wrapper

Хабарҳо

     Имтиёзҳои андоз гуфта, ин сабукиҳоеро меноманд, ки мутобиқи Кодекси андоз ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшудаи Тоҷикистон ба андозсупорандагон дода мешаванд. Маъмултарин намудҳои имтиёзҳои андозӣ, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, додани имконияти пардохт накардан ё дар ҳаҷми камтар ё дар муҳлати нисбатан дертар супоридани андоз мебошанд.

     Вобаста ба саволи шаҳрвандон, ки супорандагони андоз аз даромад аз чӣ гуна имтиёзҳои андозӣ бархурдоранд, ба мутахассиси Сарраёсати маъмурикунонии андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Барфиев муроҷиат намудем. Мавсуф мавзӯъро чунин шарҳ дод:

     - Тибқи муқаррароти моддаи 104 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намудҳои зерини даромадҳои шахсони воқеӣ андоз аз даромад гирифта намешавад:

- даромад аз фаъолияти расмии дипломатӣ (консулӣ) ва фаъолияти ба он баробаркардашудаи шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нест, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- арзиши молу мулк дар шаклҳои аслӣ (натуралӣ) ё пулӣ, ки аз шахсони воқеӣ ҳамчун мерос ё туҳфа гирифта шудаанд, ба истиснои даромадҳое, ки аз ҳисоби ин молу мулк гирифта шудаанд, аз ҷумла маблағҳое, ки ба ворисони (ворисони ҳуқуқии) муаллифони асарҳои илмӣ, адабӣ, санъат, инчунин, барои кашшофӣ, ихтироъкорӣ ва намунаҳои саноатӣ пардохт мешаванд;

- арзиши туҳфаҳои аз шахсони ҳуқуқӣ гирифташуда, инчунин, ҷоизаҳои (бурдҳои) дар озмунҳо ва мусобиқаҳо гирифташуда, аз ҷумла дар шакли пулӣ, ки агар:

а) арзиши туҳфаҳои аз шахсони ҳуқуқӣ гирифташуда, ки аз 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд нест;

б) арзиши ҷоизаҳои (бурдҳои) дар намоишҳо ва мусобиқаҳои байналмилалӣ гирифташуда, ки аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд нест;

в) арзиши ҷоизаҳои (бурдҳои) дар озмунҳо ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ гирифташуда, ки аз 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд нест.

- нафақаҳои давлатӣ ва суғуртавӣ, стипендияҳои давлатӣ, ёрдампулиҳои давлатӣ ва ҷубронпулиҳои давлатӣ;

- алиментҳо аз шахсоне, ки онро мегиранд, маблағҳое, ки барои супоридани хун, шири модар ва дигар кӯмакҳои ба донорҳо додашаванда;

- пардохтҳои якдафъаина ва кӯмаки моддӣ аз ҳисоби буҷет, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дода мешаванд, маблағҳои аз ҷониби корфармо ба шахси воқеӣ - резидент пардохтшавандаи хароҷоти сафарҳои хизматӣ аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда, маблағи ҷуброни хароҷоти сафарҳои хиз­матии аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои онҳо, фондҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ - ғайрирезидент аз ҳисоби маблағҳои ин шахсони дар боло номбаршуда, инчунин, кӯмаки башардӯстона (гуманитарӣ) ва кӯмаки эҳсонкорӣ, аз ҷумла ҳангоми офатҳои табиӣ;

- афзоиши арзиш ҳангоми фурӯш ё дигар шакли бегона кардани:

а) биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқоматӣ, ки на кам аз 3 сол ҷойи зисти (истиқомати) асосии андозсупоранда то бегона кардан қарор дошта бошанд;

б) дигар объектҳои ғайриманқул (ба истиснои объектҳои ғайриманқули барои мақсадҳои соҳибкорӣ истифодашаванда), ки на кам аз 2 сол то санаи бегона кардан дар моликияти андозсупоранда қарор дошта бошанд.

- афзоиши арзиш аз фурӯш ё дигар шакли бегона кардани молу мулки манқул, ба истиснои:

а) молу мулке, ки аз ҷониби андозсупоранда барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешавад;

б) воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакҳо, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд ва на камтар аз як сол то санаи бегона кардан дар моликияти андозсупоранда қарор дошта бошанд;

в) фурӯхтан, додан, гузашт кардан ва дигар намуди бегонакунии саҳмияҳо ва ҳиссаҳои иштирок дар сармояи оинномавии корхонаҳо;

г) моликияти қиматноки таърихӣ (антиквариат).

- маблағи ҷоизаҳо в а мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- пардохтҳои суғуртавие, ки тибқи шартномаҳои дорои хусусиятҳои ҷамъшаванда ва баргардонидашаванда дар доираи маблағҳои аз ҷониби шахси воқеӣ ба ҳисоби чунин шартномаҳо пардохтшуда ва пардохтҳои суғуртавие, ки дар натиҷаи фавти шахси суғурташуда гирифта шудаанд;

- маблағҳои маош, подошпулиҳо ва дигар маблағҳои пардохтшуда вобаста ба адои хизмат (иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ) ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи системаи вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, мақомоти давлатии амнияти миллӣ, оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовар, Гвардияи миллӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бурдҳо аз вомбаргҳо и давлатӣ ва лотереяҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардааст, дар ҳаҷми на зиёда аз 50 сомонӣ ба як вомбарг ё лотерея;

- кӯмаки иҷтимоии суроғавӣ, ёрдампулӣ ва ҷубронпулиҳо, ба истиснои пардохтҳо вобаста ба музди меҳнат, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ тибқи ҳаҷм ва тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дода мешаванд;

- ҷуброни зарари ҷисмонӣ ё дигар намуди зарари ба саломатии корманд вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои меҳнатиаш ё хизматиаш расонидашуда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- арзиши либоси махсус ё либоси расмӣ ва пойафзор, воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва кӯмаки аввалияи тиббӣ, собун, воситаҳои безараркунанда, шир ё дигар маҳсулоти истеъмолии ба онҳо баробари барои истеъмоли табобатию профилактикӣ додашуда, тибқи меъёрҳо ва вобаста ба соҳаҳои фаъолият, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд;

- пардохтҳои суғуртавӣ тибқи шартномаҳои суғуртаи ҳатмии масъулияти корфармо (аз ҳисоби маблағҳои корфармо) барои расонидани (ҳангоми расонидани) зарар ба ҳаёт ва саломатии корманд ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ (хизматӣ);

- маблағи ҷуброни зарари моддӣ, ки бо қарори суд муқаррар карда шудааст;

- даромад аз фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ парвариш (истеҳсол) карда шудааст, бе коркарди саноатӣ ва содироти он;

- маблағи бонусҳо, кэшбек ва дигар механизмҳои ҳавасмандгардонӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба муштариён ҳангоми истифодабарии воситаҳои электронии пардохтӣ пешниҳод мегарданд

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF