wrapper

Хабарҳо

Ниҳоди мониторинги андоз, бешубҳа, тамо­юли мусбӣ дорад, зеро он ба мусоид намудани муносибатҳои байниҳамдигарии соҳибкорӣ ва давлат нигаронида шудааст. Маҳз принсипҳои эътимоднокӣ, шаффофият ва ҳамкорӣ асоси мониторинги андозро ташкил медиҳанд.

Аммо иқтидори пурраи мониторингро танҳо дар ми­соли бизнеси калон дидан мумкин аст. Ҳоло дар Россия 48 ширкат ба ниҳоди мониторинг пайваст шудаанд ва дар оянда, тавре дар хадамоти андоз гуфтаанд, ба реҷаи мазкур пайвастани боз 2500 корхона дар назар аст.

Дар воқеъ, дар бисёр ташкилотҳо хароҷот барои маъмурикунонии андоз то 10% коҳиш меёбад, корҳои бо қоғаз иҷрошаванда аз ин ҳам зиёдтар коҳиш меё­банд. Қайд намудан зарур аст, ки аксари иштирокчиёни мониторинги андоз ба он бештар аҳамият медиҳанд, ки хусусияти асосии мониторинги андоз мусоид сохтани хароҷот барои пардохти андозҳо набуда, балки коҳиш ёфтани вақт ҳангоми гузаронидани санҷишҳо мебошад.

Инчунин, ба он масъала таваҷҷуҳ намудан зарур аст, ки мақомоти андозро зарур аст дараҷаи иттилоотонии намояндагони бизнеси калонро дар бораи мониторинги андоз пурзӯр намоянд, яъне ба онҳо дар бораи шартҳои пайвастан ба реҷаи мониторинги андоз бештар маълу­мот диҳанд.

Тавре дар хабар омадааст, ҳоло зиёда аз 40 фоизи ташкилотҳое, ки имкони ба реҷаи мониторинги андоз пайваст шудан доранд, дар бораи он маълумоти кофӣ надоранд.

Манбаъ: https://www.vedomosti.ru

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF