wrapper

Хабарҳо

     Мутобиқи маълумоти Раёсати андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давоми бештар аз шаш моҳи соли равон 2100 соҳибкори инфиродии бо патент фаъолияткунанда ба андозбандӣ ҷалб шуданд ва аз ин ҳисоб ба буҷет 1202,0 ҳазор сомонӣ ворид гардид.

     Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 262 нафар андозсупоранда дар асоси патент ба фаъолияти соҳибкорӣ оғоз намуда, худро дар нозироти андоз сабти ном карданд. Воридоти андозҳо аз ҳисоби патент, дар маҷмӯъ, дар вилоят танҳо 64,9 фоиз таъмин шудааст.

     Дар асоси шаҳодатномаи соҳибкории инфиродӣ бе дарназардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ 1108 соҳибкор ба андозбандӣ ҷалб шуда, ба буҷет аз ҳисоби онҳо зиёда аз 1500 ҳазор сомонӣ андозҳо ворид гардидааст.

     Дар ин давра, шумораи хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ба 625 адад расида, аз ин ҳисоб 209,7 ҳазор сомонӣ маблағи андозҳо ба буҷет ворид гардидааст. Танҳо дар шаш моҳи соли равон боз 69 хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шуданд.

     Риояи муқаррароти Кодекси андоз дар қисмати корҳои назоратӣ ва дар ин замина, пешгирӣ кардани ҳолатҳои қонунвайронкуниҳои соҳаи андоз яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти андоз ба ҳисоб меравад. Дар нимсолаи аввали соли равон аз тарафи кормандони нозиротҳои андоз дар фаъолияти 288 нуқтаи савдою хизматрасонӣ санҷишҳои амалиётӣ гузаронида шудааст. Дар натиҷа, 32 ҳолати бе қайд дар мақомоти андоз машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ошкор гардида, нисбати онҳо 57,5 ҳазор сомонӣ андозҳои иловагӣ ҳисоб карда шудаанд. Нисбат ба 15 нафар қонунвайронкунанда ба маблағи 20,1 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ таъин гардиданд. Дар ин давра дар фаъолияти 31 андозсупоранда муоинаи хронометражӣ гузаронида шуда, дар натиҷа, ба маблағи 219,9 ҳазор сомонӣ андозҳои барилова ҳисобгардида ба буҷет ворид карда шуданд.

     Яке аз самтҳои фаъолияти мақомоти андоз ба роҳ мондани азнавбаҳисобгирии молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. То ҳанӯз фаъолияти баъзе аз нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ин самт суст ба назар мерасад. Дар шаш моҳи соли равон аз тарафи нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳои вилоят 288 объекти ғайриманқули шахсони воқеӣ ва 41 адад объекти ғайриманқули шахсони ҳуқуқӣ мавриди азнавбаҳисобгирӣ қарор гирифтанд ва аз ҳисоби онҳо 145,3 ҳазор сомонӣ маблағҳои иловагии андозҳо аз молу мулки ғайриманқул ҳисоб ва 113,2 ҳазор сомонии он ба буҷет ворид гардидааст. Аммо раванди баҳисобгирии молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар нозиротҳои андоз дар шаҳри Хоруғ, Ванҷ, Роштқалъа ва Ишкошим пурра ба роҳ монда нашудааст. Дар нозиротҳои андоз дар ноҳияҳои Дарвоз, Рушон ва Шуғнон ин маърака нисбатан беҳтар ба роҳ монда шудааст. Инчунин, ворид намудани шумора ва масоҳати объектҳои молу мулки ғайриманқул низ дар ҳудуди вилоят аз тарафи нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 50,1 фоиз иҷро шудааст. Нишондиҳандаи пасттарин дар ин самт ба Нозироти андоз дар шаҳри Хоруғ, ки 57,4 фоизро ташкил медиҳад, рост меояд.

     Дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи кормандони мақомоти андози вилоят, вобаста ба ин, ба ҳама масъулони нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таври қатъӣ дастур дода шуд, ки дар давраҳои минбаъда ба раванди маъракаи азнавбаҳисобгирӣ нуқта гузоранд.

Довари БОВАР

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF