳлилҳои мақомоти андоз нисбати эъломияҳои андозҳои аз ҷониби андозсупорандагон пешниҳодгардида нишон медиҳанд, ки ҳоло ҳам қисми зиёди андозсупорандагон дар эъломияҳо даромади воқеан бадастовардаашонро нишон намедиҳанд, аз МНХ –и дорои ТИЭ дуруст истифода намекунанд, музди меҳнати воқеии ба кормандон пардохтшавандаро пурра нишон намедиҳанд, новобаста аз ин, шумораи кормандонро сол аз сол кам нишон дода, дар эъломияҳои андозӣ даромадҳои андозбандишавандаи худро дар ҳаҷми пурра нишон надода, фаъолияти худро мунтазам бозарар ҷамъбаст менамоянд. Бо андозсупорандагони бемасъулият ва ё бо ширкатҳои фаъолияташон моҳияти назарраси иқтисодинадошта амалиёт мегузаронанд, тартиби истифодабарии ҳисобнома-фактураҳои ААИ-ро риоя намекунанд, ки дар натиҷа, боиси нофаҳмӣ миёни онҳо ва мақомоти андоз мегардад.

   Таҳлилҳои гузаронидашуда аз рӯи ҳисоботе, ки андозсупорандагон ба мақомоти андоз пешниҳод кардаанд, нишон медиҳанд, ки ҳоло ҳам аз ҷониби андозсупорандагон шумораи коргарони кироя ва музди меҳнати пардохтшаванда дуруст нишон дода намешаванд.

   Дар ҷаласа гуфта шуд , ки мутобиқи махзани маълумоти Кумитаи андоз дар семоҳаи сеюми соли 2018 дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз тарафи 39 адад андозсупорандае, ки ба хизматрасонии нақлиётӣ машғуланд, дар шакли электронӣ ба мақомоти андоз маълумот пешниҳод шудааст, ки маблағи хизматрасонии онҳо ба ҳисоби миёна дар семоҳаи сеюми соли 2018 мутаносибан ба 1291,7 ҳазор сомонӣ баробар мебошад. Ин ба ҳисоби миёна ба як андозсупорандаи дар он фаъолияткунанда дар се моҳ 425,4 сомонӣ ва дар як моҳ 141,8 сомонӣ рост меояд, ки ин нишондод дар буриши баъзе аз андозсупорандагон аз ин ҳам пасттар мебошанд ва ба воқеият рост намеоянд. Дар баробари ин, баъзе аз ширкатҳои нақлиётӣ дар тобеияти худ нуқтаҳои таъмири воситаҳои нақлиёт ва фурӯши сӯзишвориҳои дизелӣ, мағозаҳои қисмҳои эҳтиётӣ равғанҳои молиданӣ ва дигар фаъолиятҳоро амалӣ карда, даромадҳои худро аз ин ҳисоб пурра нишон надодаанд.

   С.Исоев, инчунин, зикр кард, ки дар бозорҳо ва марказҳои калони савдои шаҳри Душанбе низ камбудиҳо ба назар мерасанд, ки боиси нигаронии мақомоти андози мамлакат гардидааст.

   Тибқи таҳлилҳои гузаронидашуда дар ин давра аз тарафи 34 бозор ва маркази калони савдои шаҳри Душанбе дар шакли электронӣ ба махзани маълумоти Кумитаи андоз маълумот ворид гардидааст. Тибқи маълумоти воридшуда маблағи умумии иҷорапулӣ ба 4857,4 ҳазор сомонӣ баробар буда, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ ба 4770 нафар андозсупорандаи алоҳида ба иҷора дода шудааст, ки маблағи миёнаи иҷорапулӣ ба як андозсупоранда дар як моҳ 14,4 сомонӣ рост меояд. Ин нишондод дар муқоиса бо масоҳати ба иҷорадодашуда тамоман нокифоя ва ночиз мебошад ва он дар баъзе аз андозсупорандагон аз ин ҳам пасттар аст.

   Дар охир андозсупорандагон ба саволҳои худ вобаста ба мушкилоти ҷойдошта дар самти фаъолияташон аз кормандони мақомоти андоз посухҳои мушаххас гирифтанд.

Тоҳир ЧИЛАЕВ

143 Шарҳҳо

  • Навиштани шарҳи нав balenciaga Душанбе, 21 Октябри 2019 08:56 навиштааст balenciaga

    I wish to express my thanks to you for rescuing me from this particular instance. As a result of searching throughout the internet and obtaining views which were not productive, I assumed my life was done. Being alive without the presence of solutions to the difficulties you have solved by way of this write-up is a serious case, as well as the ones which could have in a wrong way damaged my career if I hadn't noticed your blog. Your primary knowledge and kindness in handling almost everything was very helpful. I am not sure what I would've done if I hadn't discovered such a solution like this. I can also at this point look ahead to my future. Thanks very much for your skilled and results-oriented guide. I won't be reluctant to propose your site to any individual who ought to have tips about this area.

  • Навиштани шарҳи нав golden goose Якшанбе, 20 Октябри 2019 12:20 навиштааст golden goose

    Thank you for your whole efforts on this web site. Debby really loves managing investigation and it's really easy to see why. Most people hear all concerning the powerful mode you deliver both useful and interesting techniques via the website and even strongly encourage response from some other people on the topic plus my princess is certainly being taught a lot of things. Have fun with the remaining portion of the year. You are performing a glorious job.

  • Навиштани шарҳи нав yeezys Шанбе, 19 Октябри 2019 13:28 навиштааст yeezys

    Thanks a lot for giving everyone a very pleasant possiblity to read in detail from this website. It really is very amazing plus jam-packed with a good time for me and my office co-workers to search the blog the equivalent of thrice in one week to learn the latest stuff you have. And of course, I'm also at all times impressed for the beautiful creative concepts you give. Selected 3 areas in this post are essentially the most impressive we have all had.

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF