wrapper

Хабарҳо

Боҷу Хироҷ

Боҷу Хироҷ

АНДОЗСУПОРАНДАИ БЕМАСЪУЛИЯТ

Имрӯзҳо ба унвонии идораи рӯзномаи “Боҷу хироҷ ва Шуъбаи иттилоотии Кумитаи андоз (Маркази тамос) бо истифодаи рақами содакардашудаи телефонии 151 аз ҷониби андозсупорандаҳо ва шаҳрвандон муроҷиатҳои зиёд ворид мешаванд. Онҳо оид ба масъалаҳои марбут ба андозу андозбандӣ ва соҳибкорӣ пурсон шуда, хоҳиш мекунанд, ки барояшон ҷавобҳои мушаххас диҳем. Аз ҷумла, чанд нафар хоҳиш кардаанд, ки дар бораи андозсупорандагони бемасъулият маълумоти муфассал диҳем.

Ба хотири рӯшанӣ андохтан ба ин масъала, бо сармутахассиси Сарраёсати баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмуддин Раҷабов суҳбате доир намудем, ки онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Муфассал ...

Вусъат бахшидани мониторинги андоз ба соҳибкорӣ чӣ манфиат меорад?

Ниҳоди мониторинги андоз, бешубҳа, тамо­юли мусбӣ дорад, зеро он ба мусоид намудани муносибатҳои байниҳамдигарии соҳибкорӣ ва давлат нигаронида шудааст. Маҳз принсипҳои эътимоднокӣ, шаффофият ва ҳамкорӣ асоси мониторинги андозро ташкил медиҳанд.

Муфассал ...

ШУКРОНАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Мардуми тоҷик дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти хеш бори дигар собит намуд, ки миллати сарҷамъу соҳибтамаддун аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ чунин зикр намудаанд: «Гузашти вақт беш аз пеш собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа, рушди озодона ва сарбаландии ҳар як фарди он маҳз ба истиқлолияту озодӣ ҳамчун кафолати асосии бақои миллатҳо вобастагии мустақим дорад. Ҳамин дастоварди бузург дар тӯли таърихи башарият имкон фароҳам овардааст, ки мардумони ҷаҳон соҳиби ҳаққи табииву таърихии худ бошанд».

Муфассал ...

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF