wrapper

Хабарҳо

   Сиёсати андоз дар асоси дастуру супоришҳо ва раҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат зина ба зина роҳандозӣ шуда истодааст. То имрӯз дар самтҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорон ва сармоягузорон, сода­гардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳот низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, ислоҳоти низоми андозбандӣ, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бах­ши хусусӣ ва рушди соҳаҳои дигар тадбирҳои муҳим андешида ва амалӣ шудаанд.

   Вобаста ба ин мавзӯъ суҳбате доштем бо директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия» дар назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, дотсенти кафедраи андоз ва андозбандӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Хуршед Ҷумъабоев, ки онро пешкаш менамоем.

   - Лутфан мегуф­тед, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми андози мамла­кат ба кадом натиҷаҳо ноил гардид?

   - Яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти иқтисодӣ доир ба беҳтар намудани фазои сармоягзорӣ ва соҳибкорӣ, содагардонии рас­миёти бақайдигии соҳибкорӣ мебошад. Бо дарназардошти ин низом «Равзанаи ягона» барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҷорӣ шуд, ки он ба содагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, таъмини шаффофият, бартарафсозии монеаҳои гуногун дар самти ташкили шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст.

   Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, Кодекси андоз се маро­тиба қабул шуд. То қабули Кодекси андози якум, дар ҷумҳури 45 наму­ди андоз, пардохт ва боҷ муқаррар шуда будаанд. Зиёд будани шумо­раи онҳо табиист, ки ба пешравии фаъолияти соҳибкории хурд ва миёна мусоидат намекард.

   Қабули Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 1999 ва мавриди истифода қарор гирифтани он, шумораи андозҳоро аз 45 то 17 то оварда расонид ва тадриҷан меъёрҳои андоз низ паст карда шуданд мисол:

   а) андози ААИ – аз 28 то 20%;

   б) андоз аз фоида – аз 40 то 30%

  в) андози иҷтимоӣ аз 37 то 25% ва ғайра.

   Қабули Кодекси андози нав (1.01.2005) вазифаи ҳавасмандии андозро дучанд сохт. Мисол: меъё­ри андоз аз фоида аз 30 ба 25% паст шуд. Инчунин, имтиёзҳои нав ворид шуданд, аз он ҷумла:

   а) ҳамаи корхонаҳои истеҳсолӣ, дар соли ташкилёбиашон аз андоз аз фоида озод мебошанд (моддаи 145-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон);

   б) корхонаҳо вобаста аз ҳаҷми сармоягузории солона ба муд­дати аз 2 то 5 сол, аз андоз аз фоида озод мебошанд (моддаи 145-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон);

   в) дар андозбандии сохтмонӣ, НБО аз пардохтҳои андозҳои зерин озод мебошанд: ААИ, андоз аз фои­да, андози замин ва ғайра (моддаи 343-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон).

   Иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда, бо мақсади паст намудани гаронии андоз ва дастгирии соҳибкории хурд ва миёна низ дар амал зина ба зина татбиқ гардид. Мисол: дар соли 2009 бо пешниҳоди Президен­ти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 20 ба 18% ва андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ аз 25 ба 15% паст карда шуд.

   - Дар даврони амали аввалин Кодекси андоз, яъне солҳои 1999-2004 низоми андози мамла­кат ба кадом натиҷаҳо ноил гашт?

   - Умуман, дар давраи амали аввалин Кодекси андоз, яъне дар солҳои 1999-2004, мувофиқи та­лаботи инкишофи иқтисодиёти миллӣ ва сиёсати иқтисоди давлатӣ, ба Кодекси андоз зиёда аз 100 тағйиру илова ворид гардид. Бояд гуфт, ки дигаргуншавии низоми иқтисодӣ, афзун гардидани ҳиссаи бахши хусусӣ, ҳимояи соҳибкорони ватанӣ ва зарурати сабук намудани гаронии андоз барои корхонаҳо, ҷамъбасти таҷрибаи андозбандӣ дар мамлакат, масъалаи аз нав дида баромадани аввалин Кодек­си андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мадди аввал гузошта шуд. Дар моҳи ноябри соли 2004, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав қабул ва аз 1 январи соли 2005 мавриди амал қарор гирифт.

   Ба ҷорӣ шудани Кодекси ан­доз (2005) дар сохтори андози миллии ҷумҳурӣ тағйироти куллӣ ба амал омад. Пеш аз ҳама, ҳуқуқ ва вазифаҳои андозсупорандагон ва мақомоти андоз хеле саҳеҳ муайян гардиданд, шаклҳои на­зорати андоз ва ба амал татбиқ намудани онҳо, масъулият барои вайронкунии қонунгузории андоз, бақайдгирии андозсупорандагон ва дигар масъалаҳои андозбандӣ мувофиқи талаботи замон ҳалли худро ёфтанд.

   Дар ҳамин давра теъдоди намудҳои андоз аз 17 то 19 зиёд кар­да шуд, мавқеъ ва тарзи ҳисоб на­мудани баъзе андозҳо, аз он ҷумла, андоз аз амволи ғайриманқул ва ан­доз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт тағйир ёфт. Ду намуди андоз, яъне андоз аз амволи корхонаҳо ва андоз барои нигоҳ доштани нақлиёти ҷамъиятии мусофиркаш боло рафта, андозҳои нав ба монанди андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ҷорӣ шуданд. Ғайр аз ин, Кодекси андоз (2005) ба­рои мустаҳкам намудани заминаи буҷетҳои маҳаллӣ кумак намуд, зеро се намуди андозҳо – андоз аз амволи ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ва андоз аз фурӯши чакана ҳамчун андозҳои маҳаллӣ қабул гарди­данд.

   Баъд аз як соли амали Ко­декси андоз (2005), дар моҳи декабри соли 2005 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ан­дози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 декабри соли 2005, №9182, тағйиру иловаҳо ворид гардид. Пеш аз ҳама, ҳаҷми амалиёти андозбандишаванда дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи муттасили тақвимӣ барои баҳисобгирии бақайдгирии андозсупорандаго­ни андоз аз арзиши иловашуда, аз 48 то 200 ҳазор сомонӣ зиёд шуд. Ин имкон дод, ки шумораи андозсупорандагони андоз аз арзиши иловашуда якчанд ма­ротиба кам карда шуда, қисми зиёди соҳибкорони хурду миёна аз ин навъи андоз озод гарданд ва баҳисобгирии ҷамъоварии андоз аз арзиши иловашуда дуруст ба роҳ монда шавад.

   Дар натиҷаи тағйирот, барои инкишофи минбаъдаи соҳибкории хурду миёна, имкониятҳои ва­сеъ ба вуҷуд омад. Ғайр аз ин, ба имтиёзҳои андозӣ дар масъалаи андозбандӣ бо андоз аз арзиши иловашуда, як илова ба Кодекси андоз ворид гашт, яъне аз он во­ридоти моле, ки аз ҳисоби грантҳои давлатҳои хориҷӣ ба амал баро­варда мешавад, минбаъд андоз аз арзиши иловашуда ситонида наме­шуд, ки ин илова барои самаранок ва мақсаднок истифода кардан аз грантҳои давлатҳои хориҷӣ мусо­идат намуд.

   - Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки аз 1 ян­вари соли 2013 маври­ди амал қарор гирифт, нисбат аз кодексҳои пештара чӣ бартарият дошт?

   - Чуноне Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Па­ёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд: «Ҷиҳати афзоиши қисми даромади Буҷети давлатӣ бо роҳи ҳавасманд наму­дани андозсупорандагон ва андоз­бандии пурраи онҳо ислоҳот дар бахши андоз вобаста ба ҳарчи сода намудани низоми андозбандӣ ва кам кардани шумораи андозҳо тав­васути муносиб сохтани миқдори умумии онҳо, ба таври ҷиддӣ идо­ма дода шавад». Ҷорӣ гардидани Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, бешубҳа, оғози дав­раи нав дар рушди низоми мил­лии андоз буда, барои таъмини содагӣ, фаҳмоӣ ва возеҳӣ, аз байн бурдани андозҳои бесамар, сода гардонидани механизми пардохти андозҳо аз ҷониби андозсупоран­дагон ва баланд бардоштани суръ­ати ҷамъоварии андоз мусоидат мекард.

   Бо мақсади иҷрои супори­ши Сардори давлат, маъмури­кунонии андоз дар Кодекси ан­дози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав (1 январи соли 2013) сода, ҳаҷми умумии матни он ва меъёрҳои аз як модда ба моддаи дигар ва ба дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҳаволакунанда (нисбат ба Кодекси андози пештара), ҳаддалимкон кам шуд. Шумораи умумии моддаҳо аз 359 то 329 адад кам шуд; шумораи истинодҳо аз 384 то 176 адад кам шуд; андоз аз фурӯши чакана ва андози ҳадди ақал аз даромадҳо, аз қонунгузории андоз тамоман хориҷ гардид; шумораи эъломияҳои ан­доз то 41 фоиз, шумораи ҳисоботи андозӣ то 86 фоиз ва шумораи умумии пардохтҳои андозӣ то 43 фоиз кам гардид.

   Бамаврид аст зикр кунем, ки Ко­декси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бо фарқият аз Ко­декси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то санаи 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дошт, дорои як қатор навовариҳо мебошад. Аз ҷумла, дар Кодекси андози амалкунанда нисбат ба Кодекси андози солҳои 2005-2012, шумо­раи андозҳо камтар шуд, яъне 10 намуди андоз муқаррар шудааст, ки 8-тои он ҷумҳуриявӣ ва 2-то он андозҳои маҳаллианд. Инчу­нин, Кодекси амалкунандаи андоз намудҳои андозҳоро ба таври даққиқ ва мушаххас муқаррар намуд, ки ин ба сифати яке аз дастовардҳои Кодекси андоз эъти­роф мешавад.

   Дар фасли 16 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон низомҳои махсуси андозбандӣ муқаррар шудаанд, ки тибқи он категорияҳои алоҳидаи андозсупоранда­гон уҳдадоранд баъзе андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллиро тибқи тартиби содакардашуда супоранд. Дар фасли 17 Кодекси андози амал­кунанда, низомҳои имтиёзноки андозбандӣ муқаррар шудаанд, ки барои сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт додани имтиёзҳои андозии иловагиро пешбинӣ менамоянд.

   Умуман, дар доираи Кодек­си нави андоз, барои пешрафти соҳибкории хурду миёна беш аз 240 номгӯйи имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд. Татбиқи пешниҳодҳои Президенти кишвар муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷорӣ намудани имтиёзҳои андозии иловагӣ дар таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, пеш аз ҳама, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорон, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, мусоидат ме­намояд.

Мусоҳиб

Неъматулло ЗОИРЗОДА

Последнее изменение Душанбе, 07 Январи 2019

147 Шарҳҳо

  • Навиштани шарҳи нав hermes Душанбе, 21 Октябри 2019 11:48 навиштааст hermes

    I as well as my guys have been checking out the great solutions on the website and before long came up with a horrible suspicion I never thanked the blog owner for those techniques. These men happened to be so stimulated to study them and have absolutely been loving these things. Appreciation for getting really kind and then for deciding upon varieties of high-quality information millions of individuals are really needing to discover. Our sincere regret for not saying thanks to sooner.

  • Навиштани шарҳи нав moncler jackets Якшанбе, 20 Октябри 2019 17:11 навиштааст moncler jackets

    I would like to show some thanks to the writer just for rescuing me from this predicament. Because of scouting throughout the the net and meeting tricks which were not pleasant, I figured my entire life was over. Existing devoid of the strategies to the difficulties you have fixed all through your main posting is a serious case, as well as those that might have badly damaged my entire career if I had not noticed the blog. Your main knowledge and kindness in playing with all things was precious. I don't know what I would have done if I had not come across such a point like this. I'm able to at this time relish my future. Thanks for your time very much for your skilled and sensible help. I will not be reluctant to propose the blog to any individual who would need direction on this issue.

  • Навиштани шарҳи нав supreme clothing Шанбе, 19 Октябри 2019 18:09 навиштааст supreme clothing

    A lot of thanks for each of your effort on this web page. My niece delights in participating in internet research and it's really simple to grasp why. Most people know all of the lively means you present good secrets via the web blog and even strongly encourage response from some others about this theme and our favorite daughter is in fact studying a great deal. Take pleasure in the remaining portion of the year. You are conducting a superb job.

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF