Мутобиқ ба Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2020 нақшаи талаботи мошини назоратӣ- хазинавии дорои таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ барои андозсупорандагони вилояти Суғд барои нимсолаи якуми соли ҷорӣ 858 адад тасдиқ карда шудааст. Тавре сармутахассиси Раёсати андоз дар вилояти Суғд Наимҷон Комилзода мегӯяд, нақшаи талаботи андозсупорандагони вилоят бо МНХ дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2020, дар маҷмӯъ, таъмин гардида, 104,0 фоизро ташкил дод. Дар ин давра 892 нафар андозсупоранда бо МНХ таъмин шудаанд, ки аз нақшаи тасдиқшуда 34 адад зиёд мебошад. Нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи андозро нозиротҳои андоз дар шаҳру ноҳияҳои Исфара 181%, Гулистон 141,7%, Ҷаббор Расулов 122,9%, Бобоҷон Ғафуров 134,7%, Шаҳристон 133,3%, Мастчоҳ 113,3%, Зафаробод 104,2%, Ашт 105,6%, Деваштич 400,0% иҷро кардаанд. Аммо ин нишондиҳанда дар нозиротҳои андози дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба талабот ҷавобгӯ нест. Масалан, иҷрои нақшаи талабот ба МНХ дар шаҳри Истиқлол аз рӯи ҷамъбасти шашмоҳа ҳамагӣ 16,7%-ро ташкил додааст.
Тибқи муқаррароти моддаҳои 38-39 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода накардани МНХ дар фаъолияташон андозсупорандагон тибқи муқаррароти моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 250 то 300 нишондиҳанда, яъне аз 14 ҳазору 500 сомонӣ то 17 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима мешаванд. Инчунин, нисбат ба андозсупорандагоне, ки дар фаъолияти худ МНХ-ро насб кардаанду вале истифодаи дурусти онро тибқи нишондоди Кодекси андоз риоя намекунанд ва ба харидорон чиптаи МНХ намедиҳанд, аз 180 то 200 нишондиҳанда, яъне аз 10 ҳазору 440 сомонӣ то 11 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима татбиқ карда мешавад.
Сармутахассиси шуъбаи санҷиши андозҳои Раёсати андоз дар вилояти Суғд Азизбек Қутбиддинов таъкид дошт, ки бо мақсади таъмини риояи истифодаи дурусти МНХ аз ҷониби гурӯҳи санҷиши амалиётӣ ва назорати фаврӣ оид ба пешгирии қонуншикании андоз дар фаъолияти андозсупорандагон пайваста корҳои назоратӣ гузаронида мешаванд. Масалан, дар ин давра аз тарафи мутахассисони Раёсати андоз дар вилояти Суғд, дар маҷмӯъ, 453 адад хариди назоратӣ оид ба истифодаи дурусти МНХ гузаронида шудааст. Маблағи ҷаримаҳои татбиқшуда зиёда аз 1 миллиону 312 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки аз он 1 миллиону 161 ҳазор сомониаш ба буҷет пардохт гардидааст.
Тоҳирҷон ИСКАНДАРЗОДА,
вилояти Суғд