Вобаста ба ин, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе Саъдулло Алиматов гуфт, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ кормандони Раёсати андози шаҳр ҷиҳати тарғиби қонунгузории андоз ва бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги андозсупории андозсупорандагон дар марказҳои калони савдо, бозорҳо ва дигар ҷойҳои фаъолияти андозсупорандагон бо иштироки зиёда аз 1,5 ҳазор шаҳрвандон, соҳибкорон ва кормандони корхонаву ташкилотҳо 42 маротиба семинар - машварат гузаронидаанд.
- Зимни гузаронидани семинар-машварат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ, - мегӯяд С. Алиматов, - таваҷҷуҳи соҳибкоронро, асосан, ба масъалаҳои тағйиру иловаҳои ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда аз санаи 2 январи соли 2020, таҳти №1676, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд”, инчунин, шарҳу тавзеҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, пешниҳоди электронии эъломияҳо, истифодаи мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ ва дигар мавзӯъҳои марбут ба соҳаи андоз ҷалб намудем. Вақте ки муҳтавои ин санадҳоро ба онҳо фаҳмондем, онҳо аз чунин иқдоми хуби Ҳукумати мамлакат шод мегардиданд.Бо як шавқу завқи хоса суол додану посух гирифтани онҳо далели қаноатмандиашон буд.
Тавре номбурда зикр кард, дар моҳҳои апрел-июни соли ҷорӣ бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандону андозсупорандагон ва ҷаласаҳои корӣ бо кормандони мақомоти андоз дар реҷаи видеоконференсияҳо ва вебинарҳои электронӣ ташкил карда шуданд. Ин шакли хизматрасонии электронӣ бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсис додани ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр сохтани чорабиниҳои зиддиэпидемиявӣ оид ба пешгирии паҳншавӣ аз бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 26 марти соли 2020 ба роҳ монда шудааст.
Тибқи иттилои С. Алиматов зимни гузаронидани семинар- машварату вохӯриҳо, андозсупорандагон дар шароити пайдоиши бемории сироятии коронавирус ташкили чунин хизматрасонии электрониро айни муддао дониста, пешниҳод кардаанд, ки чунин шакли хизматрасонӣ аз ҷониби мақомоти андоз васеъ ба роҳ монда шавад.
Тоҳир ЧИЛАЕВ