Барномаи мазкур дар се марҳала - марҳалаи якум барои солҳои 2012 – 2014; марҳалаи дуюм барои солҳои 2015 – 2017; марҳалаи сеюм барои солҳои 2018 – 2020 татбиқ шудааст.
Бояд қайд намуд, ки марҳалаҳои якум ва дуюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар асоси Нақшаи чорабиниҳо, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012, таҳти рақами 201 ва аз 1 декабри соли 2014, таҳти рақами 740 тасдиқ гардида буданд, мавриди татбиқ қарор гирифтанд.
Аз соли 2018 марҳалаи сеюми татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ оғоз гардидааст, ки дар самти дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ яке аз санадҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар марҳалаи сеюми татбиқи ин барнома мақсад гузошта шудааст, ки муносибатҳои муосири иқтисодӣ тавассути такмили қонунгузорӣ, рушди низоми иҷрои қарордодҳо ва идоракунии корпоративӣ, таъмин намудани ҳуқуқи молумулкӣ, бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, афзоиш додани сармоягузорӣ ва коҳиш додани хавфҳои эҳтимолӣ таҳким бахшида шаванд.
Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар самти таъмин намудани пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва таҳкими ҳамкории судманд бо шарикони рушд ҳаҷми воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти вилоят мунтазам афзоиш ёфта истодааст. Умуман, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 25 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст, ки асосан, бо бунёду таҷдиди инфрасохтор алоқаманд мебошад.
Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2012 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ” мақомоти иҷозатдиҳанда вазифадор гардидааст, ки ҳар сол дар моҳи декабр вобаста ба пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ маълумоти хаттӣ пешниҳод намояд.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” 19 адад мақомоти ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда муқаррар карда шуданд, ки дар баробари дигар мақомоти дахлдор, ҳамзамон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ низ ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда ба шумор меравад.
Бояд зикр кард , ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруѓ ва ноҳияҳои вилоят вобаста ба пешбурди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, яъне ба унвонии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи мактуби расмӣ аз 1 феврали соли 2019 оид ба ҷамъбасти мониторинги татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузориш муфасал пешниҳод карда шудааст.
Дар доираи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ шумораи иҷозатҳо аз 605 то 74 номгӯй кам гардида, дар ин замина, дар кишвар Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ҷорӣ гардид. Имрӯз дар мамлакат бо мақсади баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ раванди таъсиси “Равзанаи ягона” оид ба гирифтани иҷозат барои сохтмон, бақайдгирии амволи ғайриманқул, амалиёти содироту воридот ва транзит, ҷараёни роҳандозии хизматрасониҳои электронии давлатӣ, ба шакли электронӣ гузаронидани ҳуҷҷатгузорӣ ва муосир гардонидани махзани маълумоти мақомоти танзими давлатӣ оғоз шудааст.
Дар чанд соли охир бо пешниҳоди соҳибкорону сармоягузорон қонунгузорӣ дар самти ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор такмил дода шуд. Бо мақсади беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва дастгирии соҳибкорӣ ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои воридшуда 30 номгӯйи имтиёзу сабукиҳоро дар бар мегиранд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва соҳаи хизматрасонӣ равона карда шудаанд.
Дар мамлакат бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ ва ворид кардани таҷҳизоти муосири технологӣ, инчунин, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ воридоти як қатор таҷҳизоти истеҳсоливу технологӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудааст. Илова бар ин, аз 1 январи соли 2018 воридоти ҳама намудҳои таҷҳизоти истеҳсоливу технологӣ ва қисмҳои такмилдиҳандаи он аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудааст.
Дар асоси пешниҳоди мақомоти андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)” бандҳои алоҳида бо мазмуни зерин ворид карда шуданд: Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи як нафар ё гурўҳи шахсони воқеӣ дар шаклҳои зерин таъсис дода мешаванд:
- бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ, бо шумораи аз 1 то 50 нафар аъзо;
- бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ бе дарназардошти шумораи аъзо.
Инчунин, усули бақайдгирии андозсупорандагон дар мақомоти андоз аз аввали соли ҷори ройгон анҷом дода мешавад. Яъне андозсупорандагон дар мақомоти андоз бе ситонидани боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳо ба қайд гирифта мешаванд, ки ба фаъолияти самараноки соҳибкорон мусоидат мекунад.
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят бо соҳибкорон робитаи қавӣ барқарор карда, кўшиш менамояд, ки барои тавсеаи бештари фаъолияташон шароити зарурӣ фароҳам орад. Дар моҳи марти соли 2020 устодони факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ дар ҳамкорӣ бо кормандони Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят оид ба беҳтар намудани фазои сармогузорӣ бо намояндагони бахши хусусӣ мулоқот анҷом доданд. Ба намояндагони бахши хусусӣ дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, мазмуну моҳият ва талаботи қонунгузории мазкур пурра шарҳу тавзеҳ дода шуд. Ҳамчунин, баҳри аз байн бурдани омилҳои эҷодкунандаи монеаҳо бо ширкати мутахассисони Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят ва раёсати андози вилоят дар се моҳ як маротиба барои соҳибкорон семинар – машварат баргузор мекунанд, ки дар он тамоми паҳлуҳои соҳаи соҳибкорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд.
Довари БОВАР,
ВМКБ