wrapper

Хабарҳо

   Низоми кори мақомоти андоз дар самти омӯзиши наслҳои оянда ба дигаргунсозӣ ниёз дорад. Вазифаи мақомоти андоз натанҳо ҷамъоварии андозҳо, балки пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, ба роҳ мондани корҳои доимии фаҳмондадиҳӣ ва барои андозсупорандагон ташкил кардани бахшҳои омӯзишӣ мебошад, - таъкид гардидааст дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

   Барои амалӣ гардонда­ни ин ҳадаф ва дар амал татбиқ намудани дасту­ри паёмии Пешвои мил­лат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳудудии он тадбирҳои амалӣ меандешанд. Бо ин мақсад, соли гузашта бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати андози вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Раёсати маориф бори аввал озмуни вилоятии «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонанда­гон» байни муҳассилони муассисаҳои таҳсилоти ми­ёнаи умумии вилояти Суғд доир карда шуд. Даври аввал ва дуюми озмун дар шаҳру ноҳияҳо ва даври сеюм ва ҷамъбастии он дар қасри фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланд, ҷолибу хотирмон сурат ги­рифт. Fолибони озмун ва иштирокчиёни фаъоли он, дар маҷмӯъ, 45 нафар бо Диплом, Сипоснома, Ифти­хорнома ва туҳфаҳои раёсати андоз ва Раёсати маорифи вилоят қадршиносӣ карда шудаанд.

   Ҳар як фарди ҷомеа, но­вобаста аз синну сол, бояд дарк намоянд, ки пардохти андоз танҳо як амали ба буҷети давлат ворид наму­дани маблағҳои пешбинина­мудаи қонунгузорӣ набуда, балки бо мақсади пойдории давлат, рушди он, таъми­ни зиндагии осоиштаи ҳар як шаҳрванд дар ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.

   - Баргузории нахустин озмуни вилоятии «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хо­нандагон» соли 2017 нишон дод, ки дарку фаҳмиши моҳият ва аҳамияти андоз ба­рои рушди давлат дар зеҳни наврасону ҷавонон тадриҷан баланд мегардад. Шеърҳо, иншо ва мусаввараҳои ба озмун пешниҳод- намудаи муҳассилони муассисаҳои тахсилоти миёнаи умумӣ аз кулли шаҳру ноҳияҳои вилоят далели ин нукта буданд, - таъкид на­муд сардори шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоя­ти Суғд Абдураҳим Қурбонов.

   Инак, Раёсати андоз дар якҷоягӣ бо Раёсати маорифи ви­лояти Суғд бо мақсади ба­ланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ва ташаккули тафаккури андозии навра­сону ҷавонон озмуни дуюми вилоятии «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон»-ро эъ­лон намуданд. Ташаббуско­рон ва сарпарастони озмун тасмим гирифтаанд, ки озму­ни имсолаи «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон-ро аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа боз ҳам ҷолибу шавқовар ташкил намоянд.

Тоҳирҷон ИСКАНДАРЗОДА,

вилояти Суғд

Последнее изменение Ҷумъа, 21 Декабри 2018

150 Шарҳҳо

  • Навиштани шарҳи нав golden goose outlet Душанбе, 21 Октябри 2019 18:50 навиштааст golden goose outlet

    I simply had to thank you so much yet again. I do not know what I would've carried out without the actual basics provided by you directly on that topic. Certainly was an absolute troublesome difficulty in my circumstances, but being able to see this specialised form you treated it took me to cry with joy. Now i'm happy for this support and then hope you find out what a great job you are accomplishing training the others using a web site. Most likely you've never got to know any of us.

  • Навиштани шарҳи нав nike cortez women Якшанбе, 20 Октябри 2019 20:27 навиштааст nike cortez women

    My wife and i felt absolutely contented that Albert could conclude his survey while using the precious recommendations he obtained from your weblog. It is now and again perplexing just to always be releasing key points which often many people have been trying to sell. We really recognize we now have the writer to appreciate for that. Most of the illustrations you have made, the simple blog menu, the relationships you will assist to create - it is all amazing, and it is facilitating our son in addition to our family know that that concept is cool, which is certainly tremendously essential. Many thanks for the whole thing!

  • Навиштани шарҳи нав coach factory outlet Шанбе, 19 Октябри 2019 21:20 навиштааст coach factory outlet

    I simply had to say thanks again. I do not know the things that I would've accomplished in the absence of the type of ideas provided by you about that field. It had been an absolute scary condition in my position, but being able to view the very specialized style you treated it made me to weep with fulfillment. I will be happier for the support as well as expect you know what a powerful job you were carrying out teaching many people all through your blog post. Most likely you have never come across all of us.

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF