Дар семинар муовини сардори Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе Амирзода Саидислом Бобохӯҷа, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе Абдуллозода Додхудо, мутахассисони шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва нозирони мутасаддии гурӯҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.
Муовини сардори Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе Саидислом Амирзода қайд намуд, ки талаботи моддаи 38 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи МНХ – ро муқаррар намуда, тибқи моддаҳои 50 ва 53 Кодекси андоз андозсупорандагон уҳдадоранд, ки ҳангоми пешниҳоди ҳисоботи андоз нишондиҳандаҳои МНХ – ро дар эъломияҳои андоз дуруст дарҷ намоянд.
Дар семинар – машвар ат соҳибкорони инфиродие даъват шуда буданд, ки фурӯш ва ё хизматрасонии худро ба таври нақдӣ анҷом дода, тавассути суратҳисоби бонкӣ амалиёт анҷом намедиҳанд. Бино бар ин, байни нишондоди МНХ–и онҳо ва маълумоти эъломияҳои андоз бояд фарқ дида нашавад, вале тибқи таҳлилҳои анҷомдодашуда даромади умумии ҳамаи ин соҳибкорон бо нишондоди МНХ тафовут дорад. Аз ҷумла:
ноҳияи Шоҳмансур:
Ному насаби соҳибкор |
Нишондоди МНХ |
Пешниҳоди эъломия |
Фарқият |
Олимҷонов А. |
359712 |
452100 |
92388 |
Раҷабова М. |
101290 |
135650 |
34360 |
Ҷураев Б. |
156792 |
158792 |
2001 |
Воҳидов Р. |
169510 |
155833 |
13677 |
Широв А. |
118006 |
183333 |
65327 |
Кучкалиев У. |
13152 |
73500 |
60348 |
Умарҷонов У. |
206362 |
340065 |
133703 |
ноҳияи Исмоили Сомонӣ:
Изатшоев Х. |
265621 |
383116 |
117495 |
Бердиева Г. |
15369 |
63466 |
48097 |
Раҷабов Ш. |
131075 |
218766 |
87691 |
Раҳимов К. |
258233 |
235633 |
22600 |
Фраймонов Н. |
271672 |
543250 |
271578 |
Бабиев Б. |
128426 |
218283 |
89857 |
Мунисаи А. |
190655 |
183850 |
6805 |
Тавре ки аз нишондиҳандаҳо маълум гардид, аз ҷониби иштирокдорони семинар – машварат талаботи моддаи 38 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намешавад.
Ба маълумоти иштирокунандагон расонида шуд, ки барои истифода ва риоя накардани тартиби истифодаи МНХ-и дорои ТИЭ ва баҳисобгирии хазина, мутобиқи моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз яксаду ҳаштод (9000 сомонӣ) то дусад (10000 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ гардидааст. Аммо мақомоти андоз қабл аз муҷозоти молиявӣ бо соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.
Гуфта шуд, ки вобаста ба масъалаи мазкур бо иштироки бевоситаи андозсупорандагон ё тавассути воситаи ахбори омма мунтазам семинар – машварату корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад, вале боз ҳам баъзе аз андозсупорандагон дидаю дониста ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд.
Дар рафти ҷаласа бо ҳар як соҳибкори инфиродие, ки даромади умумии дар эъломияҳои андоз пешниҳоднамудаашон дар 9 моҳи соли ҷорӣ фарқият нисбат ба нишондоди МНХ ҷой дорад, суҳбат доир гардид. Маълум шуд, ки андозсупорандагон ба нишондоди МНХ ва истифодаи он чандон аҳамияти ҷиддӣ намедоданд.
Бино бар ин, аз ҷониби мутахассисони Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ба андозсупорандагон фаҳмонида шуд, ки даромади умумие, ки дар рафти муоинаи хронометражӣ муайян шудааст, он ба ҳисоби миёна даромади як моҳи ҳисоботиро дар бар мегирад ва ин маънои онро надорад, ки нишондоди МНХ ба инобат гирифта нашавад ва ё даромади умумӣ дар давоми 12 моҳи тақвимӣ якхела нишон дода шавад, балки даромади умумӣ аз нишондоди муоинаи хронометражӣ кам пешниҳод нагардад.
Дар рафти ҷаласа даромаду хароҷот, шумораи коргарони кироя ва музди меҳнати пардохтшавандаи андозсупорандагон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷиҳати пешгирии қонунвайрон- куниҳои андоз ва татбиқ нагардидани муҷозоти молиявӣ аз соҳибкорони инфиродӣ талаб карда шуд, ки фарқияти нишондоди МНХ ва ҳисоботи андозро то ҷамъбасти семоҳаи чоруми соли ҷорӣ бартараф намоянд. Инчунин, ба нозирони масъул ҷиҳати назорати риояи қонунгузории андоз супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар охир, байни иштирокдорон ва кормандони мақомоти андоз мубодилаи афкор сурат гирифт.
М. ҶУМЪА
Последнее изменение Душанбе, 26 Ноябри 2018