wrapper

Хабарҳо

   Ба ҳолати 1 октябри соли 2018 дар миқёси вилояти Суғд 33790 нафар соҳибкори инфиродии бо патент фаъолияткунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 61,6 млн. сомонӣ андозҳо ворид гардидааст. Шумораи соҳибкорон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2050 нафар зиёд гардида, ҷамъоварии андозҳо ба андозаи 3 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст.

   Шумораи соҳибкорони бо патент фаъолияткунанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта аз тарафи Нозироти андоз дар шаҳри Истиқлол 6 адад ва маблағи пардохти андозҳо аз ҳисоби патент дар шаҳру ноҳияҳои Исфара ба маблағи 340,0 ҳазор сомонӣ, Конибодом 273,0 ҳазор сомонӣ, Истравшан 215,0 ҳазор сомонӣ ва Ашт 30,0 ҳазор сомонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам карда шудааст.

   Тибқи маълумоти барномаҳои компютерӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2018 маблағи бақияи қарзи патент, бо дарназардошти изофапулӣ, дар вилоят 4,2 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбати аввали сол ба маблағи 1,0 млн. сомонӣ кам мебошад. Таҳлили маълумот нишон дод, ки 15066 нафар соҳибкор ба маблағи 4,9 млн. сомонӣ изофапулӣ дошта, бақияи қарзи 8606 нафар соҳибкор ба 9,2 млн. сомонӣ баробар мебошад, инчунин маблағи изофапулӣ ба аввали сол мутаносибан 1,5 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст.

   Дар натиҷаи санҷишҳои амалиётии гузаронидаи кормандони Раёсати андоз, Нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо БДА вилояти Суғд моҳи сентябри соли ҷорӣ ба миқдори 311 адад шахси воқеии бо хизматрасонии нақлиётӣ машғулбуда, бо патент таъмин карда шуданд. Аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ ба маблаги 65,3 ҳазор сомонӣ андозҳо ворид шудааст. Инчунин, нисбати 63 нафар ронанда барои фаъолият бидуни бақайдгирии давлатӣ ба маблағи 94,5 ҳазор сомонӣ ҷораҳои маъмурӣ андешида шуданд.

   Ҳамзамон, дар натиҷаи санҷишҳои амалиётии гузаронидаи кормандони Раёсати андоз дар ҳудудҳои алоҳидаи шаҳри Хуҷанд дар соли 2018-ум 54 ҳолати бидуни бақайдгирӣ дар мақомоти андоз машғул гардидан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва зиёда аз 88 ҳолати бе шартномаи меҳнатӣ ба кор ҷалб шудани коргарони кироя ошкор ва пешгирӣ карда шудааст. Инчунин, дар 191 ҳолат мутобиқат накардани фаъолият бо патент тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012 таҳти №451 ошкор шуда, ба маблағи 129,0 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ шудааст.

   Воридшавии маблағи андозҳо аз тарафи соҳибкорони инфиродие, ки дар вилояти Суғд тибқи шаҳодатнома фаъолият мекунанд, ба ҳар як соҳибкор дар як моҳ ба ҳисоби миёна ба маблағи 816 сомонӣ рост меояд. Пардохти андозҳо ба ҳисоби миёна нисбати як соҳибкор дар шаҳри Истиқлол ба маблағи 13 сомонӣ ва Ҷ. Расулов 139 сомонӣ кам карда шудааст. Ҳамзамон, шумораи соҳибкорони бо шаҳодатнома фаъолияткунанда дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан 25 адад, Бӯстон 16 адад, Айнӣ 16 адад ва Истиқлол 1 адад нисбати хамин давраи соли гузашта кам шудааст.

   Инчунин, воридоти маблағҳо аз ҳисоби соҳибкорон дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол 8,8 ҳазор сомонӣ ва Ҷ. Расулов ба маблағи 540,0 ҳазор сомонӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст. Аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар ноҳияҳои Ашт 469,7 ҳазор сомонӣ ва Айнӣ 44,7 ҳазор сомонӣ маблағи андозҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам ҷамъоварӣ шудааст.

  Дар самти ба қайдгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд илова намуд, ки мутобиқи маълумоти Кумитаи заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санаи 1 январи соли 2018 дар миқёси вилоят 66668 адад хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ташкил шуда, аз ин шумора 58568 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шуда, шумораи хоҷагиҳои деҳқонии беқайд 8100 ададро ташкил медод. Ба санаи 01.10.2018 шумораи хоҷагиҳои деҳқонии бақайдгирифташуда 61059 ададро ташкил медиҳад. Яъне дар 9 моҳи соли 2018 ба миқдори 2491 адад хоҷагиҳои деҳконӣ ба қайд гирифта шуда, ба миқдори 5609 адад хоҷагии деҳқонии бе қайди мақомоти андоз фаъолияткунанда боқӣ мондааст.

   Фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо нишон дод, ки маълумоти Кумитаи заминсозӣ оид ба шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дуруст набудааст. Масалан, дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба номи як хоҷагии деҳқонӣ якчанд маротиба замин ҷудо шуда, ҳар навбат таъсиси хоҷагии нав қайд гардидааст, ба номи шахсони фавтида хоҷагии деҳқонӣ навиштаанд ё ин ки дар ҳисоботи солонаи худ шумораи хоҷагиҳои деҳқониро неву шумораи сертификатҳои навишташударо ҳисобот дода, хоҷагиҳои деҳқонии фаъолияташон қатъшуда аз ҳисоб бароварда нашудааст. Аз ин рӯ, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ иҷро гардидани Фармоиши Раиси Кумитаи андоз аз 21.07.2016, №265 «Оиди бақайдгирии хоҷагии деҳқонӣ» нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳои вилоятро лозим аст, ки бо мақсади пурра ба қайди давлатӣ гирифтани хоҷагиҳои деҳқонӣ аз Кумитаи идораи замини ноҳия (шаҳр), шумораи субъектҳое, ки сертификати ҳуқуқи истифодаи замин гирифтаанд, дастрас намуда, ҷиҳати ба қайди давлатӣ гирифтани онҳо чораҷӯӣ намоянд.

   Ҳамзамон, гурӯҳҳои хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродиро зарур аст, ки динамикаи маблағҳои ҳисобшудаи андозҳоро мавриди таҳлил қарор дода, барои афзоиши маблағҳои ҳисобшудаи андозҳо, кам намудани бақияпулиҳо ва дар ҳисобот бо пуррагӣ нишон додани шумораи кормандон, инчунин музди меҳнати воқеан пардохтшуда тадбирҳо андешанд.

Тоҳирҷон ИСКАНДАРЗОДА,

вилояти Суғд

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF